Дар заминаи шеърҳои дар матбуоти даврии солҳои 30-40-уми асри ХХ, аз ҷумла дар рӯзномаҳои “Бо роҳи ленинӣ”, “Стахановчӣ”, “Роҳи колхозчӣ”, “Колхозчӣ”, “Пролетари Хуҷанд” чопшудаи Раҳим Ҷалил истеъдоди шоирӣ ва ҷанбаҳои ҳунарии ашъори адиб ба риштаи таҳрир кашида шудааст. Зикр гардидааст, ки дар матбуоти даврӣ теъдоди шеърҳое дарёфт гардидаанд, ки ба маҷмуаҳои ашъори Раҳим Ҷалил ворид нашудаанд. Таъкид гардидааст, ки маҳорати шоирии Раҳим Ҷалил ва мероси манзуми ӯ то ҳол ба таври бояду шояд мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор нагирифтааст. Кӯшиш ба харҷ рафтааст, ки вижагиҳои ҳунарии шоир бо барарсии чанд шеъри нави Раҳим Ҷалил, ки дар матбуоти даврии солҳои сиюм нашр шуда, то кунун дастраси аҳли таҳқиқ набуд, суръат бигирад ва дараҷаи омӯзиши мавзуъ бозгӯ шавад. Таъкид гардидааст, ки дар баъзе шеърҳои солҳои 30-40 эҷодкардаи адиб нуқсонҳои вазнӣ ба назар мерасанд. Хулоса шудааст, ки аксари ашъори дар давраи мавриди таҳлил таълифкардаи Раҳим Ҷалил ба васфи ҳаёти босаодати даврони шуравӣ ва дастовардҳои бесобиқаи мардуми тоҷик бахшида шудааст.
Раҳим Ҷалил, мероси манзумӣ, ҳунари шоирӣ, матбуоти даврӣ, рӯзномаҳои “Стахановчӣ”, “Колхозчӣ”, “Бо роҳи ленинӣ”, “Пролетари Хуҷанд”
1. Отахонова Хуршеда. Раҳим Ҷалил ва эҷодиёти ӯ. – Душанбе, 1962. - 157 с.
2. Отахонова Хуршеда. Аз рӯи меҳр меҳр. Очерки мухтасари ҳаёт ва эҷодиёти Раҳим Ҷалил. – Душанбе: Ирфон, 1979. – 96 с.
3. Раҳим Ҷалил, М.Аминзода. Ленинобод (достон). – Сталинобод: Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1940. – 42 с.
4. Раҳим Ҷалил. Ба арэропланчӣ духтар // “Роҳи сотсиализм”. №1(147). 8-уми январи соли 1937.
5. Раҳим Ҷалил. Омада аст // «Бороҳи Ленинӣ». № 22(1902). 21-уми январи соли 1940.
6. Раҳим Ҷалил. СССР // Стахоновчӣ. №105. 7-уми ноябри соли 1940.
7. Раҳим Ҷалил Баҳор (Шеърҳо ва ҳикояҳо). –Сталинобод: Нашриёти давлатии Тоҷикистон,1950. – 75 с.
8. Раҳим Ҷалил Насими Сир. –Душанбе:Ирфон,1969. –50 с.
9. Раҳим Ҷалил. Илҳом. –Душанбе:Ирфон,1970. –118 с.
10. Раҷабов У. Асарҳои Рахим Ҷалилро бо шавқу завқ мехонем //Ҳақиқати Ленинобод. 1954. 15-уми ноябр.
11. Ҳайдаров Ғ. Нависандаи маҳбуби мо. Очерки мухтасари тарҷумаи ҳол ва эҷодиёти Раҳим Ҷалил // Нависандаи маҳбуби мо (Маҷмуаи илмии кафедраи адабиёти тоҷик).- Ленинобод, 1979. – С. 141-146.
12.Турсунов А., Ғаффоров Ӯ. Комунисти мактаби ленинӣ. //(“Адиби халқ”, Мухтасари материалҳои конфренсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба ҷашни 75-солагии Раҳим Ҷалил. - Ленинобод: Ирфон,1984. – С.8-17.