1.0/5 овоз (1 овозҳо)

Дар бораи як нусхаи «Тазкираи Фаҳмӣ»

Муаллиф (он)

Мирзоюнус Матлуба (Хоҷаева Матлуба Юнусовна)

Чакидаи мақола

Дар мақола сухан дар бораи як нусхаи тазкираи Абдулмутталибхоҷаи Фаҳмӣ меравад, ки аз 80 саҳифа иборат буда, дар нимаи дувуми асри ХIХ таълиф шудааст. Муаллифи мақола аз мавҷудияти ду нусхаи ин асар маълумот дода, дар заминаи нусхае, ки дар захираи дастхатҳои АИ ҶТ маҳфуз аст, дар қиёс бо тазкираҳои дигари ин давра хусусиятҳои ин нусхаро муайян намудааст. Зимни таҳқиқи ин асар муаллиф ба хулосае расидааст, ки Фаҳмӣ дар тазкираи худ маълумоти тоза овардааст, ки дар тазкираҳои дигар ба назар намерасанд ва ин ки устод Айнӣ дар «Намунаи адабиёти тоҷик» ду мақолаи онро нақл кардааст, аз арзиши ин тазкира дарак медиҳад. Ба даст омадани нусхаи дувум ва муқоисаи ин ду нусха матолиби наверо дар ихтиёри мо хоҳад гузошт ва чандин масоили баҳснок ҳалли худро хоҳанд ёфт.

Калидвожаҳо

тазкира, дастнавис, сарчашма, АбдулмутталибхоҷаиФаҳмӣ, ҚорӣРаҳматуллоҳиВозеҳ, «Намунаиадабиётитоҷик»-иСадриддинАйнӣ, РасулҲодизода

Пайнавишт

1.    Абдӣ, Абдуллохоҷа. Тазкират-уш-шуаро.Бо тасҳеҳ ва муқаддимаи Асғари Ҷонфидо. - Душанбе, 1983.-304 с.

2.    Айнӣ, Садриддин. Намунаи адабиёти тоҷик. - Душанбе: Адиб, 2010 -448 с.

3.    Возеҳ, Қорӣ Раҳматуллоҳ. «Тўҳфату-л-аҳбоб фӣ тазкирати-л-асҳоб».-  Душанбе: Дониш, 1977.- 225 с.

4.    Мўҳтарам, Ҳоҷӣ Неъматуллоҳ. Тазкират-уш-шуаро. Бо тасҳеҳ ва муқаддимаи Асғари Ҷонфидо. - Душанбе, 1975.- 369 с.

5.    Садри Зиё, Шарифҷон Махдум. Тазкори ашъор.- Теҳрон, 1380.

- 428 с.

6.    Тазкираи Фаҳмӣ. Нусхаи дастнавис рақами № 952 дар захираи дастхатҳои АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфуз аст.

7.    Хадизаде Р. Источники к изучению таджикской литературы второй половины Х1Х века.- Сталинабад, 1956. – 140 с.

8.    Ҳодизода Р. Адабиёти тоҷик дар нимаи дувуми асри Х1Х. -Душанбе, 1968. -294 с.

 9.    Шаръӣ, Ҳоҷӣ Абдулазим. Тазкират-уш-шуаро.- Хуҷанд, 2015.- 228 с.

Таърихи нашр

Вторник, 28 Ноябрь 2017