0.0/5 овоз (0 овозҳо)

«Орфографияи забони тоҷикӣ. Муҳимтарин қоидаҳо» (1940) ва мақоми он дар ташаккули имлои забони тоҷикӣ

Муаллиф (он)

Ҳомидова Замирахон .Абдуҳафизовна

Чакидаи мақола

«Орфографияи забони тоҷикӣ. Муҳимтарин қоидаҳо» (1940) нахустимлои забони тоҷикӣ бо алифбои кириллиасос ба шумор рафта, барои таҳия гардидани имлоҳои солҳои баъдӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст. Муаллифи мақола кўшиш ба харҷ додааст, ки аз нигоҳи илми забоншиносии имрўза бурду бохти қоидаҳои имлои мазкурро мавриди арзёбӣ қарор диҳад. Ҳангоми таҳлил баъзе қоидаҳои имлои 1940 бо қоидаҳои таҳияшудаи солҳои баъдӣ муқоиса гардида, дар ин замина камбудиву нуқсонҳои онро собит месозад. Дар мақола тазаккур ёфтааст, ки бештари муқаррароти имлои мавриди назар то имруз бидуни тағйирот дар имлои забони  тоҷикӣ  барҷой буда, ин шаҳодат аз он медиҳад, ки мураттибон зимни таҳияи аввалин қоидаҳои имло бо хатти имрўза раванди дурустро пеш гирифтаанд.

Калидвожаҳо

имлои забони тоҷикӣ, алифбо, алифбои кириллиасоси тоҷикӣ, таҳияи имло, орфографияи забони тоҷикӣ(1940)

Пайнавишт

1. Имлои забони тоҷикӣ. – Душанбе: Ирфон, 1999. – 36с.

2. Қоидаҳои асосии имлои забони адабии тоҷик.- Душанбе: Ирфон,1972.- 32с.

3. Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ.- Душанбе: Шарқи озод, 2011.- 48 с.

4. Орфографияи забони тоҷикӣ. Муҳимтарин қоидаҳо. – Сталинобод-Ленинград: НашрдавТоҷ, 1940. – 28с.

Таърихи нашр

Вторник, 17 Январь 2017