0.0/5 овоз (0 овозҳо)

Амир Хусрави Деҳлавӣ ва ибдооти санъатҳои нави бадеӣ

Муаллиф (он)

Юсуфов Умриддин

Чакидаи мақола

Муаллиф кӯшиш ба  харҷ додааст, ки дар хусуси он санъатҳои нави бадеъӣ, ки аз ҷониби Амир Хусрави Деҳлавӣ ихтироъ шудааст, баҳс намояд. Амир Хусрави Деҳлавӣ аз шоирони маъруфи садаи XIII адабиёти форсии тоҷикӣ буда, аз худ ме-роси гаронбаҳои адабӣ боқӣ гузоштааст. Ӯ дар навъҳои гуногуни адабӣ табъозмоӣ намудааст. «Рисоил-ал-эъҷоз», ки бо номи «Эъҷози Хусравӣ» низ машҳур аст, аз муқаддима, панҷ рисола ва хотима иборат аст. Ин панҷ рисола 33 боб ва 190 фаслро дарбар гирифта, муаллиф ҳар бобро «хат» ва ҳар фаслро «ҳарф» номида-аст. Муаллиф санъатҳои бадеиро аз рӯи моҳияташон ба ду навъ: кӯҳна ва нав (қадим ва ҷадид) тақсим кардааст. Санъатҳои қадиме, ки ӯ дар рисолааш оварда-аст, айнан аз рисолаҳои пешини бадеъи порсии тоҷикӣ нақл нашуда, баръакс дар онҳо тасарруфи (ислоҳот)-и муаллиф ба назар мерасад, яъне муаллиф онҳоро такмил дода, унсурҳои нави бадеъи порсии тоҷикро дохил намудааст. Дар ба-робари ин, Амир Хусрав дар ин рисола 27 санъати нави бадеӣ сохтааст. Санъатҳои «дурӯ», «қалб-ал-лисонайн», «васфу-л-ҳарфайн», «арбаъ-ал-аҳраф», «тарҷумат- ал-лафз» аз ҷумлаи санъатҳои ихтироъкардаи муаллифи «Эъҷози Хусравӣ» мебошад. Вале, мутаассифона, ин санъатҳо ғолибан ба рисолаҳои бадеи порсии тоҷикӣ ворид нашудаанд ва шоирон ба онҳо таваҷҷуҳ зоҳир накардаанд.

Калидвожаҳо

АмирХусрав, Рисоил-ал-эъҷоз, ЭъҷозиХусравӣ, дурӯ, қалб-ал-лисонайн, васфу-л-ҳарфайн, арбаъ-ал-аҳраф, тарҷумат- ал-лафз, иттисол-ал-ҳуруф, ибдоотисанъатҳоинавибадеъӣ

Пайнавишт

1.                  Аҳсануззафар Сайид // Баррасии интиқодии “Эъҷози Хусравӣ” (ҷилди севум). Маҷаллаи Қанди порсӣ. Сс.108-114. – с. 108.

2.                  Балгиромӣ, Мирғуломалӣ Озод. Ғизолони Ҳинд (Мутолааи татбиқии балоғати ҳунарӣ ва форсӣ ба инзимоми фасле дар заншиносӣ). ТасҳеҳиСирусиШамисо. –Теҳрон:Садои муосир, 1382. – 176 с.

3.                   Деҳлавӣ, Амир Хусрав. Расоилу-л-эъҷоз / Эъҷози Хусравӣ. Матни илмӣ-интиқодӣ. Таҳияиматнбомуқаддима, тасҳеҳ, тавзеҳот, таълиқотбакӯшишиМ. Нарзиқул. –Душанбе:Дониш, 2013. -470 с.

4.                   Кошифӣ, Камал ад-дин Хусайн Ваиз. Бадоеъ ал-афкор фӣ саноеъ ал-ашъор (Новые мысли о поэтическом искусстве). Издание текста, предсловие, примечания и указатели Р. Мусульманкулова. –М.:Наука, 1977. -221+11 с.

5.                  Нарзиқул Мисбоҳиддин. “Эъҷози Хусравӣ” ва мақоми он дар таърихи афкори адабии форсии тоҷикӣ. –Душанбе:Сино, 2009. -176 с.

6.                   Нарзикул Мисбоҳиддин. Трактат Амир Хусрава Дихлави “Эъджази Хусрави” (“Чудо Хусрава”) и традиции эпистолярного жанра в истории персидско-таджикской литературы (X-XIV вв.). –Душанбе: Ирфон, 2014. -308 с.

7.                   Сатторзода А. Такмилаи бадеъи форсии тоҷикӣ (дар заминаи навиштаҳои пешиниён ва имрӯзиён). –Душанбе:Адиб, 2011. - 330 с.

8.                   Тагирджанов А. Т. Амир Хусрав Дихлави. //Вестник Ленинградского университета, №2, вып.4. –Л., 1975.

9.                  Тасбеҳӣ Муҳаммадҳусайн. Саноеъи лафзии Амир Хусрав. // Армуғон. Шумораи 4 ва 5. 1356. –сс.280-283.

10.               Шарифов. Назарияи наср дар адаби форсии асрҳои 4-9 ҳиҷрӣ. –Душанбе: Пайванд. 2004, - 319 с.

 Шиблӣ, Нуъмонӣ. Шеъру-л-Аҷам. Ҷилди аввал ва дувум. –Душанбе:ДДОТ, 2016. -544 с.

Таърихи нашр

Четверг, 14 Ноябрь 2019