Вижагиҳои маъноӣ ва мавқеи истифодаи исмҳои ҷомеи ифодагари мафҳумҳои хешу ақрабо ва хонавода дар забони адабии ҳозираи тоҷикӣ баррасӣ шудааст. Дар заминаи маводҳои забонӣ нишон дода шудааст, ки исмҳои ҷомеи мавриди таҳлил дар забони адабии ҳозираи тоҷикӣ аз лиҳози корбурд ҳамсон набуда, аксарият серистеъмол, гурӯҳи дигар камистеъмол ва бархе аз онҳо аз доираи истифода баромадаанд. Таъкид шудааст, ки имрӯз дар забони адабии тоҷикӣ исмҳои ҷомее, ки аз истифода баромада ба гурӯҳи калимаҳои таърихию архаистӣ ворид шудаанд, дар забони осори насри таърихӣ ба кор рафтаанд. Дар таркиби луғавии забони тоҷикӣ дар баробари исмҳои ҷомеи ифодагари мафҳуми хонаводаи аслӣ вожаҳои иқтибосии арабӣ ва туркиву муғулӣ низ ба назар расиданд.
Калидвожаҳо: исмҳои ҷомеъ, таркиби луғавии забон, мафҳуми хонавода, вожаҳои аслӣ, тафсири калима, хешу ақрабо, луғатнома
1. Айнӣ С. Ёддоштҳо. Қисми 1,2 / С.Айнӣ. – Душанбе: Адиб, 1990. – 352 с.
2. Айнӣ С. Ёддоштҳо. Қисми 3,4 / С.Айнӣ. – Сталинобод: НДТ, 1955. – 570 с.
3. Баҳманёр. Шоҳаншоҳ/Баҳманёр. –Душанбе: Эҷод, 2007. – 264 с.
4. Ғиёсуддин М. Ғиёс-ул-луғот (таҳияи матн бо пешгуфтор, тавзеҳот ва феҳристи А.Нуров)/М.Ғиёсуддин. - Душанбе: Адиб,ҷ.1,1987. –480 с.; ҷ.2, 1988. – 416 с.; ҷ.3, 1989. – 304 с.
5. Деҳхудо А. Луғатнома. Дар 16 ҷилд /А.Деҳхудо. – Теҳрон: Муассисаи интишорот ва чопи Донишгоҳи Теҳрон,1377.
6. Рустамов Ш. Исм / Ш.Рустамов. –Душанбе: Дониш, 1981. –220 с.
7. Солеҳ М. Девори Хуросон / М.Солеҳ– Душанбе:Ирфон,1999.–210 с.
8. Улуғзода С. Восеъ / С.Улуғзода. – Душанбе: Ирфон, 1979. –367 с.
9. Улуғзода С. Фирдавсӣ /С.Улуғзода. – Душанбе: Адиб,1988. –272 с.
10. Фарҳанги забони тоҷикӣ. Дар ду ҷилд / зери таҳрири М. Шукуров, В.А.Капранов, Р.Ҳошим, Н.А.Маъсумӣ). – Москва: СЭ,1969. Ҷ.1–951с.; Ҷ.2. –952 с.
11. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ. Дар ду ҷилд (зери таҳрири С.Назарзода, А.Сангинов, С.Каримов, М.Ҳ.Султон). – Душанбе, 2010. Ҷ.1. –949 с.; Ҷ.2. –944 с.
12. Фирӯз Баҳром. Агар вай мард мебуд.Повестҳо/ Ф. Баҳром. – Душанбе: Адиб, 1987. –384с.
13. Ҳасандӯст М. Фарҳанги решашинохти забони форсӣ. Дар чор ҷилд / М. Ҳасандӯст. –Теҳрон, 1393.
14. Ҷалил Р. Одамони ҷовид. Қисми 1/Р.Ҷалил. – Хуҷанд,2005. – 230 с.