1.0/5 овоз (1 овозҳо)

Шинохти Хоқонӣ аз нигоҳе дигар

Муаллиф (он)

Ҳоҷиев Абдуфаттоҳ

Чакидаи мақола

Мақола ба мавзўи мақоми ирфон дар эҷодиёти Афзалуддини Хоқонӣ (асри ХII) бахшида шудааст. Муаллиф кўшиш ба харҷ додааст, ба мулоҳизаҳои олими маъруф Фурўзонфар роҷеъ ба афкори сўфиёнаи Хоқонӣ тасҳеҳ ворид созад.  Дар асоси гуфтаҳои устод ва раҳнамои бузургтарин орифи форсу тоҷик Ҷалолуддини Румӣ – Шамси Табрезӣ, ки арзиши ду байти Хоқониро аз кулли девони асосгузори  ирфон дар адабиёти форсу тоҷик – Саноии Ғазнавӣ боло гузоштааст ва  мулоҳизаҳои Ҷомӣ дар «Нафаҳот-ул-унс», ҳамчунин мисолҳои сершумор аз девони Ҳоқонӣ дар бобати мақоми ирфонии  шоири Шарвонӣ андешаҳои ҷолиб  баён гардиданд. Муаллиф ба хулоса расидааст, ки вуҷуди масъалаҳои ирфонӣ дар ашъори  Хоқонии Шарвонӣ аз муҳаққиқон нигоҳи ҷиддитареро ба ҷойгоҳи ин шоир дар адабиёти  ирфонӣ тақозо менамояд.

Калидвожаҳо

таърихи адабиёти форс-тоҷик дар қарни ХII, адабиёти ирфонӣ, Шамси Табрезӣ, «Рисолаи Сипаҳсолор», «Нафаҳот-ул-унс»-и Ҷомӣ

Пайнавишт

1.    Абдурраҳмони Ҷомӣ. Нафаҳот-ал-унс мин ҳазарот-ал-қудс. Муқаддима, тасҳеҳ ва таълиқоти Маҳмуди Обиди.-Теҳрон, Сухан, 1386.-1216 с.

2.    Афзалуддин Бадил ибни Алӣ Наҷҷори Хоқонӣ. Туҳфат-ул-ироқайн.. Бо эҳтимом ва тасҳеҳи Яҳё Қариб.-Теҳрон, Ширкати саҳҳомии китобҳои ҷайбӣ, 1357

3.     Афзалуддин Бадил ибни Алӣ Наҷҷори Хоқонӣ.Девон. Бо кўшиши Зиёуддини Саҷҷодӣ.- Теҳрон, Заввор, 1388.-1085 с.

4.    Алиасғари Мирбоқарифард. Ганҷи фақр/Маҷаллаи донишкадаи адабиёт ва улуми инсонӣ, шумораи 42 ва 43.-Теҳрон, 1382.- с.109-130

5.    Бадеуззамон Фурўзонфар. Сухан ва суханварон.-Теҳрон, Заввор, 1387.-718 с.

6.    Зарринтоҷ Самеъпур. Хоқонӣ ва ирфону тасаввуф/Маҷаллаи рушди омўзиши забон ва адабиёти форсӣ, шумораи 76, Теҳрон, 1384.-с.21-25

7.    Муҳаммад Авфӣ. Лубоб-ул-албоб. Бо муқаддимаи Муҳаммад Қазвинӣ ва таҳқиқоту таълиқоти Саид Нафисӣ.-Теҳрон, Ҳирмис, 1389.-1082 с.

8.    Маъсума Маъданкан. Ирфони Хоқонӣ/Маҷаллаи донишкадаи адабиёт ва улуми инсонии Табрез, шумораи 185.-Табрез, 1381.-с.7-22

9.    Сиёваш Муродӣ, Муҳаммадризо Қорӣ. Восозӣ дар мусталеҳоти ирфонии Девони Хоқонӣ/Фаслномаи «Ирфониёт дар адаби форсӣ», шумораи 30.-Теҳрон, 1396.-с.88-111

10.              Фаредун ибни Аҳмади Сипаҳсолор. Рислаи сипаҳсолор/Таҳия, тавзеҳ ва муқаддимаи Тоҷибой Султонӣ.-Хуҷанд, Хуросон, 2015.-208 с.

11.              Шамсиддин Муҳаммади Табрезӣ. Мақолоти Шамси Табрезӣ/Тасҳеҳи муҳаммадалии Муваҳҳид.-Теҳрон, Хоразмӣ, 1369.-1032 с.

 12.              Шамсиддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ. Девон/Муқаддимаи Шаҳло Солеҳӣ.-Теҳрон, Марзи фикр, 1385.- 585 с.

Таърихи нашр

Четверг, 22 Февраль 2018