0.0/5 овоз (0 овозҳо)

Муродифоти фразеологӣ дар асарҳои Баҳманёр

Муаллиф (он)

Юсупова Малоҳат Дадоҷоновна

Чакидаи мақола

Вижагиҳои корбасти муродифоти  фразеологӣ дар ду асари Баҳманёр «Дуди ҳасрат» ва «сармаддеҳ» ба риштаи таҳлил  кашида шудааст. маводи гирдоварда шаҳодат медиҳад,  ки нависанда дар истифодаи вариантҳои гуногуни муродифоти  фразеологӣ маҳорати комил дорад.  Дар истифодаи муродифоти фразеологӣ дар  осори Баҳманёр вижагиҳои зерин ба назар расиданд: 1. Корбасти фразеологизмҳое, ки дар забони адабии  тоҷик роиҷанд; 2. Иваз кардани  ҷузъи таркибҳои воҳидҳои фразеологӣ; 3. Зам намудани ҷузъи нав ба  таркиби фразеологӣ. Баҳманёр махсусан усули  бо муродиф иваз кардани яке аз ҷузъҳои  фразеологизмҳоро фаровон истифода мебарад. Фарқи  муродифоти воҳидҳои фразеологӣ ва вариантҳои  воҳидҳои фразеологӣ бо мисолҳои мушаххас исбот  шудааст. Истифодаи  моҳиронаи  муродифоти фразеологӣ имкониятҳои услубию бадеии нависандаро густурдатар кардааст.

Калидвожаҳо

«Дуди ҳасрат» ва «Сармаддеҳ»-и Баҳманёр, муродифоти  фразеологӣ, маънои маҷозӣ, услуби бадеӣ, тобишҳои маъноӣ, маҳорати нависандагӣ

Пайнавишт

1.                  Алефиренко Н.Ф. Теория языка. Волгоград: Перемена, 1998.- 315 с.

2.                  Баҳманёр. Сармаддеҳ/Шоҳаншоҳ.- Душанбе: Адиб,2013.-472 с.

3.                  Дӯстов А. Воситаҳои тасвири бадеӣ дар воҳидҳои фразеологии ташбеҳӣ //Паёми ДМТ №4(52). - Душанбе: Сино, 2009.- С.65-68

4.                  Дӯстов А. Воҳидҳои фразеологии ташбеҳӣ дар забони адабии муосири тоҷик. (Рисолаи илмӣ).- Душанбе, 2010. -158 с.

5.                  Камолиддинов Б. Ҳусни баён.- Душанбе: Маориф, 1989.-118 с.

6.                  Кунин А.В. Курс фразеологии современного английского языка.  Дубна: Феникс, 2005.- 159 с.

7.                  Кенҷаев С.,Кенҷаева М.Таркибҳои фразеологӣ дар “Ғиёс-ул-луғот”.- Ахбори ДДҲБСТ, №2, 2014.-190-198 с.

8.                  Маҷидов Ҳ. Фразеологизмҳои забони тоҷикӣ.-Душанбе, 1981.104с.

9.                   Мирзоева М. Муродифоти фразеологӣ дар «Ҷаллодони Бухоро»-и С.Айнӣ//Ахбори ДМТ, Илм ва фановарӣ (маҷаллаи илмӣ), бахши филология №7(63).- Душанбе: Сино,2010.- С.61-64с.

10.               Мирзоева М. Муродифоти воҳидҳои фразеологӣ ва калима дар асарҳои Садриддин Айнӣ. // Ахбори ДМТ, Илм ва фановарӣ (маҷаллаи илмӣ), бахши филология №12, Душанбе: Сино, 2011.- С. 345-348

11.               Олешкевич В.К. О фразеологических синонимах в современном русском языке // Вестн. Белорус. ун-та. Серия 4: «Филология, журналистика, педагогика и психология». 1969. № 2. -С. 41–45.

12.               Раҳматов Ш. Мулоҳизаҳо оид ба фразеологизмҳои Ҷомӣ. Номаи донишгоҳ, №2 (43), 2015, Хуҷанд.- С.189-194

13.               Ҳоҷиев С. «Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри ХХ (дар асоси материали «Тӯҳа­фи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким)».- Душанбе: Дониш, 1967.-167 с.

Таърихи нашр

Пятница, 15 Ноябрь 2019