Дар асоси нуктаҳо ва матлабҳои аслӣ аз ҷониби Соммирзо дар тазкираи “Тӯҳфаи Сомӣ” нақду баррасӣ шудани эҷодиёту сурудаҳои шоирону сарояндагони гуногундараҷаи зиёди нимаи аввали қарни XV исбот шудааст. Тазкираи Соммирзои Сафавӣ воқеан, миёни тазкираҳои адабӣ шуҳрат ва арзиши ҳам таърихию ҳам адабӣ дошта, дар бораи шоирони зиёди охири асри XV ва нимаи аввали асри XVI маълумоти муфид медиҳад. Асари Соммирзо аз нигоҳи нақди адабӣ мавриди таҳлил қарор гирифта, истилоҳоти нақдии тазкира ҷамъу дастабандӣ шудааст. Мақсади таҳқиқ муайян кардани омилҳои таъсир ва талаботи замон дар услуби нақди ин тазкира мебошад. Ошкорбаёниву шуҷоат ва насабу мақоми давлатӣ доштани Соммирзо сабаби нақди ошкоро ва мазамматии ӯ дониста шудааст. Ҳамчунин бо мисолҳои мушаххас нишон дода шудааст, ки дар баъзе мавридҳо ислоҳи абёти номавзуни суханварон аз ҷониби Соммирзо устувору бомавқеъ сурат гирифтааст.
Калидвожаҳо: тазкираи “Туҳфаи Сомӣ”, нақди адабӣ, шоҳзода, суханварон, Соммирзо, ашъори шоирон, асри XVI
1. Каримов У. Адабиёти тоҷик дар асри XVI. - Душанбе: Дониш, 1980. - 228 с.
2. Сайфиев Н. Таърихи адабиёти тоҷик (асрҳои ХVI-ХIХ ва ибтидои асри ХХ). - Душанбе: Бухоро.- 660 с.
3. Сатторов А. “Туҳфаи Сомӣ ва хусусиятҳои он”. - Душанбе: Дониш, 1972. -132 с.
4. Соммирзои Сафавӣ. Туҳфаи Сомӣ. Таҳиягари матн ва муаллифи пешгуфтору тавзеҳот Бадриддин Мақсудов. - Душанбе: Маориф,2018.- 380 с.
5. Фахриддин Алии Сафӣ. Латоифуттавоиф. Таҳия, пешгуфтор, шарҳи луғатҳо ва тавзеҳоти Абдушукури Абдусаттор, Бурҳон Сайфиддинов –Душанбе: Адиб, 2011, -336 с.
6. Ҳамроев Ҷумъақул. Асрори нақди адабӣ. -Душанбе:Деваштич, 2005. - 128 с.
7. Ҳодизода Р., Каримов У., Саъдиев С. Адабиёти тоҷик. Асрҳои XVI- XIХ ва ибтидои асри ХХ. -Душанбе: Маориф, 1988. - 171с.
8. Ashrapov, B. P. The Place of Poly-Affixes in the Tajik Literary Language of the XVIII-th Century / B. P. Ashrapov // Вестник Таджикского государственного университета права, бизнеса и политики. Серия гуманитарных наук. – 2015. – No 3(64). – C. 122-131.