Маҷаллаи «Ахбори ДДҲБСТ. Силсилаи илмҳои гуманитарӣ» аз соли 2000 чоп мешавад. То соли 2015 дар маҷалла мақолаҳо таҳти рубрикаҳои «ҳуқуқшиносӣ», «иқтисодиёт», «сиёсатшиносӣ ва сотсиология», «улуми ҷомеашиносӣ ва фалсафа», «филология», «усули таълим», «тақриз ва китобиёт» нашр мегардиданд. Аз моҳи январи соли 2015 тибқи талаботи Вазорати маориф ва илми ФР №793 аз 25 июли соли 2014 маҷалла ба ду силсила – силсилаи улуми ҷомеашиносӣ ва силсилаи улуми гуманитарӣ тақсим шуд.
Барои тадкиқоти гуманитарии муосири сатҳи ҷаҳонӣ ду нукта аҳаммияти вижа дорад:
1. Характери амалии тадқиқот
2. Муносибати байни фаннӣ дар интихоби мавзуъ ва усули тадқиқ.
Дар олами улуми гуманитарӣ донишҳои илмие беш аз ҳама матлуб мебошанд, ки бо ёрии онҳо беҳтар намудани ҳаёти иҷтимоии одамони мушаххас, қарияҳои мушаххас, гурӯҳҳои фарҳангии мушаххас, этносу мазҳабҳо имконпазир аст. Рушди мутаносиби ҷамъият новобаста аз он ки ба кадом соҳаи ҳаёт тааллуқ дорад, ҳамчунин ба ташкилаи гуманитарӣ марбут мебошад. Донишу маърифати гуманитарӣ махсусан дар ташаккули шахсияти ҷавонон, васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо, баланд бардоштани сатҳи умумии фарҳанг ва шаклгирии мавқеи фаъолонаи шаҳрвандӣ аҳаммияти хоса дорад.
Самтҳои умдаи нашрияи «Ахбори ДДЊБСТ. Силсилаи илмҳои гуманитарӣ» инъикоси таҳқиқоти нави илмиро дар соҳаҳои таъриху бостоншиносӣ ва адабиётшиносию забоншиносӣ дар бар мегирад. Дар назди ҳайъати таҳрир ва шурои таҳрири маҷалла вазифаи муҳимми зерин меистад: нигоҳ доштани сатҳи баланди илмии маводди нашршаванда, ки дар онҳо масоили доғи мамлакати мо ва олами муосир инъикос ёбанд ва шомили ғояҳои эҷодие бошанд, ки ба рушди илму маърифат мусоидат мекунанд. Дар нашрияҳои маҷалла нақши рўзафзуни улуми гуманитарӣ дар таҳияи мутахассисони баландихтисос инъикос меёбад.
Мақсади ҳайъати таҳрири маҷалла нашри мақолаҳои илмие мебошад, ки ба ҳалли масоили амалии гуманитарӣ нигаронида шудаанд ва олимон онҳоро бо ёрии усулҳои муосири илмӣ ҳаллу фасл менамоянд. Дар раванди таълим, эҷодиёти илмӣ, ҳамчунин таҷдиди Тоҷикистони муосир, донишҳои гуманитарӣ нақши фавқулода калон мебозанд.
Барои насли наврас донистани асли худ, таърихи ватану ҷаҳон дорои аҳаммияти бузург аст. Бинобар ин, дар маҷалла натиҷаҳои таҳқиқоти илмии аслӣ ва мақолаҳои обзорӣ аз рўи масоили аз ҳама муҳимтарини таърихи ватан, бостоншиносӣ, этнография, манбаъшиносӣ, таърихнигорӣ нашр мегарданд, ҳамчунин чопи ҳуҷҷатҳои бойгонии қаблан ба муомилоти илмӣ вориднагардида ба субут мерасад.
Дар соҳаи филология мақолаҳои забоншиносие ба нашр мерасанд, ки вижагиҳои ҳуқуқшиносӣ, иқтисодшиносӣ, таърихшиносӣ, этнографияю этнологӣ ва дипломатӣ доранд. Дар онҳо масъалаҳои мухталифи забоншиносӣ, аз қабили вижагиҳои лексикию семантикӣ, сохторию семантикӣ, сарфӣ, наҳвӣ, муқоисавию типологӣ, решашиносӣ ва дигар хусусиятҳои забонҳои мухталиф, аз ҷумла гурӯҳи забонҳои форсӣ, романиву германӣ ва славянӣ, ҳамчунин таъсири мутақобилаи Аҷаму Араб дар сатҳҳои гуногуни забонӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Маҷалла ба феҳристи маҷаллаю нашрияҳои илмии пешбарандаи тақризшавандаи Федератсияи Русия дохил мешавад, ки дар онҳо бояд натиҷаҳои асосии диссертатсияҳо барои дарёфти унвони илмии номзади илмҳо ва доктори илмҳо нашр гардад.