Мақола ба масъалаи вожаҳои дар худи забони асл фаромӯшшуда, вале дар забони англисӣ мустаъмал бахшида шудааст. Муаллиф дар заминаи маводи аз ду забони бо ҳамдигар хеш: тоҷикӣ ва англисӣ муайян кардааст, ки сарвати луғавии дар забони умумиэронӣ ҷойдошта дар даврони баъдии инкишоф дар бархе аз забонҳои аз он зуҳуркарда, ба хусус тоҷикӣ аз байн рафтанд, аммо дар иддаи дигар, амсоли забони англисӣ ҳамчун унсурҳои иқтибосӣ пойдор монданд. Аз таҳлили масъалаи мазкур муаллиф ба бардоште расидааст, ки вижагии маҳфузмонии чунин аносири луғавии эрониасл, ба хусус тоҷикӣ дар забони англисӣ ягона набуда, балки онҳо мухталиф ҳастанд. Дар натиҷаи пажӯҳиши муаллиф ба хулосае омадааст, ки ағлаби иқтибосҳои тоҷикии дар забони англисӣ мавҷуда тавассути як ё ду забони миёнарав ба таркиби луғавии он забон роҳ ёфтаанд.
вомвожа, дублетҳои этимологӣ, решашиносӣ, забони миёнарав, мувозӣ, қиёфаи овозии калима, забони форсии қадим, форсии миёна
1. Аракин В. Д. История английского языка. –М.: ФИЗМАТЛИТ, 2003.-272 с.
2. Деҳхудо А. Луғатнома. Ҷилдҳои 1-14. Теҳрон, 1373.
3. Мамадназаров А. Фарҳанги англисӣ-тоҷикӣ. –Душанбе: Эр-граф, 2011. 1015 с.
4.Маҷидов Ҳ. Забони адабии муосири тоҷик. Ҷилди 1. Луғатшиносӣ. –Душанбе: Деваштич, 2007.
5. Маҷидов Ҳ. Сеҳри сухани форсии тоҷикӣ. –Душанбе: Дақиқӣ. 2014. 351с.
6. Montgomery W.W. The influence of Islam over Medieval Europe. Edinburgh at the University press / W.W. Montgomery. – 1972. – 125p.
7. Расторгуева В. С., Эдельман Д. И. Этимологический словарь иранских языков / В. С. Расторгуева, Д. И. Эдельман. – М.: Восточная литература, 2000. – Т. 1. – 327 с.
8. Султон М. Ҳ. Ташаккул ва такомули истилоҳоти илмии форсӣ-тоҷикӣ. –Душанбе: Дониш, 2008. 334 с.
9. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ. Зери таҳрири Назарзода С. ва дигарон. Ҷилдҳои 1 (949с.)-2 (944с). Душанбе, 2008).
10. Ҳасандӯст М. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Ҷилдҳои 1-4. Теҳрон, 1384.
11. Ҷабборова М. Гунанокии вожаҳо дар осори тарҷумавии асри Х (дар асоси маводи тарҷумаи «Тафсири Табарӣ» ва «Таърихи Табарӣ»-и Балъамӣ). –Хуҷанд: Меъроҷ, 2014. -157с.
12. Швейцар А.Д. и др. Английский язык / Лингвистический энциклопедический словарь. –М.:Советская энциклопедия,1990. –С.33-34.
13. Шир Э. Вожаҳои форсии арабишуда. Тарҷумаи Ҳамиди Табибиён. Теҳрон, 1389. -290 с.