0.0/5 овоз (0 овозҳо)

Баъзе муаммоҳои нақди адабиёти нави тоҷик дар солҳои 20-уми асри ХХ (Тафсири як мақолаи Шарифҷон Ҳусейнзода дар маҷаллаи «Раҳбари дониш»)

Муаллиф (он)

Саидхоҷаева Маликахон Алиевна

Чакидаи мақола

Дар мақола мақоми аввалин навиштаҳои маҷаллаи “Раҳбари дониш” дар боби таҳлилу баррасии масъалаҳои адабиёти навини тоҷик, танқиди ҷараёни ҷадидия ва пешвоёни он, амсоли «намояндаи пурзўри ҷадидон ва адиби мумтози адабиёти он давр» Абдурауфи Фитрат ва асарҳои «Сайёҳи ҳиндӣ» ва «Мунозара» мавриди таҳлил қарор гириф­тааст. Ба силсилаи мақолаҳои адабиётшиноси тоҷик Шарифҷон Ҳусайнзода  “Мубориза дар ҷабҳаи адабиёти тоҷик ки дар раванди фаҳмиши моҳияти табаддулоти инқилобии оғози асри ХХ ва нақши он дар таърихи халқи тоҷик ва адабиёти он арзиши муайян дорад, диқкати махсус дода шудааст. Қайд гардидааст, ки дар навиштаи Ҳусейнзода  масъалаи  пайдоиш ва моҳияти иҷтимоии ҷадидизм дар даҳсолаҳои аввали садаи ХХ, содаю дастраси омма кардани забони тоҷикӣ, омўзиши забони русӣ мавриди таҳлил қарор гирифтааст.  Дар баробари ин муаллиф дастовардҳо ва заъфи асарҳои адабии Фитрат, Айнӣ, Беҳбудӣ, Азизӣ ва дигаронро аз нигоҳи аввалин навиштаҳои маҷалла мавриди гуфтугў қарор додааст.

Калидвожаҳо

таърихи адабиёти муосири тоҷик, нақди адабӣ, нақди адабиёти нави тоҷик, маҷаллаи “Раҳбари дониш”, Шарифҷон Ҳусейнзода, Абдурауф Фитрат

Пайнавишт

1.    Андамов, Х. «Раҳбари дониш» – маҷаллаи маорифӣ ва адабӣ / Х. Андамов.–Душанбе: Истеъдод, 2017.–128 с.

2.    Аъзамов, С. Матбуотшиносӣ ва нақди матбуотӣ: Асосҳои иҷтимоии масъалаҳои мат­буот дар маҷаллаи “Раҳбари дониш” / С. Аъзамов, М. Саидхоҷаева // Номаи донишгоҳ: Силсилаи илмҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ.–2017.–№2(51).–С. 115-122.

3.    Бақозода, Ҷ. Инқилоби Октябр ва афкори адабию эстетикии тоҷик дар солҳои бистум / Ҷ. Бақозода // Нависанда ва идеали замон.–Душанбе: Адиб, 1987.–С. 205-223.

4.    Набиев, А. Адабиёт ва нақди адабӣ / А. Набиев.–Душанбе: Адиб, 1993.–260 с.

5.    Раҷабӣ, М. Таъриxи танқид ва адабиётшиносӣ (Асосҳои назариву эстетикии адабиёти тоҷикии марҳалаи якум. Солҳои 1920-1954) / М. Раҷабӣ.–Душанбе: Адиб, 1997.–208 с.

6.    Сайфуллоев, А. Фурўғи маънавият / А. Сайфуллоев.–Душанбе: Нашриёти давлатии ба номи Раҳим Ҷалил, 2003.–616 с.

7.    Ҳамроев, Ҷ. Таърихи танқиди адабӣ / Ҷ. Ҳамроев.–Душанбе: Ирфон, 2006.–436 с.

8.    Ҳусейнзода, Ш. Муборизадар ҷабҳаиадабиёти тоҷик / Ш. Ҳусейнзода // Раҳбари дониш.–1930.–№4-5(31-32).–С. 27-28.

 9.    Ҳусейнзода, Ш. Мубориза дар ҷабҳаиадабиётитоҷик (давом аз №4-5) / Ш. Ҳусейнзода // Раҳбари дониш.–1930.–№6(33).–С. 19-20. 

Таърихи нашр

Вторник, 28 Ноябрь 2017