Мақола ба омўзиши қиссаҳои лирикии солҳои 60-80-уми нависанда Болта Ортиқов бахшида шудааст. Дар баробари мавзўю масъалаҳои осори лирикии нависанда, аз қабили мазмун ва сужа, офариниши шахсияти қаҳрамон, моҳияти ҳастии қаҳрамони асар, инчунин ба ҳунари нигорандагӣ, забон ва услуби қиссаҳои лирикӣ, тасвири зиндаи табиату муҳити атроф ва хусусиятҳои бадеии онҳо низ эътибор дода шудааст. Муҳаққиқ дар натиҷаи таҳлили қиссаҳои Б.Ортиқов ба чунин хулоса меояд, ки нависан¬да дар масъалаи эҷоди характерҳои гуногуни инсонӣ назар ба давраҳои гузашта бештар комёб шуда, ҷанбаи равонии асарҳояшро пурзўр намудааст. Муҳаққиқ беҳтарин анъанаҳои ин навъи насрро дар адабиёти муосири тоҷик мавриди назар қарор дода, ҷойгоҳи қонунии онро дар эҷодиёти нависандаи мазкур муайян менамоядМақола ба омўзиши қиссаҳои лирикии солҳои 60-80-уми нависанда Болта Ортиқов бахшида шудааст. Дар баробари мавзўю масъалаҳои осори лирикии нависанда, аз қабили мазмун ва сужа, офариниши шахсияти қаҳрамон, моҳияти ҳастии қаҳрамони асар, инчунин ба ҳунари нигорандагӣ, забон ва услуби қиссаҳои лирикӣ, тасвири зиндаи табиату муҳити атроф ва хусусиятҳои бадеии онҳо низ эътибор дода шудааст. Муҳаққиқ дар натиҷаи таҳлили қиссаҳои Б.Ортиқов ба чунин хулоса меояд, ки нависан¬да дар масъалаи эҷоди характерҳои гуногуни инсонӣ назар ба давраҳои гузашта бештар комёб шуда, ҷанбаи равонии асарҳояшро пурзўр намудааст. Муҳаққиқ беҳтарин анъанаҳои ин навъи насрро дар адабиёти муосири тоҷик мавриди назар қарор дода, ҷойгоҳи қонунии онро дар эҷодиёти нависандаи мазкур муайян менамояд.
адабиёти муосири тоҷик, эҷодиёти Болта Ортиқов, қиссаилирикӣ, қаҳрамонилирикӣ, ҳолатирўҳӣ, монологиботинӣ, хислат
1. Айтматов Ч. Точка присоединения //Вопросы литературы.- 1976.- №8.
2. Брагинский И.С. От Авесты до Айни: (Исследование по истории таджикской литературы). –Душанбе: Ирфон, 1981.- 256 с.
3. Макаров А. Қайдҳои ман //Садои Шарқ.- 1966.- №5.- 137 с.
4. Ортиқов Б. Повест ва ҳикояҳо. -Душанбе: Маориф, 1984. – 399 с.
5. Ортиқов Б. Достони Самарқанд. -Душанбе: Адиб, 1991. -320 с.
6. Ортиқов Б. Доғи хун. -Душанбе: Маориф, 1982.- 110 с.
7. Содиқов А. Ганҷинаи ахлоқ.- Душанбе: Ирфон, 1984.- 95 с.
8. Сайфуллоев А. Ҳаким Карим. Хуҷанд: Хуросон, 2005. – 342с.
9. Табаров С. Оид ба тамоюли ҷустуҷўҳои услубию бадеӣ дар насри муосири тоҷик.// Ҷустуҷўҳои эҷодӣ дар адабиёти ҳозираи тоҷик. Қ.1.Душанбе: Дониш, 1980.- 167 с.
10. Турсунов А. Сухан аз таҳаввули қаҳрамони адабӣ //Садои Шарқ.- 1982.- №11. – 184 с.
11. Ҳазратқулов М. Cубъект. Энциклопедияи советии тоҷик. Ҷ.7. –Душанбе: 1987. – 634 с.