Авзони ғазалиёти Калими Кошонӣ баррасӣ шудааст. Дар ҷараёни таҳқиқ маълум гардидааст, ки дар сурудани ғазал Калими Кошонӣ асосан аз авзони маъмулии арӯз, чун ҳазаҷ, раҷаз, рамал, мутақориб,муҷтас,музореъ ва амсоли ин ба кор гирифтааст. Бар асоси басомади корбурди авзони шеърӣ дар ғазалиёти Калим муаллифон онҳоро ба се бахши зерин ҷудо кардаанд: бисёркорбурд, мутавассит ва камкорбурд. Мушаххас карда шудааст, ки аз ҳама бештар дар миёни сурудаҳои шоир вазни рамал мавриди истифода қарор гирифтааст. Шумораи умумии ғазалиёти бо ин вазн суруда 144 адад мебошад. Баҳрҳои камкорбурд бошад, сареъ ва муқтазаб буда, ба ҳардуи онҳо 1 ғазалӣ суруда шудааст. Басомади умумии авзони мавриди истифодаи Калими Кошонӣ бо шеваи таҳқиқи оморӣ дар ҷадвали махсус муқаррар карда шудааст, ки манзараи куллии корбурди тамоми вазнҳои мавҷуд дар бахши ғазалиёти девони шоирро нишон медиҳанд. Мутобиқи ин ҷадвал маълум мешавад, ки дар таркиби девони шоир 562 ғазал мавҷуд аст ва Калими Кошонӣ дар иншои чунин миқдори ғазал асосан аз 9 баҳру 24 вазни мустаъмал дар адабиёти классикии тоҷик ба кор гирифтааст.
Калим Кошонӣ; ғазал; вазн; баҳр; ҳазаҷ; рамал; муҷтас; музореъ
1. Азизов, С. Баъзе мулоҳизаҳо роҷеъ ба поэтикаи ғазалиёти Низомӣ / С. Азизов // Номаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров: илмҳои ҷомеашиносӣ. – Хуҷанд. – 2018. – № 4 (57). – С. 114-123 EDN YXICOT.
2. Кошонӣ, Калим. Девон / Калими Кошонӣ; бо тасҳеҳи Ҳасан Партави Байзовии Кошонӣ. – Теҳрон: Китобфурӯшии Хайём, 1336. – 419 с.
3. Кошонӣ, Калим. Куллиёт: бар асоси нусхаи Маликии Калим / Калими Кошонӣ; бо тасҳеҳ, муқаддима ва таълиқоти Маҳдии Садрӣ. – Теҳрон: Ҳамроҳ, 1374. – Ҷ. 1. – 590 с.
4. Кошонӣ, Калим. Куллиёт. Бар асоси нусхаи Маликии Калим / Калими Кошонӣ; ба тасҳеҳ, муқаддима ва таълиқоти Маҳдии Садрӣ. – Теҳрон: Ҳамроҳ, 1374. – Ҷ. 2. – 1158 с.
5. Кошонӣ, Калим. Девон / Калими Кошонӣ; бо муқаддима, тасҳеҳ ва луғоту тавзеҳоти Шамсиддин Нуриддинов. – Душанбе: Дониш, 2020. – 434 с.
6. Кадканӣ, Муҳаммадризо Шафеӣ. Мусиқии шеър / Муҳаммадризо Шафеии Кадканӣ. – Теҳрон: Огоҳ, 1389. – 732 с.
7. Кадканӣ, Шафеӣ. Забони шеър дар насри суфиёна: Даромаде ба сабкшиносии нигоҳи ирфонӣ / Шафеии Кадканӣ. – Теҳрон: Сухан, 1392. – 660 с.
8. Маҳмудзода О. Баррасии авзони ғазалиёти Назирии Нишопурӣ. / Паёми донишкадаи забонҳо. №3 (39). 2020, с. 78-83.
9. Нарзиқул, М. Вазни шеъри тоҷикӣ: Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ / М. Нарзиқул. – Душанбе: МТБТ ДМТ, 2021. – 144 с.
10. Нуров, Н. Особенности использования разновидностей размеров газели в "Диване" Бедиля / Н. Нуров // Вестник Таджикского государственного университета права, бизнеса и политики. Серия гуманитарных наук. – 2015. – № 2(63). – С. 40-49. – EDN UIBYIX.
11.Нуров, Н. Н. Дар шинохти нақди адабӣ ва адабиёти миллӣ / Н. Н. Нуров // "Номаи донишгоҳ" -и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, силсилаи илмҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ. – 2023. – No. 3(76). – P. 272-278. – DOI 10.51844/2077-4990-2023-3-272-278. – EDN KDCPMO.
12.Нуров, Н. Парадоксальные описания в газелях Бедиля / Н. Нуров // Вестник Таджикского государственного университета права, бизнеса и политики. Серия гуманитарных наук. – 2019. – № 2(79). – С. 21-31. – EDN QEKPQB.
13.Самарқандӣ, Малеҳо. Музаккир-ул-аҳбоб: Матни интиқодӣ бар асоси чаҳор нусхаи муҳим ба эҳтимоми Камолиддин Айнӣ. Чопи аввал.–Душанбе: Пайванд, 1385.–621 с.
14.Субхон, А. Нақди шеър дар баҳси ду шоир / А. Субхон, Б. Раҷабов // Ахбори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон. Силсилаи илмҳои гуманитарӣ. – 2020. – No. 2(83). – P. 44-55. – EDN ZDPFEJ.
15.Раджабов, Б. М. К вопросу о некоторых особенностях литературной критики Лоика Шерали / Б. М. Раджабов // Вестник Чувашского государственного педагогического университета им. И.Я. Яковлева. – 2020. – № 4(109). – С. 114-118. – DOI 10.37972/chgpu.2020.109.4.013. – EDN OEHHDD.
16.Хонларӣ, Парвиз Нотил. Вазни шеъри форсӣ / Парвиз Нотили Хонларӣ. – Теҳрон: Интишороти Тӯс, 1367. – 295с.
17.Шарифов, Х. Назмшиносӣ / Х. Шарифов,У. Тоиров. – Душанбе: Ҳумо, 2005. – 384с.