Дар ин мақола заминаҳои пайдоиш ва марҳилаҳои таърихии шеъри муқовимат ва пойдорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, унсурҳо ва падидаҳои он дар ашъори устод Садриддин Айнӣшарҳу тавзеҳ ёфтааст. Бо такя дар намунаҳои ашъори Устод Айнӣ муаллиф муқаррар намудааст, ки дар адабиёти муосири тоҷик ў аз нахустин шоироне ба шумор меравад, ки бо ҷасорати адабӣ дар замони инқилобҳову табаддулотҳои сиёсӣ баромада, аз арзишҳои фарҳангӣ ва маънавии халқи хеш дифоъ намудааст. Аз ин рў, дар ин мақола бо фароҳамоварии намунаҳои ашъор ва бозгӯии мавзӯоти осори муқовиматҷўёнаи суханвар муаллиф ба чунин хулоса расидааст, ки устод Садриддин Айнӣ бо сурудани ашъори инқилобӣ ва тафсири эҳсоси оштинопазирии хеш нисбат ба зулму тааддии ҳукумати подшоҳӣ тавонист, ки дар оғози адабиёти муосири тоҷик ба зуҳури падидаҳои муқоват дар шеъри нави тоҷик рисолати хешро дар ин самт низ ҳамчун бунёдгузори адабиёти давраи нави Тоҷикистон ба иҷро расонад.
Садриддин Айнӣ, эҷодиёти шоир, шеърҳои муқовимат, табаддулоти сиёсӣ, ҳифзи арзишҳои маънавӣ, тафаккур аз зўроварӣ, адабиёти муосири тоҷик
1. Айнӣ, Садриддин. Куллиёт. -Душанбе, Ирфон, 1981, ҷ 8.– 524 с.
2. Муҳсиниё, Носир. Мабонии адабиёти муқовимати Эрон ва Араб. / Фаслномаи “Адабиёти пойдорӣ”. Донишкадаи адабиёт ва улуми инсонии Донишгоҳи Кирмон. Соли аввал, шумораи аввал, тирамоҳи 1388. Саҳ. 143- 158.
3. Набавӣ, Абдухолиқ. «Бухорои шариф» сароғози матбуоти миллӣ. – Душанбе: Бухоро, 2012. –182 с.
4. Нуров Н. Адабиёти муқовимат ва шеъри пойдорӣ дар Тоҷикистон. Дар китоби «Дуруди меҳр». Маҷмўаи мақолаҳои илмӣ бахшида ба 80 солагии Арбоби шоистаи фарҳанги Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор А. Сайфуллоев.- Хуҷанд: - Меъроҷ, 2013. Саҳ. 152-162.
5. Раҷабӣ, Маъруф. Ислом: ҷадидия ва инқилоб. – Душанбе: Дониш,1997. – 245 с.
6. Сафизода Форуқ. “Адабиёти муқовимати Эрон” (аз фурўпошии Сосониён то инқилоби Машрута”. Теҳрон, “Эронҷом”, 1381. 141. С.
7. Шакурӣ, Муҳаммадҷон. Пантуркизм ва сарнавишти таърихии тоҷикон. – Душанбе: Адиб, 2012.–304 с.
8. Шакурӣ, Муҳаммадҷон. Садриддин Айнӣ – равшангари бузурги таърих. – Хуҷанд: Нури маърифат: 2001. – 106 с.