0.0/5 овоз (0 овозҳо)

Вожаҳои куҳан дар низоми топонимикаи садаи миёнаи Кўҳистони Масчоҳ

Муаллиф (он)

Одинаев Абдуманнон

Чакидаи мақола

Таҳлили этимологии як қатор номвожаҳои (топонимҳои) Садаи Миёнаи Кўҳистони Мастчоҳ, ки дар таркиби онҳо вожаҳои қадимии суғдию тоҷикӣ маҳфуз мондаанд, сурат гирифтааст. Зикр гардидааст, ки вожаҳои қадимаи тоҷикию суғдии дар таркиби топонимҳои Садаи  Миёнаи  Кўҳистони Мастчоҳ маҳфуз монда, нисбат ба унсурҳои дигари таркиби луғавии забон устувортар буда, ба  таҳаввулоти сохторию маъноӣ камтар дучор мегарданд. Дар мисоли як қатор  топонимҳои бо ҷузъи тунд (Тундак, Сари Тундӣ) мавҷуд будани робитаи бевоситаи байни номвожа (топонимҳо) ва мавқеи табиию ҷуғрофии ҷойгиршавии  маҳал собит карда шудааст. Дар асоси таҳлили  ҷузъҳои номвожаҳои мушаххас, аз ҷумла топоними Рева два шўр  ба мулоҳизаҳои олими маъруф, муҳаққиқи забонҳои суғдию яғнобӣ Алберт Леонидович Хромов тасҳеҳ ворид карда шудааст. 

Калидвожаҳо

гўишҳоиКўҳистониМастчоҳ, СадаиМиёна, топонимикаи (номвожаҳои) СадаиМиёнаиКўҳистониМастчоҳ, забонисуғдӣ, забонияғнобӣ, таҳлилиэтимологӣ, А.Л. Хромов

Пайнавишт

1.Ализода, Б. Чанд пасванди суғдӣ дар асомии хоси ҷуғрофиёи водии Зарафшон/ Б.Али¬зода.// Рўдакӣ. Фаслномаи адабӣ-фарҳангии Ройзании фарҳангии ҶИ Эрон дар Тоҷикис¬тон. Соли даҳум, шумораи 24, поизи 1388. -С.65-74.

2.Лурье, П.Б. Историко-лингвистический анализ согдийской топонимии: автореф. дисс... канд. филол.наук/ Лурье П. - СПб., 2004. - 20 с.

3.Маҳмадҷонов, О. О. Топонимия ва микротопонимияи қисмати шимолии водии Ҳисор/ О.О.Маҳмадҷонов. - Душанбе: Шуҷоиён, 2010. -288 с.

4.Мирзозода, С. Луғати яғнобӣ-тоҷикӣ/ С.Мирзозода. - Душанбе, 2002. - 235 с.

5.Ромпурӣ, М. Ғиёс-ул-луғот/ М.Ромпурӣ. Ҷилди 1. - Душанбе: Адиб, 1987. - 480 с; Ҷилди 2. - Душанбе: Адиб, 1988. - 416 с.

6.Румӣ, Ҷ. Маснавии маънавӣ/ Ҷ.Румӣ. Танзим, таҳия ва баргадони Бадриддин Алиев ва Алӣ Муҳаммади Хуросонӣ. - Теҳрон, 1379//2001. -728 с.

7.Рустамов, А. Топонимҳои суғдии дараи Киштут/ А.Рустамов// Мактаби советӣ. - Душанбе, 1976, №11. - С. 33-38.

8.Тўсӣ, А. Луғати фурс/ Асадии Тўсӣ. Муқаддима, таҳия, таълиқот, ҳошия ва феҳристи Н.И. Ғиёсов.- Хуҷанд, 2015.-320 с.

9.Хромов, А.Л. Говоры таджиков Матчинского района/ А.Л.Хромов. - Душанбе, 1962. – 213 с.

10.Хромов А.Л. Очерки по топонимии и микротопонимии Таджикистана/ А.Л.Хромов. - Душанбе: Ирфон, 1975. – 88 с.

11.Хромов А.Л. Ягнобские архаизмы в топонимических названиях// Иранское языкознание. История, этимология, типология (К 75-летию проф. В.И.Абаева). – М.: Наука, 1976. - С.160-167.

12.Хромов, А. Согдийская топонимия родины Рудаки/ А.Л.Хромов // Ёдбуди устод Рўдакӣ (тартибдиҳанда А. Афсаҳзод). - Душанбе: Дониш, 1978. - С. 27-31.

13.Фарҳанги забони тоҷикӣ. Ҷилди 1. - М.: СЭ, 1969. – 952 с; Ҷилди 2. -М.:СЭ, 1969. - 948 с.

 

Таърихи нашр

Четверг, 17 Сентябрь 2020