0.0/5 овоз (0 овозҳо)

ТАСВИРГАРӢ ДАР АШЪОРИ АҲМАДҶОНИ РАҲМАТЗОД

Муаллиф (он)

Раҳматова Д.А.

Чакидаи мақола

Хусусият ва омилҳои бавуҷудоии тасвиргарӣ дар ашъори Аҳмадҷони Раҳматзод таҳқиқ гардидааст. Омилҳое, ки тасвиргариро дар шеъри шоир муайян месозанд, пеш аз ҳама, махсусияти ҳодисаву ашёи табиат ва таъсири онҳо ба рӯҳи инсон, нисбат додани табиати дарранда ба объекти тасвир, шабеҳияти қаҳрамони ғиноӣ ба намоди гулу гиёҳ, тасвири фазои ягонаи таъсири мутақобилаи инсону табиат, нақли сюжаи асар аз забони гулу гиёҳ, дарахтон ва ғ. мебошад. Зимни таҳқиқот муайян шудааст, ки шоир дар манзаранигорӣ аз санъати ташхис истифода намуда, шахсонидани ашё ё ҳаводиси табиат ва хислату хусусияти қаҳрамони ғиноиро гирифтани онҳо, дар ашъори ӯ бо робитаи  руҳи табиату инсон сурат гирифтааст. Баъди таҳлили чанде аз шеърҳои шоир хулоса гардидааст, ки шеъри тасвир ё тасвиргарӣ дар шеър ин як намуди махсуси шеър буда, асосан ба тасвири ҳодисаву воқеоти табиату замон, ҷирмҳои осмонӣ, шахсонидани ашё  ва мутобиқати он ба ҳолати равонӣ ва зиндагии айнии қаҳрамони ба тасвиргирифтаи шоир аст.

Калидвожаҳо

Калидвожаҳо: шеъри тасвир, манзаранигорӣ, санъати ташхис, қаҳрамони ғиноӣ, сюжети хаёлӣ, руҳи табиат, тахайюли бадеӣ

Пайнавишт

1.        Ваҳҳобзода Р. Тасвир ва тасаввур дар шеъри Рӯдакӣ //Маҷмӯаи мақолаҳо бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ.-Душанбе:Адиб, 2018.- С.113-118.

2.        Дониш И., Воиз С. Шигардҳои бадеи тасвирӣ дар адабиёти клоссики форсӣ.//маҷаллаи “Сабкшиносии назму насри форсӣ (Баҳори адаб), тобистони 1392, №2(20).- С.205-224.

3.                  Лихачёв Д.С. Литература-реальность-литература / Д.С.Лихачёв. - Москва: АСТ, 2017.-122 с.

4.        Нурзод Н. Дар ҷилвазори нақши тасовир./Н.Нурзод.//Ҳамдостони дил (маҷмӯаи мақолаҳо).- Хуҷанд: Хуросон, 2021. - С.51-60.

5.        Раҳматзод А. Ашки мармар./А.Раҳматзод.- Хуҷанд: Хуросон, 2002. -340 с.

6.        Раҳматзод А. Пояндабурс./А.Раҳматзод.- Хуҷанд: Хуросон, 2015. -332 с.

7.        Сайфуллоев А.Шоири рангинхаёл./А.Сайфуллоев.//Ҳамдостони дил (маҷмӯаи мақолаҳо).- Хуҷанд: Хуросон, 2021. - С.9-27.

8.        Султонӣ Т.Сеҳри ҳалол./Т.Султонӣ.-Хуҷанд: Меъроҷ, 2017.- 117 с.

9.        Ҳакимова С. Дар олами маъно дигарӣ /С.Ҳакимова// Ҳамдостони дил (маҷмӯаи мақолаҳо).- Хуҷанд: Хуросон, 2021.- С.61-70.

10.    Фарҳанги забони тоҷикӣ.-Москва: Советская энциклопедия, 1969. Ҷ.2. – С.335-336

Таърихи нашр

Пятница, 22 Апрель 2022