Маҷаллаи «Ахбори ДДҲ БСТ, силсилаи  илмҳои гуманитарӣ» аз соли 2000 чоп мешавад. То моҳи январи соли 2015 дар маҷалла мақолаҳо таҳти бахшҳои «Ҳ уқуқшиносӣ», «Иқтисодиёт», «Сиёсатшиносӣ ва сотсиология», «Илмҳои ҷомеашиносӣ ва фалсафа», «Филология», «Усули тадрис», «Тақриз ва китобиёт» чоп мешуданд. Аз моҳи январи соли 2015 мувофиқи замимаи №1-и фармони ВМИ ФР №793 аз 25 июли соли 2014 маҷалла ба ду қисм: силсилаи илмҳои ҷомеашиносӣ ва силсилаи илмҳои гуманитарӣ тақсим шуд.

Барои тадқиқоти гуманитарии сатҳи ҷаҳонии  муосир махсусан ду нукта муҳим аст: 1) характери амалии тадқиқот; 2) муносибати байнифаннӣ дар интихоби мавзўъ, усул ва услубҳои тадқиқот. Дар соҳаҳои илмҳои гуманитарӣ махсусан донишҳои илмие дорои аҳамият мебошанд, ки бо ёрии онҳо ҳаёти иҷтимоии одамони мушаххас, касабаҳои мушаххас, гурўҳҳои фарҳангии мушаххас, этносҳо, мазҳабҳоро беҳтар кардан мумкин бошад. Инкишофи мутавозини ҷамъият  низ мустақиман аз ташкилаи гуманитарӣ, новобаста аз он, ки ба кадом соҳаи ҳаёти ҷамъиятӣ мутааллиқ аст, иртибот дорад. Донишу  маърифати гуманитарӣ махсусан дар  ташаккули шахсияти ҷавонон, тавсиаи ҷаҳоншинохти онҳо, баланд бардоштани сатҳи умумии фарҳанг ва  шаклгирии  мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ аҳамият доранд.

Самтҳои  асосии фаъолияти маҷаллаи «Ахбори ДДҲБСТ, силсилаи  илмҳои гуманитарӣ» инъикоси тадқиқоти нави илмӣ дар соҳаи  таърих ва археология, фалсафа, адабиётшиносӣ ва забоншиносӣ мебошад. Дар назди ҳайъати  таҳрир ва шўрои таҳрири  маҷалла вазифаи зерин истодааст: нигоҳ  доштани сатҳи баланди илмии маводи мавриди чоп, ки масоили муҳимтарини мамлакати мо ва ҷаҳони муосирро инъикос мекунанд, дорои ғояҳои эҷодӣ мебошанд, ба рушди илму маърифат хизмат менамоянд. Нашрияҳои маҷалла нақши рўзафзуни илмҳои гуманитариро дар тайёр кардани мутахассисони  баландихтисос инъикос менамояд.

Ҳайъати таҳрири  маҷалла мақсад дорад мақолаҳои илмиеро чоп кунад, ки ба ҳалли масоили амалии гуманитарӣ мусоидат менамоянд ва олимон дар ҳаллу фасли онҳо ба усулу услубҳои илмии  навтарин муроҷиат  мекунанд. Илми гуманитарӣ дар раванди таълим, эҷодиёти илмӣ, ҳамчунин таҷдиди Тоҷикистони муосир нақши бағоят муҳим дорад. 

Барои насли наврас донистани аслу решаи худ, таърихи  ҷаҳонию ватанӣ хеле муҳим аст. Бино бар ин дар маҷалла натиҷаҳ ои тадқиқоти илмии аслӣ ва мақолоти обзорӣ  оид ба масоили муҳимтарини таърихи ватан, археология, этнография, манбаъшиносӣ, таърихнигорӣ чоп мешавад. Дар саҳифаҳои маҷалла ҳамчунин ҳуҷҷатҳои бойгоние, ки қаблан ба гардиши илмӣ ворид нашуда буданд, манзури хонандагон мешаванд.

Дар соҳаи фалсафа мақолаҳои мутахассисони ватанию хориҷӣ бахшида ба таърихи фалсафа, фалсафаи илм, фарҳангшиносӣ, диншиносӣ, фалсафаи ҳ уқуқ, этика, дигар  соҳаҳои улуми фалсафӣ нашр мешаванд.

Дар соҳаи филология мақолаҳои забоншиносие чоп мешаванд, ки аз вижагиҳ ои ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ, таърихӣ, этнографию этнологӣ, дипломатӣ бархур­доранд. Дар  онҳо асосан чунин масоили забоншиносӣ, аз кабили хусусиятҳои  лексикию семантикӣ, сохторию семантикӣ, морфологӣ, синтаксисӣ, муқоисавию типологӣ, этимологӣ ва дигар вижагиҳои забонҳои гуногун, аз ҷумла  гурўҳи забонҳои форсӣ, романию германӣ ва славянӣ, ҳамчунин таъсири мутақобилаи забонҳои тоҷикии форсӣ ва арабӣ дар сатҳҳои мухталиф  инъикос меёбанд.

 

Маҷалла ба «Феҳристи маҷаллаҳо ва нашрияҳои илмии тақризшавандае дохил мешавад, ки Федератсияи  Русия мебарорад ва дар онҳо бояд натиҷаҳои асосии  диссертатсияҳо барои дарёфти унвони илмии  доктори илм нашр шаванд» (Феҳристи ВАК).