Мавқеи калимаҳои иқтибосӣ ва тарзи истифодаи онҳо дар ашъори яке аз шоирони номии муосир – Суруш мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Зикр шудааст, ки калимаҳои иқтибосии арабии ашъори мавриди таҳлил мавқеъҳои гуногуни истеъмолӣ доранд: қисме аз онҳо ҳамранги вожаҳои тоҷикӣ гардида, вандҳои тоҷикӣ қабул кардаанд ва вазифаҳои муайяни маъноиву услубиро адо мекунанд. Таъкид гардидааст, ки бештарини вожаҳои арабии ашъори Сурушро калимаҳое ташкил медиҳанд, ки хоси забони гуфтугӯианд. Дар ашъори суханвар вожаҳои иқтибосии ифодакунандаи мафҳумҳои динӣ ташкил додаанд. Иқтибосоти мазкур ба тарзи талаффуз ва меъёрҳои сарфию наҳвии забони тоҷикӣ мувофиқ шуда, мисли воҳидҳои муқаррарии забон дар калимасозию калимабандӣ фаъолона корбаст гардидаанд. Калимаҳои мураккаби бо иштироки вожаҳои арабиву тоҷикӣ ташкилёфта аз ҷиҳати сохт ба гурӯҳҳои алоҳида тасниф шудаанд. Муаллиф ба хулоса расидааст, ки теъдоди зиёди вожаҳои иқтибосии ашъори Сурушро калимаҳои арабӣ ташкил додаанд. Ин гурӯҳи вожагон ба вуҷуди ба тағйироти зиёди забонӣ дучор шуданашон бо як қатор хусусиятҳо савтӣ, сарфӣ ва маъноиашон фарқ мекунанд.
услубиназм, вомвожаваанвоион, ашъориСуруш, вандҳо, мавқеикалимаҳоииқтибосӣдартаркибиашъоришоир
1. Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик.–Душанбе: Дониш, 1985. –ҷилди 1.- 356 с.
2. Забони адабии ҳозираи тоҷик. Қисми 1.-Душанбе: Ирфон, 1973.–450 с.
3. Маҷидов Ҳ. Забони адабии муосири тоҷик. Ҷ.1.- Луғатшиносӣ.- Душанбе: Деваштич, 2007.- 255 с.
4. Суруш. Ҷазираи танҳоӣ.- Душанбе: Адиб, 2009, 264 с.
5. Тоҳирова Қ. Лексикаи забони адабии тоҷик (материалҳо). - Душанбе: Дониш, 1967- 78 с.
6. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз ду қисм). – Душанбе, 2008.
7. Ҳасанзода А. Як фатвои Имом Абӯҳанифа ва сесаду панҷоҳ муродифи вожаи Худо // Асолати забон ва маҳоратибаён. – Хуҷанд: Ношир, 2018. –516 с.
8. Ҳоҷиев С. Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри ХХ. - Душанбе: Дониш, 1987. – 166 с.
9. Ҷумъаев М.О. Дар бораи сабабу омилҳои ворид гардидани иқтибосоти арабӣ ба забони тоҷикӣ. Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Бахши илмҳои филологӣ, 2018, №6. –Душанбе, 2018. - 37 – 44 с.
10. Шарофов Н. Калимаҳои русию интернатсионалӣ дар забони адабии тоҷик.-Душанбе: Дониш, 1972. - 172 с.
Шукуров М. Забони мо – ҳастии мост. – Душанбе: Маориф, 1991.- 232 с.