Сотсиологияи моликият яке аз самтҳои илмӣ мебошад, ки ба «пропетилогия» - илми серсоҳа дар бораи моликият дохил мешавад. Ба сифати субъекти сотсиологияи моликият маҷмўи ҳамаи сотсиологҳо баромад мекунанд; объекти сотсиологияи моликият ниҳоди (институти) иҷтимоии моликият ба шумор меравад. Сотсиологияи моликият моликиятро дар ду сатҳ: эмпирикӣ (амалӣ) ва назарӣ меомўзад. Сатҳи назарии тадқиқоти сотсиологии моликият мумкин аст дар се шакл гузаронида шавад: 1) тадқиқи моликият дар шакли микроназария; 2) тадқиқи моликият дар шакли назарияи «сатҳи миёна»; 3) тадқиқи моликият дар шакли назарияи «сатҳи олӣ». Назарияи сотсиологии «сатҳи олӣ»-и моликият бояд тавассути тадқиқот ва тавсияҳои худ дар рафъи бегонашавии инсон аз моликият ёрӣ расонад.
сотсиология, моликият, сотсиологияи моликият, микроназарияи моликият, назарияи «сатҳи миёна», назарияи «сатҳи олӣ»
1. Бурдье П. Структуры. Habitus. Практики // Современная социальная теория: Бурдье, Гидденс, Хабермас. - Новосибирск, 1995. – 119 с.
2. Мертон Р. Социальная теория и социальная структура. - М.: АСТ «Хранитель», 2006. – 880 с.
3. Орехов А.М. Социальные науки как предмет философского и социологического дискурса, М.: ИНФРА-М. 2014. -170 с.
4. Орехов А.М., Скачко М.В. Философия собственности как первая предпосылка пропетологии // Вестник РУДН (Серия «Философия»). 2015. № 1. – С.
163-175.
5. Ядов В.А. Стратегия социологического исследования: Описание, объяснение, понимание социальной реальности. - М.: Добросвет, 2001. – 567 с.