0.0/5 овоз (0 овозҳо)

Аломатҳои хоси иштиғоли ҷавонон дар Ҷумҳурии Доғистон дар солҳои 1995-2005

Муаллиф (он)

Шахбанов А.М.

Чакидаи мақола

Солҳои 1990-2005 ташаккул, санҷиш ва инкишофи низоми барои мамлакат принсипан нави дастгирии иҷтимоии ҷавонон ба мушоҳида расид. Дар давоми давраи нисбатан кӯтоҳи таърихӣ оид ба ташаккули унсурҳои нави низоми иҷтимоӣ кори назаррас иҷро шуд. Сиёсати ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон, ки насли наврас аз он ҷумла аст, дар асоси усулан нав таҳия карда мешуд. Таҷриба ва амалияи андӯхта идроки илмӣ, арзёбӣ ва таҳияи тавсияҳоро оид ба такмили минбаъдаи сиёсати иҷтимоии давлат ва дигар институтҳои ҷамъият тақозо мекунанд. Мубрамияти масъалаи баррасаишаванда бо маҷмӯи томи масоили ҳалнашуда дар соҳаи иштиғоли ҷавонон машрут мегардад, бинобар ин зарурати таъсиси механизми самарабахши дастгирии иҷтимоии насли наврас ба миён меояд. Аломатҳои хоси иштиғоли ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1995-2005 баррасӣ гардидааст. Бори нахуст дар асоси таҳлили додаҳои оморӣ масъалаи танзими иштиғоли ҷавонон, ки ба таърихи нави минтақа хос аст мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст.

Калидвожаҳо

гуруҳҳои синнусолӣ, ҷавонон, иштиғол, бекорӣ, аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол, зиёд будани нерӯи корӣ

Пайнавишт

1.    Демографический ежегодник. 2001-2005 гг.- Махачкала, 2002.-749 c.

2.    Историко-архивный справочник административно-территориального деления Дагестана за 1920-2000 гг. /Сост.: М. И. Лагутина, Б. К. Гайдарбекова, М. И. Масуева, Д. Б. Раджабова, Т. Л. Яременко.- Махачкала, 2007.- 403 с.

3.    Стратегия социально-экономического развития  Республики Дагестан до 2020 года.- Махачкала, 2008. Т.2.- 219 c.

4.    Мамедбекова М.О. Финансово-экономическое стимулирование инфраструктуры обслуживания рынка труда. – Махачкала: ИД «Наука плюс», 2007.- 167c.

5.    Население России в ХХ веке: исторические очерки: в 3-х т.- М., 2011. Т. 3. Кн. 2.-304 с.

6.    Регионы России. Основные характеристики субъектов Российской Федерации.- М.,  2009.-648 с.

7.    Шахбанов А. М. Социально-экономические последствия безработицы в пореформенный период (исторический аспект). //EUROPEAN SOCIAL SCIENCE JOURNAL.  № 6(34). 2013. С. 338.

8.    Эскеров Д.Б., Мудунов А.С., Даудова З.М. Структурные сдвиги в распределении рабочей силы между секторами экономики региона. //Вопросы структуризации экономики.- Махачкала, 2008. С. 18-23.

Таърихи нашр

Среда, 24 Февраль 2021