0.0/5 овоз (0 овозҳо)

"Таърихи Байҳақӣ" ва лаҳҷаҳои муосири тоҷикӣ

Муаллиф (он)

Азимова Умедаҷон Абдумавлоновна

Чакидаи мақола

Дар мақола робитаи забони яке аз таърихномаҳои арзишманди садаи Х1- «Таърихи Байҳақӣ» бо лаҳҷаҳои имрӯзаи тоҷикӣ баррасӣ шудааст. Муаллиф дар натиҷаи таҳлил ва қиёси маводи асари номбурдаи Абулфазли Байҳақӣ бо гуфтори тоҷикони минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ва берун аз он боқимонии як гурӯҳ калимаву таркиб ва ибороти дар забони асри Х1 роиҷро дар байни тоҷикони имрӯза нишон додааст. Аз таҳлили ин масъала муаллиф ба хулосае омадааст, ки гурӯҳе за унсурҳои луғавии дар «Таърихи Байҳақӣ» мавҷуда дар айни ҳол гоҳ ба ҳамон шакли қадим, гоҳ ба гунаи тағйирёфта дар забони мардуми тоҷик дар гардиш қарор доранд.

Калидвожаҳо

забон-асоси ҳиндуаврупоӣ, даврони қадими забонҳои эронӣ, забони порсии дарӣ, вожа, таркибу ибора ва ифодаҳо, таърихномаҳо, шеваи шимолӣ, ҷанубӣ, ҷанубӣ-шарқӣ, лаҳҷа, осори хаттӣ, забони яғнобӣ, шакли ихтисоргардидаи калима, табдили овозҳо 

Пайнавишт

1.                  Абдуллозода Р. Ибораҳои халқӣ. –Душанбе: Дониш, 1974. -204 с.

2.                  Байҳақӣ, Хоҷа Абулфазл Муҳаммад ибни Ҳусайн. Таърихи Байҳақӣ. Таҳиягари матн, муаллифи муқаддима, ҳавошӣ ва феҳристҳо Сайфуллоҳи Муллоҷон. –Душанбе: Бухоро, 2014. – 774 с.

3.                  Деҳхудо А. Луғатнома. Ҷилди 8. Теҳрон, 1373.- 12378 с.

4.                  Қосимӣ М. Фарҳанги масодири забонҳо ва гӯишҳои забонҳои эронии Тоҷикистон. - Душанбе, 1376: Ҷилди 1. -270 с; ҷилди 2. -614 с..

5.                  Мақсудов Т. Лексика ва фразеологияи шеваҳои тоҷикони Исфара. -Душанбе: Ирфон, 1997. -206 с.

6.                  Маҳмудов М., Ҷӯраев Ғ, Бердиев Б. Фарҳанги гӯишҳои ҷанубии забони тоҷикӣ / Маҳмудов М., Ҷӯраев Ғ., Бердиев Б. Душанбе, 2012. – 946 с.

7.                  Мирзозода С. Фарҳанги забони яғнобӣ. Душанбе, 1995.- 96 с.

8.                   Муҳаммадҳусайни Бурҳон. Бурҳони қотеъ. Ҷилди 1. Таҳияи матн, бо пешгуфтор, мулҳақот, тавзеҳот ва феҳристи А. Нуров. –Душанбе: Адиб, 1993.- 416 с.

9.                   Расторгуева В. С. Очерки по таджикской диалектологии. Выпуск 3. –М.: Изд-во АН СССР, 1956. -190 с.

10.              Рашидӣ А. Фарҳанги Рашидӣ.- Теҳрон, 1364. - Ҷилди 1, 821 с;  ҷилди 2, 801 с.

11.              Ромпурӣ М. Ғ. Ғиёс-ул-луғот. Ҷилди 1. Таҳияи матн, бо пешгуфтор, мулҳақот, тавзеҳот ва феҳристи А.Нуров. –Душанбе: Адиб. 1987.- 480 с.

12.              Ҳасандӯст М. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Ҷилдҳои 3-4.–Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ.1393.Ҷилди 3, 2080 с, ҷилди 4, 2985 с.

13.              Ҳасанов А. Лаҳҷашиносии таърихӣ. –Хуҷанд: Меъроҷ, 2014.- 175 с.

14.               Эшниёзов М. Шеваи ҳардурӣ / Эшниёзов М. - Душанбе, 1977.- 252 с.

15.              Фасмер М. Этимологический словарь русского языка. Том 3. -М: Прогресс, 1987.- 830 с.

Таърихи нашр

Пятница, 15 Ноябрь 2019