Қайд шудааст, ки таърихи ташаккули мақомоти милитсия дар ш. Хуҷанд, атрофи он ва дигар ноҳияҳои шимоли Тоҷикистон бевосита ба ғалабаи Инқилоби Октябр вобаста аст. Таъкид гардидааст, ки дар солҳои аввали ҳокимияти шӯравӣ ноҳияи Ашт аз лиҳози маъмурӣ ба ҳайъати уезди Намангони вилояти Фарғонаи ҶМШС Туркистон дохил мешуд, бинобар ин мақомоти милитсияи ноҳияи мазкур дар ҳайъати уезди Намангон таъсис ёфта буд. Њамчунин ташаккули милитсияи ноҳияи Канибодом ва Исфара дар ҳайъати мақомоти милитсияи уезди Қӯқанди вилояти Фарғона сурат гирифтааст. Дар асоси додаҳои бойгонӣ пойгоҳи моддӣ ва аслиҳаи дастаҳои милитсия муайян карда шудаанд. Қайд шудааст, ки милитсияи уезди Хуҷанд дар ихтиёр 16 намуди аслиҳа, аз ҷумла милтиқи панҷтираи русӣ, берданка, яроқҳои англисӣ, фаронсавӣ, амрикоӣ, австриягӣ, туркӣ ва японӣ дошт. Саҳми мақомоти милитсия дар мубориза зиддӣ босмачиён инъикос ёфтааст. Таъкид мегардад, ки таҷрибаи дар раванди ташаккули милитсияи коргару деҳқон андӯхта аҳаммияти калони амалӣ ва ахлоқӣ дошта, метавонад барои беҳтар намудани фаъолияти мақомоти ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ мавриди истифода қарор гирад.
Вожаҳоикалидӣ:КХКД (Комиссариатихалқиикорҳоидохилӣ), милитсия, шуъбаикофтуковӣ-ҷиноятӣ, ташакулёбӣ, рушд, инқилобиОктябр, Ҳокимиятишӯравӣ, Шӯро, уезд, Низомнома, коргарудеҳқон, босмачигарӣ
Раҳмон Э. Суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик 10.11.2018, шаҳри Душанбе / Раҳмон Э. // Қонун ва ҷомеа. - 2018.- 15 ноябр. № 46(498).-8 с.
2. Рахмонов Э.Ш. Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён / Э.Ш. Рахмонов. - Душанбе: Ирфон,2019 с. – 699 с.
3. Борьба за установление и упрочение советской власти в Ходжентском уезде (1917-1920 гг.): Сб. док. – Ленинабад, 1957. – 135 с.
4. Джалилов Т.А. На страже народных интересов (Из истории борьбы за установление власти Советов в Туркестане в период 1918- 1924 гг.) / Т.А. Джалилов.- Ташкент: Госиздат Узбекской ССР, 1963. – 78 с.
5. Документ Ходжентского уездного управления об охране общественного порядка. Согдийский филиал ЦГА РТ. Ф.2. Оп.1. Д.11.
6. Таджикская милиция: история и современность часть первая. – Душанбе, 2002. - С.58-60.
7. Назаров Н.Дж. Организационно-правовые основы создания и развития таджикской милиции (1917-1945гг). Книга 1 / Назаров Н.Дж.- Душанбе: Эр-граф, 2009. - 214 с.
8. Хокироев А.Ю., Қосимов О.А. Баъзе ҷиҳатҳои бавуҷудоӣ ва ташаккулёбии таърихӣ-ҳуқуқии шуъбаи кофтукови ҷиноятӣ дар Осиёи Миёна (с.с 1918-1924). / Хокироев А.Ю., Қосимов О.А. // Осори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон. 2014.- №1(21). С.77.
9. Розикзода А. Ш. Становление милиции Таджикистана / Розикзода А. Ш. / Монография – Душанбе: Академия МВД Республики Таджикистан, 2011. – С.23.