Мақола ба таҳқиқи вижагиҳои калимасозии вожаи “гавҳар” дар назми Мирзо Бедил ихтисос дорад. Муаллиф таъкид медорад, ки дар назми шоир як қатор калимаҳое мавҷуданд, ки онҳо, аз як тараф, дар назми Абулмаонӣ ба касрат ба кор рафтаанд, аз ҷониби дигар, шоир бо онҳо калимаҳои муштақи зиёд созмон додааст. Ба эътирофи муаллифи мақола, яке аз ҳамин гуна калимаҳо вожаи “гавҳар” ба шумор меравад. Калимаи мавриди таҳлил аз вожаҳои полисемӣ маҳсуб ёфта, муаллифи мақола дар ҷараёни таҳлили композитҳо ба кадом маънои калима таваҷҷуҳ доштани Бедилро таъин намудааст. Дар ҷараёни таҳлил маълум шудааст, ки шоир ба се гунаи калимаи мавриди таҳлил - гавҳар/гуҳар/ ҷавҳар композит ташаккул медиҳад, вале гунаи мухаффафи калима - гуҳар бештар композит созмон додааст. Муаллиф композитҳои мавҷударо аз рӯи мансубияти компонентҳо ба гурӯҳҳои луғавӣ-грамматикии калимаҳо ба таҳлил гирифта собит намудааст, ки қолаби исм + асоси замони ҳозираи феъл композитҳои бештар ташаккул додааст. Композитҳои ташаккулдодаи Бедил чанд вижагӣ доранд: аввалан ба гунаҳои мухталиф ба кор рафтаанд, сониян, байни ҳам дар муносибати гуногуни маъноӣ қарор доранд ва ахиран, аксари онҳо аз офаридаҳои тахайюли шоиранд.
Бедил, гавҳар, калимасозӣ, композит, компонент, татпуруша, қолаб
1. Айнӣ, С. Мирзо Абдулқодири Бедил. / С.Айнӣ. -Сталинобод: Нашрдавтоҷ, 1954. -340 с.
2. Бедили Деҳлавӣ. Куллиёт. Ҷ.1-4. Тасҳеҳи Холмуҳаммади Хаста, Халилуллоҳи Халилӣ. Ба кӯшиши Баҳман Халифа Баноравонӣ. / Бедили Деҳлавӣ. -Теҳрон: Талоя, 1389. Ҷ.1 (бахши аввал). Ғазалиёт. -798с.; Ҷ.1 (бахши дувум). Ғазалиёт. -1600 с.; Ҷ.2. Таркиббанд; Тарҷеъбанд; Қасоид; Қитъаот; Рубоиёт -650с.; Ҷ.3. Маснавиҳо. -812с.; Ҷ.4. Чаҳор унсур; Руқаот; Нукот. -582 с.
3. Деҳхудо, А. Фарҳанги мутавассити Деҳхудо. Дар ду муҷаллад (зери назари дуктур Саъидҷаъфари Шаҳидӣ). / А.Деҳхудо. -Теҳрон: Муассисаи интишорот ва чопи Донишгоҳи Теҳрон, 1385. Ҷ.1-2. -3224 с.
4. Кадканӣ, М.Ш. Шоири оинаҳо (баррасии сабки ҳиндӣ ва шеъри Бедил). / М.Ш.Кадканӣ. -Теҳрон, 1379. -338 с.
5. Маонӣ, А.Г. Фарҳанги ашъори Соиб. Дар ду муҷаллад. / А.Г.Маонӣ. -Теҳрон: Муассисаи мутолиот ва таҳқиқоти фарҳангӣ, 1365. Ҷ.1-2. -818 с.
6. Муин, М. Фарҳанги форсӣ. Дар шаш муҷаллад. / М.Муин. -Теҳрон: Амири Ка-бир, 1375. Ҷ.1-4. -5277с.; Ҷ.5-6. -2351 с.
7. Нуров, Н. Корбурди вожаи нафас ва таобири шоиронаи худсохти он дар девони Бе¬дил. / Н.Нуров. // Номаи Донишгоҳ. Илмҳои ҷомеашиносӣ. №3 (36). -2013. -С.12-28.
8. Олимҷонов, М. Оина дар коргоҳи эҷодии Мирзо Бедил. // Номаи Донишгоҳ. Илмҳои ҷомеашиносӣ. -Хуҷанд: Нури маърифат, 2012. №5 (33) -С.40-50.
9. Олимҷонов, М. «Обила» ва калимасозии он дар назми Мирзо Бедил. / М.Олимҷонов. / Сухан аз гавҳариёни сухан. -Хуҷанд: Нури маърифат, 2017. -С.84-92.
10. Персидско-русский словарь. В двух томах/ под редакцией Ю.А.Рубинчика. -М.: Русский язык, 1985. Т.1. -800 с. Т.2.-864 с.
11. Фарҳанги забони тоҷикӣ (аз асри Х то ибтидои асри ХХ). Дар 2 ҷилд (дар зе-ри таҳрири М.Ш.Шукуров, В.А.Капранов, Р.Ҳошим, Н.А.Маъсумӣ). -М.: Совет-ская энциклопедия, 1969. Ҷ.1. -951 с.; Ҷ.2.-949 с.
12. Ҳабиб, А. Вожаномаи шеъри Бедил. / А.Ҳабиб. -Ҳамбург, 2005. -251 с.