3.7/5 овоз (3 овозҳо)

Фразеологизмҳо дар фарҳанги “Бурҳони қотеъ”-и Муҳаммадҳусайн Бурҳон

Муаллиф (он)

Раҳматова Шаҳноза Равшановна

Чакидаи мақола

Мақолаи мазкур оид ба масъалаи омўзиши фразеологизмҳо дар фарҳанги “Бурҳони қотеъ”-и Муҳаммадҳусайни Бурҳон бахшида шудааст. Таъкид шудааст, ки ин фарҳанг аз ҷумлаи фарҳангҳое мебошад, ки пас аз худ раванди нави фарҳангнигориро дар фарҳангнависии форсӣ-тоҷикӣ ба миён овардааст. Аз ҷумла, бо тартиби алифбоӣ овардани моддаи луғавӣ, зиёд кардани миқдори моддаҳо (20 ҳазор), ба фарҳанг ворид кардани архаизмҳо, калимаҳои иқтибосӣ, фразеологизмҳо, ҷумлаҳо ва амсоли ин аз муҳимтарин хусусиятҳои ин раванд маҳсуб меёбад. Муаллиф воҳидҳои фразеологии фарҳангро тибқи тақсимбандии меъёрҳои забони адабии ҳозираи тоҷик ба навъҳо ҷудо намуда, миқдори онро 3562 адад муайян наму¬дааст. Хуллас, дар ин мақола дар “Бурҳони қотеъ” ҳамчун моддаи луғавӣ овардани ибо¬раҳо, таркибҳо ва ҷумлаҳои фразеологӣ таҳқиқ карда шудааст, ки ин яке аз вежагиҳои хоси фарҳанги мазкур мебошад.

Калидвожаҳо

“Бурҳони қотеъ”-и Муҳаммадҳусайни Бурҳон, фарҳангнигории форсӣ-тоҷикӣ, фарҳангҳои тафсирии форсӣ-тоҷикӣ, фразеологизм, усули ташреҳ

Пайнавишт

1.         Камолиддинов Б. Ҳусни баён. – Душанбе: Маориф, 1989. -118 с.

2.         Маҷидов Ҳ. Фразеологияи забони ҳозираи тоҷик. Дастури таълимӣ.- Душанбе: Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, 1982.-102 с.

3.         Муҳаммадҳусайни Бурҳон. Бурҳони қотеъ (ҷилди 1). Таҳияи матн бо пешгуфтор, мулҳақот, тавзеҳот ва феҳристи Амон Нуров.-Душанбе: Адиб, 1993.- 416 с.

4.         Муҳаммадҳусайни Бурҳон. Бурҳони қотеъ (ҷилди 2). Таҳияи матн бо пешгуфтор, мулҳақот, тавзеҳот ва феҳристи Амон Нуров.-Душанбе: Адиб, 2004.- 424 с.

5.         Муҳаммадҳусайни Бурҳон. Бурҳони қотеъ (ҷилди 3). Таҳияи матн бо пешгуфтор, мулҳақот, тавзеҳот ва феҳристи Амон Нуров.-Душанбе:Адиб, 2014.- 400 с.

6.         Тақиуддин Авҳадии Балёнӣ. Сурмаи сулаймонӣ. Фароҳамоварандаи матн, муаллифи пешгуфтор, ҳавошӣ, тавзеҳот, феҳрист ва мақола Фирўзахон Ғиёсова.-Хуҷанд: Нури маърифат, 2006.-486 с.

7.         Фозилов М. Фарҳанги ибораҳои рехтаи забони ҳозираи тоҷик (ҷилди 1). – Душанбе, 1963. 952 с.

Таърихи нашр

Четверг, 23 Январь 2020