0.0/5 овоз (0 овозҳо)

Даврабандии ғазали форсии садаи XX-и Эрон

Муаллиф (он)

Расулзода Алидод

Чакидаи мақола

Ҳарчанд вариантҳои гуногуни даврабандии ғазали форсӣ дар карни мозӣ аз ҷониби адабиётшиносони маъруф, аз  қабили Сируси Шамисо, Шафеии Кадкани, Муҳаммади Ҳуқуқӣ, Муҳаммад Ҷаъфари Ёҳаққӣ ба аҳли сухан  пешниҳод гардидааст, то имрўз даврабандии комили  ин қолаби шеърӣ, ки мақбули умум бошад, сурат  нагирифтааст. Дар мақола таъкид ба он меравад, ки ҳини даврабандӣ  адабиётшиносон бештар се омилро  ба назар мегиранд: 1) меъёрҳои сиёсию иҷтимои ва иқтисодӣ; 2) таҳаввулоти шаклию мундариҷавӣ; 3) завқу саликаи муҳаққиқ.

Муаллиф афзалияту норасоиҳои даврабандиҳои Шамисо, Кадканӣ, Ҳуқуқӣ, Ёҳаққиро мавриди таҳлил қарор дода, давраҳои зерини ғазали форсиро дар асри мавриди назар пешниҳод мекунад:

 1. Давраи машрутят то ба сари салтанат омадани Ризошоҳ; 2. Давраи ризошоҳӣ (то соли 1979): а) ғазали анъанавӣ; б) ғазали нав; 3. Давраи инқилоби исломӣ (1979 то имрўз). Тавсифи мухтасари  вижагиҳои ҳар давра сурат гирифтааст.

Калидвожаҳо

таърихиадабиётиЭрон, назмимуосирифорсӣ, жанрҳоиадабӣ, ғазалшеъринав, даврабандииғазалифорсӣдар  садаиХХ

Пайнавишт

1. Асозода Х. Адабиёти Эрон дар садаи XX. -Душанбе, 1997.-272 с.

2.Баъзе масъалаҳои актуалии филологияи Эрон. Маҷмўаи мақолаҳо.- Душанбе, 1990.-108 с.

3.Зокирҳусайн А. Адабиёти сиёсии Эрон дар аҳди машрутият. -Теҳрон, 1377.-794 с.

4.Ёҳаққӣ М. Чун сабўи ташна. -Теҳрон, 1375.-374с.

5. Кадканӣ М.Адвори шеъри форсӣ аз машрутият то суқути салтанат. -Теҳрон, 1383.-175 с.

6.Комиссаров Д.С. Пути развития, новой и новейшей персидской литературы.- М.: Наука, 1982.-294 с.

7.Маҷмўаи мақолаҳои семинорӣ. Баррасии адабиёти Инқилоби исломӣ. –Теҳрон: Самт,1373.-658 с.

8.Муллоаҳмадов М. Лирикаи Адибулмамолики Амирӣ. -Душанбе. 1985.-174 с.

9.Ориянпур Я. Аз Сабо то Нимо. -Теҳрон, 1978.-267с.

10.Хўҷамуродов О. Адабиёти аҳди машрутаи Эрон. -Душанбе, 2002.-66 с.

11.Ҳуқуқӣ М. Муруре ба таърихи адабу адабиёти имрўзи Эрон. – Теҳрон: Қатра, 1372.-620 с.

12.Шамисо С. Сайри ғазал дар шеъри форсӣ. – Теҳрон: Фирдавс, 1376.-320 с.

13.Шамисо С. Сабкшиносии шеър. –Теҳрон: Фирдавс,  1374. -431 с.

14.Шикебо П. Шеъри форсӣ аз оғоз то имрўз. –Теҳрон: Ҳирманд, 1373. - 463 с.

Таърихи нашр

Вторник, 28 Ноябрь 2017