0.0/5 овоз (0 овозҳо)

АШЪОРИ ИҶТИМОИИ ШОИРОНИ ҲАВЗАИ АДАБИИ ХӮҚАНД ВА ВИЖАГИҲОИ НАҚДИ ОН

Муаллиф (он)

Охунҷонова Н.Р.

Чакидаи мақола

Дар мақола оҳангҳои иҷтимоӣ дар осори устодони барҷастаи назми асри Х1Х дар доираи адабии Хӯқанд таҳлил карда шудаанд. Таъкид карда мешавад, ки бинобар муносибати синфии адабиётшиносии давраи шӯравӣ, бисёр шоирони  мутавассит ва камҳунар чун намояндагони барҷаста муаррифӣ гардидаанд. Эҷодиёти Муҳаммадшариф Гулханӣ, ки мунаққидони шӯравии тоҷик онро баландтарин нуқтаи рушди шеъри миллӣ донистанд, намунаи равшани ин иддао мебошад.

Айни замон, оҳангҳои иҷтимоӣ дар осори шоирони хеле болаёқат, аз қабили Адо, Ғозӣ ва дигарон аз ҷониби адабиётшиносон диққати ҷиддӣ дода нашудааст. Ба оҳангҳои эътироз алайҳи табақаи ҳукмрон, нобаробарии одамон, танқиди рӯҳониёни риёкор эътибори махсус дода мешавад.

Таъкид шудааст, ки дар ҳавзаи адабии асри  Х1Х дар Хӯқанд дидгоҳҳои нави адабӣ ва принсипҳои махсуси эстетикӣ ташаккул ёфтаанд, ки мутаассифона, то ҳол объекти омӯзиши алоҳида қарор нагирифтаанд.

Калидвожаҳо

доираи адабии Хӯқанд дар асри Х1Х , шеъри иҷтимоӣ, нақди адабӣ, Гулханӣ, Маъдани Понғозӣ, Адо, Ҳозиқи Ҳиравӣ

Пайнавишт

1.        Амирқулов, С. Адабиёти тоҷик дар нимаи аввали асри ХIХ: китоби дарсӣ / Субҳон Амирқулов. – Душанбе, 1980. – 289 с. 

2.        Амирқулов, С. Нигоҳе ба инкишофи таърихии адабиёти тоҷик дар Мовароуннаҳр (қарни ХIХ) / Субҳон Амирқулов. – Маҷмӯи мақолаҳо. – Душанбе: Ирфон, 2010. – 230 с.

3.        Амирқулов, С. Таҳаввули жанрҳои адабиёти тоҷик дар нимаи аввали асри ХIХ / Субҳон Амирқулов. – Душанбе: Деваштич, 2005. – 128 с.

4.        Каримов, У. Адабиёти тоҷик дар нимаи дуввуми асри ХVIII ва аввали асри ХIХ: китоби дарсӣ / Усмон Каримов. – Душанбе: Дониш, 1974. – 187 с.

5.        Каримов, Ғ. Ӯзбек адабиёти тарихи. Учинчи китоб / Ғ. Каримов.  – Тошкент: Укитувчи, 1966.–280 с. 

6.        Қаюмов, А. Қӯқон адабий муҳити / А. Қаюмов. – Тошканд: УзССР ФАН, 1961.– 359с.

7.        Қаюмов, А. Қӯқон тарихи ва адабиёти  / А. Қаюмов. – Тошканд, 1998. – 230с. - Т. 1.

8.        Маъсумӣ, Носирҷон. Асарҳои мунтахаб / Носирҷон Маъсумӣ. – Душанбе, 1980. – 320с. - Ҷ. 2.

9.        Маъдан. Ашъори мунтахаб / Носирҷон Маъсумӣ. – Душанбе, 1966. -С. 67-68.

10.    Маъдан, Одинамуҳаммад. Девон / Одинамуҳаммад Маъдан. – Хуҷанд: Нашриёти давлатии ба номи Раҳим Ҷалил, 2012. –  244 с.

11.    Намангонӣ, Фазлӣ. Маҷмӯат-уш-шуаро / Фазлии Намангонӣ. –Тошканд, 1900. – 502с.

Таърихи нашр

Пятница, 16 Апрель 2021