Зикр гардидааст, ки ҳарчанд забони модарии Муҳаммад Иқбол забони урду буд, ӯ барои баёни афкораш дар забони шеър лисони Румӣ ва Ҳофиз – забони форсии тоҷикиро интихоб кардааст. Иқбол забони форсии тоҷикиро на танҳо барои баён афкори амиқи фалсафӣ истифода бурдааст, балки дар рушди ин забон, хосса дар калимасозии он саҳми арзанда гузоштааст. Дар забони шоиронаи Иқбол мафҳумҳои сухан ва забон мақоми махсус доранд. Таъкид шудааст, ки шоир имкониятҳои калимаофаринии вожаҳои мазкурро дар сохтани калимаҳои нави мураккаб фаъолона истифода бурдааст. Маводи ғанӣ аз эҷодиёти шоир, ки аз маҳорати бесобиқаи ӯ дар офариниши ибораҳои маҷозӣ бо истифодаи вожаҳои забон ва сухан шаҳодат медиҳад, зикр ва гурӯҳбандӣ шудааст. Нақши вожаҳои мазкур дар офаридани ташбеҳоти иғроқофарин мавриди таҳлил қарор гирифтааст.
эҷодиёти Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ, забони форсии тоҷикӣ, калимасозӣ, каломи шоирона, калимаи мураккаб
Муҳаммад Иқбол. Куллиёти форсӣ. Нашри тоҷикӣ. / Анҷумани Иқбол. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Таҳиякунандагони матн: Шарафнисо Пӯлодова, Алии Муҳаммадӣ, Ҷобулқои Додалишоҳ, Азим Байзоев, Музаффари Муҳаммадӣ. IQBal Academy Pakistan.–590 саҳ.; Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ. Кул-лиёти форсӣ. Нашри тоҷикӣ / Таҳияи Алии Муҳаммадии Хуросонӣ ва Шарафни-со Пӯлодова.–Душанбе: Дониш, 2013.–672 с.
2. Муҳаммад Иқбол. Пайғоми Машриқ / Мураттиб Абдуллоҷон Ғаффоров.– Душанбе: Адиб, 1987.– 320 с.
3. Фарҳанги баёни андешаҳо. Нашри Эрон / Таълифи Муҳсин Сабо.– Теҳрон: Нашри «Фарҳанг», 1366.– 688 с.
4. Фарҳанги бузурги сухан. Иборат аз 8 ҷилд. Ҷ . 4 / Таҳияи Ҳасан Анварӣ.– Теҳрон: Сухан, 1381.– 7592 с.
5. Фарҳанги забони тоҷикӣ / Асри х ва ибтидои асри хх / Иборат аз ду ҷилд.– Масква: Советская энциклопедия, 1969.–1904 с.
6. Анварӣ Сулаймон. Арзиши бадеии сухан / Сулаймон Анварӣ.– Душанбе: Адиб, 2017.– 156 с.
7. Анварӣ Сулаймон , Табаров Хайруллоҳ / Ҳоҷӣ Ҳусайн ва арзиши сухан / Сулаймон Анварӣ, Хайруллоҳ Табаров.– Душанбе: Адиб, 2013.– 128 с.
8. Сабзаев Саидқул. Маҳорати суханварии Носири Хусрав / Саидқул Сабзаев.–Душанбе: Адиб, 2003.– 45 с.
9. Дар бораи адабиёт ва нақди адабӣ. Ҷ.2. Нашри Эрон / Нигориши Хусрави Фаршедвард.– Теҳрон: Муассисаи интишороти «Амири Кабир», 1363.– 985 с.
10. Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. Ҷ.1/ Фонетика ва морфология.– Душанбе: Дониш, 1985.– 356 с.