5.0/5 овоз (1 овозҳо)

Мудофаи қахрамононаи қалъаи Маҳрам ва аҳамияти он дар таърихи Хонигарии Қўқанд

Муаллиф (он)

Турсунов Бўстон Раҳмонович

Чакидаи мақола

Таҳлили муфассали манбаъҳои хаттӣ пешниҳод шудааст, ки дар онҳо муҳорибаи Маҳрам – яке аз саҳифаҳои қаҳрамонӣ ва фоҷеавии таърихи халқи тоҷик буда, 22 августи соли 1875 барпо шудааст. Таъкид гардидааст, ки Тоҷикон якҷоя бо дигар халқҳои хонигарии Қўқанд мудофиаи қаҳрамононаи қалъаро ташкил намуданд. Маълумоти Н. Коритов дар он бора зикр шудааст, ки қисми асосии мудофеон дар майдони ҷанг қахрамонона ҳалок гаштанд. Мувофиқи маълумоти ин муаллиф танҳо дар гирду атрофи қалъа, худи он ва дар соҳили Сирдарё наздик панҷ ҳазор мудофеон шаҳид шуданд. Зикр шудааст, ки бахшида ба ғосибон дар империяи Русия медали «Барои фатҳи қалъаи Маҳрам» бароварда шудааст. Ҳамчунин дар бораи аҳамияти таърихии муҳорибаи мазкур шаҳодат медиҳад. Мутассифона, то ҳоло хотираи мудофеони қалъаи Маҳрам, шаҳрҳои Хуҷанд ва Уротеппа (Истаравшани имрўза), ки ҷонашонро дар роҳи ҳифзи Ватан қурбон карданд, абадӣ гардонида нашудааст.

Калидвожаҳо

манбаъҳои хаттӣ, муҳорибаи Маҳрам, 22 августи соли 1875, мудофиаи қаҳрамононаи қалъа, маълумоти А. Коритов, панҷ ҳазор шаҳидон, медал «Барои фатҳи Маҳрам»

Пайнавишт

1.                  Арнольди М. Военные действия против кокандцев в 1875 – 1876 гг. (по официальным донесениям). – СПб.,1876. Режим доступа: http://www.vostlit.info/Texts/Dokumenty/M.Asien/XIX/1860-1880/Kokandwar/text1.htm (Дата обращения: 27.02.2018).

2.                  Барышников К. Из Махрама Кокандского уезда // Туркестанския Ведомости. 1890. № 36.

3.                  Вохидов Ш. Кўкон хонлиги тарихи (хонлик тарихи манбаларда). - История Кокандского ханства (история ханства в источниках). - Тошкент, 2012. – 1771 с.

4.                  Исхокхон Жунайдуллахожа угли Ибрат. Фаргона тарихи / Нашрга тайёрловчилар – т.ф.д., профессор Х. Бобобеков и М. Хасаний.- История Ферганы. - Тошкент: Камалак,1991. – С.266-335.

5.                  История таджикского народа. Том IV. Позднее средневековье и Новое время. (XVI в. – 1917 г.) / Под общей редакцией академика Р.М. Масова. – Душанбе, 2010. – 1123 с.

6.                  История 4-го Туркестанского линейного батальона за период 1771 по 1882 год /Составлено поручиком В.Н. Зайцевым. – Ташкент, 1882. – 210с. + прил.

7.                  Корытов Н. Самозванец Пулат-хан (Историческая заметка) // Ежегодник Ферганской области. Том I. - Новый Маргилан: Типография Ферганского областного правления, 1902. – С.19-40.

8.                  Мирзоолим Мушриф. Ансоб ус-салотин ва таворих ул-хавокин (Кукон хонлиги тарихи). – История Кокандского ханства. – Тошкент: Гафур Гулом номидаги Адабиёт ва санъат нашриёти, 1995. – 128 с.

9.                  Петровский Н. Очерки Коканского ханства //Вестник Европы. 1876. – С. 733-734.

10.              Полонский И. Хива и Коканд. Вооружённые силы туркестанских ханств./ Режим доступа: https://topwar.ru/88557-hiva-i-kokand-vooruzhennye-sily-turkestanskih-hanstv.html. (Дата обращения: 6.03.2018).

11.              Серебрянников А. К истории Коканского ханства // Военный сборник. 1897. № 9. – С.5- 32.

12.              Ярматов К. Возвращение. – Ташкент: Издательство литературы и искусства имени Гафура Гуляма, 1986. – 223 с.

Таърихи нашр

Четверг, 17 Сентябрь 2020