0.0/5 овоз (0 овозҳо)

АҲАМИЯТИ МӮҲРҲОИ ШОҲОНИ ТОИСЛОМӢ ДАР ШИНОХТИ АНВОИ НОМАҲО

Муаллиф (он)

Зоиров Ҳалимҷон Зоҳидҷонович

Чакидаи мақола

Дар хусуси мӯҳрҳои шоҳони тоисломии Эрон бисёре аз манобеи қарнҳои нахустини исломӣ иттилоъ додаанд, ки  «Китоб-ул-вузарои ва-л-куттоб»- и Ҷаҳшиёрӣ, «Муруҷ-уз-заҳаб»- и Масъудӣ, «Ахбор-ут-тивол»- и Динаварӣ, «Футуҳ-ул-булдон»- и Балозурӣ, «Таърихи Табарӣ» -и Балъамӣ, «ал-Феҳрист»-и Ибни Надим ва осори Ибни Муқаффаъ аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Бино ба ахбори манобеи мазкур аксари шоҳони тоисломии Эрон, аз ҷумла Ҷамшед ва Хусрави Анӯшервонро чаҳор мӯҳр буда ва ҳар як мӯҳр махсуси умуре будааст. Хусрави Парвизро нуҳ ангуштар буд ва ҳар кадом мӯҳри махсус дошт. Мӯҳрҳои шоҳони тоисломӣ, махсусан мулуки аҳди Сосониён, аз ҷиҳати сохт, нақшу тасвир ва катиба аз ҳам фарқ мекарданд. Мӯҳрҳои шоҳони Порс дар дасти соҳиби зимом, яъне масъули дафтари дахлу харҷ буд ва ҳар як номаҳои девонӣ ва фармонҳои подшоҳ баъд аз таҳриру покнавис ва бо нусхаи асл татбиқ намудан дар ҳузури шоҳ ё шахси бовариноки ӯ мӯҳр карда мешуд. Ба ҳар як даста аз фармонҳо ва мактубот, ки аз дабирхонаи шоҳӣ содир мегашт, мӯҳри махсус гузошта мешуд ва номаи бемӯҳр назди мулук ва дабирони сосонӣ арзише надошт. Аз хулосаҳои илмии муаллифи мақола равшан мешавад, ки  омӯзиш ва таҳқиқи мӯҳрҳои шоҳони тоисломӣ на танҳо ҷиҳати шинохти фармонҳо ва девонҳои тоисломии Эрон, балки ҷиҳати шинохти анвои номаҳо, расму оини номанигорӣ ва мақоми табақоти дабирони девон аҳамияти беназир доранд.

Калидвожаҳо

Калидвожаҳо: Сосониён, мӯҳрҳои шоҳон, мӯҳршиносӣ, ангуштар, номанигорӣ, анвои мактубот, дабирони девон

Пайнавишт

Балозурӣ, Абулҳасан Аҳмад ибни Яҳё. Футуҳ-ул-булдон / Тарҷумаи Муҳаммад Таваккул / Балозурӣ, Абулҳасан Аҳмад ибни Яҳё. –Теҳрон: Нуқра, 1337. – 660 с.

2. Балъамӣ, Абӯалӣ Муҳаммад. Таърихи Табарӣ. Дар ду ҷилд. Ҷилди 1 / Балъамӣ, Абӯалӣ Муҳаммад. - Теҳрон: Ширкати интишороти илмӣ ва фарҳангӣ, 2001. – 825 с.

3. Деҳпаҳлавон, Мустафо, Ҳиндеҷонӣ, Муҳаммад Қанавотӣ. Тааммуле дар бархе нақшмояҳои намодини ҳайвонӣ бар мӯҳрҳо ва гилмӯрҳои Сосонӣ //Мутолиоти бостоншиносӣ. Давраи 7, шумораи 2, пойиз ва зимистон, 1394. – С.47-67. 

4. Деҳхудо, Алиакбар. Фарҳанги мутавассити Деҳхудо. Дар ду ҷилд. Зери назари дуктур Саид Ҷаъфари Шаҳидӣ. Ба кӯшиши Fуломризо Ситуда, Эраҷ Меҳракӣ ва Акрам Султонӣ. - Теҳрон: Интишороти Донишгохи Теҳрон, 1385. Ҷилди аввал, – С.1-1615, ҷилди дувум, - С.1616-3224.

5. Динаварӣ, Абиҳанифа Аҳмад ибни Довуд. Ал-Ахбор-ут-тивол. Миср,  1330. – 383 с.

6. Динаварӣ, Абуҳанифа Аҳмад ибни Довуд.  Ахбор-ут-тивол. Тарҷумаи Содиқ Нишот. –Теҳрон: Интишороти бунёди фарҳанги Эрон, 1346. -450с.

7. Ибни Асир, Иззиддин. Таърихи комил. Баргардони дуктур Сийид Ҳусайни Рӯҳонӣ / Ибни Асир, Иззиддин. –Теҳрон: Асотир, 1383. Ҷилди аввал. – 446 с.

8. Ибни Асир, Иззиддин. Таърихи комил. Баргардони дуктур Сийид Ҳусайни Рӯҳонӣ / Ибни Асир, Иззиддин. – Теҳрон: Асотир, 1384. Ҷилди дувум. – С.447-934.

9. Ибни Надим, Муҳаммад ибни Исҳоқ. Китоб-ул-Фиҳрист. Тарҷума ва таҳшияи Муҳаммад Ризо Таҷаддуд. –Теҳрон: Асотир, 1381. – Сию чаҳор+854 с.

10. Кристенсен, Артур. Эрон дар замони Сосониён: Таърихи Эрони Сосонӣ то ҳамлаи араб ва вазъи давлат ва миллат дар замони Сосониён. Тарҷумаи Рашид Ёсамӣ/ Кристенсен, Артур. – Теҳрон: Нигористони китоб, 1383. - 562 с.

11. Масъудӣ, Абилҳасан Алӣ ибн ал- Ҳусайн ибни Алӣ. Муруҷ-уз-заҳаб ва маодин-ул- ҷавҳар. Ал-ҷузъ-ул-аввал. – Саййидо- Бейрут: ал-мактабат-ул-асрия, 1425ҳ./2005м. – 296 с.

12. Масъудӣ, Алӣ ибн ал- Ҳусайн. Муруҷ-уз-заҳаб. Мутарҷим Абулқосими Поянда. Ҷилди аввал. –Теҳрон: Ширкати интишороти илмӣ ва фарҳангӣ, 1382. -Бист+785с.

13. Масъудӣ, Алӣ ибн ал-Ҳусайн. Муруҷ-уз-заҳаб. Мутарҷим Абулқосими Поянда. Ҷилди дувум. –Теҳрон: Ширкати интишороти илмӣ ва фарҳангӣ, 1382. -Ҳафт+ 923с.

14. Мирраҳим, Мирбобо. Ҷашни Наврӯз ва ҷаҳоншиносӣ. –Душанбе: «Ирфон», 1992. – 240 с.

15. Муҳаммадӣ, Муҳаммад. Таърих ва фарҳанги Эрон дар даврони интиқол аз асри Сосонӣ ба асри исломӣ. Ҷилди чаҳорум: Забони форсӣ ҳамчун моя ва мададкоре барои забони арабӣ дар нахустин қарнҳои исломӣ. – Теҳрон: Тӯс, 1380. - 440 с.

16. Муҳаммадӣ, Муҳаммад. Таърих ва фарҳанги Эрон дар даврони интиқол аз асри Сосонӣ ба асри исломӣ. Ҷилди панҷум: Низоми девонӣ ё созмони молӣ ва идории сосонӣ дар давлати хулафо. – Теҳрон: Тӯс, 1380. - 464 с.

17. Номаҳо ва паймонҳои сиёсии ҳазрати Муҳаммад(с) ва асноди садри ислом. Таҳқиқ ва гирдовардаи дуктур Муҳаммад Ҳамидуллоҳ. Тарҷумаи Саид Муҳаммади Ҳусайнӣ. -Теҳрон: Суруш, 1377. - 800 с.

18. Тарҷумаи Тафсири Табарӣ (дар ду китоб ва ҳафт муҷаллад). Китоби якум. -Хуҷанд: Нури маърифат, 2007. - 884 с.

19. Тафаззулӣ, Аҳмад. Таърихи адабиёти Эрон пеш аз ислом. Ба кӯшиши Жола Омӯзгор. – Теҳрон: Сухан, 1377. - 452 с.

20. Хайём, Умар. Наврӯзнома. Ба саъй ва тасҳеҳи Муҷтабо Минавӣ. – Теҳрон: Китобхонаи Кова, 1933. – 151 с.

21. Хатибӣ, Ҳусайн. Фанни наср дар адаби порсӣ / Хатибӣ, Ҳусайн. – Теҳрон: Заввор, 1375. – 637 с.

22. Ҷаҳшиёрӣ, Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Абдус. Китоб-ул-вузарои ва-л-куттоб. Тарҷумаи Абулфазли Таботабоӣ. Муқаддимаи Зайнулобидини Раҳнамо / Ҷаҳшиёрӣ, Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Абдус. – Теҳрон: Тобон, 1348. – 439 с.

Таърихи нашр

Среда, 07 Декабрь 2022