0.0/5 овоз (0 овозҳо)

Мулоҳизаҳо дар бораи фаъолияти тарҷумонии Лоиқ Шералӣ

Муаллиф (он)

Ҳомидова Наргис Шарифҷоновна

Чакидаи мақола

Дар мақола фаъолияти тарҷумонии яке аз шоирони барҷастаи тоҷик Лоиқ Шералӣ дар намунаи тарҷумаи ашъори Сергей Есенин ба забони тоҷикӣ мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Дар асоси  тадқиқи муқоисавии тарҷумаи шеърҳои Сергей Есенин  ба забони  тоҷикӣ аз ҷониби мутарҷимони гуногун, аз ҷумла Аслам Адҳам ва Лоиқ Шералӣ  бартариҳои тарҷумаи Лоиқ собит карда шудааст. Таҳлили муфассал ва амиқу қиёсии  тарчумаи тоҷикӣ ва асли русии баъзе шеърҳои С. Есенин аз  силсилаи “Савтҳои форсӣ” сурат гирифтааст. Таъсири  сабки шоирии  Сергей Есенин ба эҷодиёти Лоиқ Шералӣ таъкид шудааст. Муаллиф ба хулоса омадааст, ки солҳои 60-70-уми қарни ХХ фаъолияти тарҷумонии Лоиқ Шералӣ байни  шеъри  форсу тоҷик ва  адабиёти ҷаҳон пайванде ба вуҷуд овард. Дар бораи  вижагиҳои фаъолияти тарҷумонии Бозор Собир ва Мӯъмин Қаноат изҳори  ақида шудааст.

Калидвожаҳо

адабиёти муосири тоҷик, тарҷумаи бадеӣ, эҷодиёти Сергей Есенин, Лоик Шералӣ, “Савтҳои форсӣ”, Бозор Собир, Мӯъмин Қаноат

Пайнавишт

1. Самад В. «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва Чернишевский.–Душанбе: Адиб, 2004.–400 с.

2. Есенин С. Оҳангҳои форсӣ. Аз русӣ тарҷумаи Лоиқ.–Садои Шарқ.–1965.–№11.–С.112-119.

3. Нарзиқул М. Фурӯғи ҳастӣ (зиндагинома, баррасӣ ва нақди ашъори Лоиқ).–Душанбе: Адиб, 2002.–120 с.

4. Давронов А. Адабиёт ва воқеият (Маҷмӯаи мақолаҳо).–Душанбе, 2003.–258 с.

5. Давронов А. Адабиёт ва замон (Масъалаҳои равобити адабӣ ва тарҷумаи бадеӣ). – Душанбе: Ирфон, 1996. – 54 с.

6. Есенин С. Гулафшон (Шеърҳо. Савтҳои форсӣ. Достонҳо). Тарҷумаи Лоиқ, Бозор Собир, Мӯъмин Қаноат.–Душанбе: Ирфон, 1977.–208 с.

7. Лермонтов М.Ю. Шеърҳо ва достонҳо. Тарҷума аз русӣ.–Душанбе:       Маориф, 1980.–128 с.

8. Сатторов А. Маъҷизаи шеър// Есенин С. Гулафшон (Шеърҳо. Савтҳои форсӣ. Достонҳо). – Душанбе: Ирфон, 1977. – С. 3-8.

9. Есенин С. Ашки маҳтоб. Тарҷумаи Лоиқ ва Бозор Собир.–Садои Шарқ.–1977.–№11.–С.92-99.

10. Сатторзода А. Мероси дили шоири дилдода ва озода.// Лоиқ Шералӣ. Куллиёт (иборат аз 2 ҷилд). Ҷилди I (Китоби якум).–Хуҷанд: Нашриёти давлатии ба номи Р.Ҷалил, 2001.–С.5-29.

Таърихи нашр

Вторник, 23 Апрель 2019