Муносибатҳои категориясози исмҳои забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ мавриди омӯзиш қарор дода шудааст. Қайд карда мешавад, ки исми забони англисӣ дорои се муносибати категориясоз мебошад: категорияи падеж, ки барои ифодаи муносибатҳои наҳвии онҳо бо дигар калимаҳои таркиби гуфтор ё тамоми гуфтор ба кор меравад; категорияи муайянию номуайянӣ, ки муносибати субъективонаи мусоҳибонро нисбати предмет ё предметҳое, ки дар гуфтор зикр мегарданд, ифода мекунад; категорияи шумора, ки маҷмӯи шаклҳои ба ҳам зидро дар бар мегирад, ки як ё зиёда аз як предметро дар назар дорад. Исми забони тоҷикӣ бошад, соҳиби ду муносибати катигориясоз аст: категорияҳои шумора ва муайяниву номуайянӣ. Категоpияи муайяниву номуайянӣ маънои гpамматикӣ ва шакли махсуси сарфӣ, дошта аз дигаp категориҳои исм фарқ мекунад. Категорияи шумора яклухтӣ ё ҷудопазирии предметҳои номбаршавандаро ифода намуда, шаклҳои танҳову ҷамъи исм ифодаи грамматикии ин категория мебошанд.
исм; муносибатҳои категориясоз; категорияи падеж; категорияи муайянию номуайянӣ; категорияи шумора; морфема; артикл; шумораи танҳо; шумораи ҷамъ
1. Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик Ҷ.1. Фонетика ва морфология. -Душанбе: Дониш, 1985. -356 с.
2. Григорьев А.Ю. Отсутствие артикля в английском языке // А.Ю. Григорьев. -Краснодар, РФ,2018 -№11 -С.113-114.
3. Лопатина, В.В. Правила русской орфографии и пунктуации / Полный академический справочник. –Москва: Эксмо, 2006. – 480 с.
4. Pустамов Ш. Таснифоти ҳиссаҳои нутқ ва мавқеи исм / Ш. Pустамов. – Душанбе: Дониш, 1972. – 92 с.
5. Сангинова Ш.А. Функционально-семантическая категория посессивности в таджикском и английском языках: дис…. канд. филол.наук: 10.02.20 / Ш.А.Сангинова. –Душанбе, 2016. -174с.
6. Смирницкий, А.И. Грамматика английского языка / А.И. Смирницкий. - Москва: Гнозис, 2002. - 256 с.
7. Тропинова, И.В. Функционально-семантическое поле посессивности в современном английском языке: дис…. канд. филол.наук: 10.02.04 / Инна Васильевна Тропинова. - Киев, 1988. - 191с.
8. Усмонов, К. Грамматикаи назарии забони англисӣ / К. Усмонов. -Душанбе, 2009. – 235 с.
9. Усмонов, К. Гамматикаи амалии забони англисӣ / К. Усмонов. -Хуҷанд, 2011. -256 с.
10.Ҷамшедов П., Убайдуллоев Р., Мухторова С. ва дигарон. Очеркҳо оид ба типологияи муқоисавии забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ. -Душанбе, 1988. -128с.
11.Юсупов, Ш.Р. Хусусиятҳои моpфологии “Ҷомеъ-ут-тавоpих”: рис. ном. илм. филол. / Ш.Р. Юсупов. -Душанбе, 2020. -145с.
12.B.A.Ilyish. The Structure of Modern English. -L. 1971. –147p.
13.Айнӣ, С. Марги судхӯр / C.Айнӣ. -Душанбе: ТҶБ Истиқбол, 2011. -156 с.
14.Ҷалил, Р. Асарҳои мунтахаб / Р.Ҷалил. -Душанбе: Адиб, 1988. -464 с.
15.Dickens Ch. Great Expectations / Ch. Dickens. -Mineola, New York: Dover Publications, INC., 2001. -256p.
16.Galsworthy, J. The Silver Spoon / J. Galsworthy, -M., 1976. – 278p.
17.Voynich, E.L. The Gadfly / E.L. Voynich, -M., 1954. -343p.