Мақолаи мазкур дар мавзӯи мероси номанигории арабизабони форсу тоҷик Абдулҳамиди Котиб маълумот медиҳад. Муаллифи мақола дар асоси осори адабии тоисломии эронӣ ва осори муҳаққиқони асри миёна ба натиҷае расидааст, ки пас аз фатҳи араб бисёре аз осори тоисломии эронӣ ба адабиёти арабизабон интиқол шудаанд. Дар мақола муаллиф идомаи суннатҳои номанигории тоисломии эрониро дар эҷодиёти Абдулҳамиди Котиб мавриди баррасӣ қарор додааст. Масъалаҳои қаблан таҳқиқнашуда, ба монанди суннатҳои номанигории фарҳангу тамаддуни тоисломии эронӣ (аз қабили ойинҳои дабирӣ, дар васфи бародарӣ ва ойини ҳарб), ки дар номаҳои “Рисола или-л-куттоб”, “Дар васфи бародарӣ” ва “Номаи Абдулҳамиди Котиб аз сӯи Марвон ибни Муҳаммад ба писар ва валиаҳди ӯ-Абдуллоҳ” инъикос ёфтаанд ва дар номанигории араб мавзӯи нав ба ҳисоб мерафтанд, матраҳ шудаанд. Муаллифи мақола ба бардоште расидааст, ки номаҳои Абдулҳамиди Котиб ба рушду ташаккули номанигорӣ дар адабиёти арабизабони форсу тоҷик таъсири амиқ расонидаанд.
Абдулҳамиди Котиб, жанри номанигорӣ, таъсири адабиёти паҳлавӣ ба адабиёти араб, марҳилаи арабизабони адабиёти форсу тоҷик, робитаҳои адабӣ
1. Аббос, Эҳсон. Маломиҳу юнонияти фи-л-адаби-л-арабиййи (Греческие элементы в арабских литературах). – Бейрут, 1993
2. Аскарӣ, Абӯҳилол. Ас-синоатайн (Книга о двух литературных искусствах). / Абӯҳилол, Аскарӣ. – Миср, 1952. – 528 с.
3. Зохидов, Н. Арабоязычная проза персидско-таджикской литературы в VIII-IX веках. / Н. Зохидов. – Худжанд: Нури маърифат, 2004. – 402 с.
4. Ибн Кутайба. Уюн ал-ахбор (Источники рассказов). Том 1. / Ибн Кутайба. – Каир: Дор ал-Миср, 1996. – 349 с.
5. Ибни Муқаффаъ, Абдуллоҳ. Осори Ибни Муқаффаъ (Произведение Ибн Мукаффаа). – Бейрут: 1989. – 344 с.
6. Кайковус, Унсурулмаолӣ. Қобуснома (Кабуснама). / Унсурулмаолӣ, Кайковус – Душанбе, 2007. – 200 с.
7. Калкашанди, Абул Аббас. Субх ал-аъшо фи синоат ал-иншо (Светоч для слепого в чистописании). Том 10. / Абул Аббос, Калкашанди. – Каир: Дор ал-Миср, 1916. – 475 с.
8. Кристинсин Артур. Эрон дар замони Сосониён (Иранцы в эпоху Сасанидов). / Артур, Кристинсин. – Теҳрон,1384. – 712 с.
9. Омирӣ, Абулҳасан. ас-Саодату ва-л-исъод (Счастье и осчасливливание). / Абулҳасан, Омирӣ. – Теҳрон, 1336. – 220 с.
10. Самарқандӣ, Низомӣ арӯзӣ. Чаҳор мақола (Четыре беседы). /Низомӣ арӯзӣ, Самарқандӣ. – Душанбе, 1986. – 160 с.
11. Таха, Хусайн. Мин таърих ал-адаб ал-араби (Из истории арабской литературы). Том.1-3 / Хусайн, Таха. – Бейрут: Дор ал-илм, 1980. – 480 с.
12. Джахшияри, Мухаммад ибн Абдус. альВузара ва-лкуттаб (Книга о везирях и писцах). Перевод Абул Фазл Таботабои / Мухаммад ибн Абдус, Джахшияри. – Техрон 1348. – 439 с.
13. Джахиз, Амр ибн Бахр. Аль-Баян в-ат-табйин (Книга ясного изложения и разъяснения). Т.1-2. / Амр ибн Бахр, Джахиз. – Миср 1993
14. Шавки, Зайф. Таърих ал-адаб ал-араб. (История арабской литературы) / Зайф, Шавки. – Каир: Дор ал-маориф, 1999. – 576 с.
15. Шарҳи аҳвол ва ашъори шоирони бедевон дар қарнҳои 3-4-5 ҳиҷрии қамарӣ. Тасҳеҳи Маҳмуди Мудаббирӣ.-Теҳрон, 1370