0.0/5 овоз (0 овозҳо)

Нақди шеър дар баҳси ду шоир

Муаллиф (он)

Аъзамзод С (Аъзамов С.), Раджабов Б.

Чакидаи мақола

Дар ин мақола хусусиятҳои жанри мубоҳиса ва ҳамзамон мунозираи ду шоири номии тоҷик Лоиқ Шералӣ ва Қутбӣ Киром баррасӣ шудааст. Дар таърихи нақди адабии тоҷик ба мўҳтаво ва фарогирии матлаб дар жанри мубоҳиса ё мунозира, арзиш ва ё аҳаммияти онҳо чандон диққати зарурӣ дода нашудааст. Аз ин мубоҳисаҳо равшан мешавад, ки дахолати шоирона дар бисёр маврид ба таҳаввули андешаи адабӣ созгор ва ё таъсирнопазир аст, ки инро аз мўҳтавои ин таълифоти адабӣ-танқидӣ дарк менамоем. Мўҳтавои баҳси ду суханвари номӣ сарчашмаи муҳимми дарку фаҳмиши афкори пурҷўшу хурўши адабии замон аст.

Калидвожаҳо

Лоиқ Шералӣ, Қутбӣ Киром, нақди адабӣ, мубоҳиса, афкори адабӣ

Пайнавишт

1.         Акбаров, Ю. Вазифаи муқаддаси танқиди адабӣ / Ю. Акбаров // Садои Шарқ.–1985.–№12.¬–С. 104-113.

2.         Акбаров, Ю. Сифат бояд меъёри асосӣ бошад / Ю. Акбаров // Комсомоли Тоҷикистон.–1986.–2-юми феврал.– С. 3

3.         Киром, Қ. Мавқеъ ва масъулияти суханвар / Қ. Киром // Адабиёт ва санъат.–1986.–6-уми март.–№10(230).–С. 8-9.

4.         Шарипов, Х. Мазмун ва ифода дар шеъри имрўзаи тоҷик / Х. Шарипов // Садои Шарқ.–1983.–№3.¬–С. 107-113.

5.         Шералӣ, Л. Имтизоҷи эҳсос ва афкор / Л. Шералӣ // Садои Шарқ.–1981.–№6.¬–С. 35-43.

6.         Шералӣ, Л. Дарё равон аст... Ҷавоб ба мақолаи Қ. Киром “Мавқеъ ва масъулияти суханвар” / Л. Шералӣ // Адабиёт ва санъат.–1986.–23-юми апрел.–№17(237).¬–С. 10-11

Таърихи нашр

Четверг, 17 Сентябрь 2020