0.0/5 овоз (0 овозҳо)

БАРАНДАҚИ ХУҶАНДӢ ВА МАВҚЕИ Ӯ ДАР АДАБИЁТИ ФОРСӢ-ТОҶИКӢ

Муаллиф (он)

Ҳоҷиев А.Қ.

Чакидаи мақола

Ҷустуҷӯ дар аҳвол ва осори Барандақи Хуҷандӣ (тав. 1378-ваф.1438) ончунонки шоистаи ӯст сурат нагирифтааст. Бар асоси осори боқимондаи шоир муайян мегардад, ки ӯ асолатан аз Хуҷанд буда ва назари бархе аз муҳаққиқонро дар робита ба бухороӣ буданаш рад мекунад. Таъкид мегардад, ки бар асоси гуфтаи баъзе аз тазкиранависон девони шоир дар ҳудуди 20 000 байт буда аст, ки танҳо 2000 байти он тавассути китоби «Хулосат-ул-ашъор»-и Тақии Кошӣ ба дасти мо расидааст. Ашъори шоир дар қолаби қасида, ғазал ва қитъа эҷод шудаанд. Дар сурудани қасида шоир ба Хоқонии Шарвонӣ пайравӣ кардааст, ки дар ашъораш аз ӯ бо эҳтироми махсус ёдовар шудааст. Ғазалҳои боқимонда аз шоир бештар ба пайравӣ аз Ҳофиз эҷод шудаанд. Дар сурудани қитъа бошад ба Анварии Абевардӣ таваҷҷуҳ доштааст. Илова бар ин Барандақи Хуҷандӣ истеъдоди баланди танзгӯӣ дошта, ба ҷуз ин дар тиб ва ситорашиносӣ низ маҳорати хубе дошта, ки худи ӯ ба ин масъала борҳо таъкид кардааст.

Калидвожаҳо

таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикии асрҳоиXIV-XV, осори Барандақи Хуҷандӣ, Хоқонии Шарвонӣ, «Хулосат-ул-ашъор»-и Тақии Кошӣ, Анварии Абевардӣ, Ҳофизи Шерозӣ, қасида, ғазал, қитъа

Пайнавишт

1.        Авҳадии Балёнӣ. Арафот-ул-ошиқин ва арасот-ул-орифин.-Теҳрон:Мероси мактуб, 1389.-5493 с.

2.        Айнӣ Садриддин. Намунаи адабиёти тоҷик.-Душанбе, 2010.- 448 с.

3.        Анварии Абевардӣ.Девон/Тасҳеҳи Мударриси Разавӣ.-Теҳрон, 1372.-1688 с.

4.        Барандақи Хуҷандӣ. Девон/Тасҳеҳи Умеди Сарварӣ.-Теҳрон, 1399.-483 с.

5.        Давлатшоҳи Самарқандӣ. Тазкират-уш-шуаро.-Теҳрон: Асотир, 1382.-487 с.

6.        Забеҳуллоҳи Сафо. Таърихи адабиёт дар Эрон.-ҷ.4.- Теҳрон, 1378.-624 с.

7.                  Заҳири Форёбӣ. Девон. Тасҳеҳ ва муқаддимаи Акбари Беҳдорванд.–Теҳрон: Нигоҳ, 1389.-528 с.

8.        Камолиддин Исмоили Исфаҳонӣ. Девон/Бо эҳтимоми Ҳусайни Баҳрулулумӣ.-Теҳрон: Деҳхудо, 1348.-1044

9.        Маҳдии Файёз ва Умеди Сурурӣ. Барандақи Хуҷандӣ (аз Фарорӯд то Шибҳи қора) /Номаи фарҳангистон вежаномаи Шибҳи қора.-ш.4.-Теҳрон,1394.-С.192-196

10.    Тақиуддини Кошӣ. Хулосат-ул-ашъор. Нусхаи хатии маҳфуз дар китобхонаи марказии  Донишгоҳи Теҳрон, шумораи 104Б

11.    Умеди Сурурӣ. Татаббуоти Барандақи Хуҷандӣ аз Ҳофизи Шерозӣ/Ойинаи пажуҳиш, ш.6.-Теҳрон, 1397.- С.37-50

12.    Хоқонии Шарвонӣ. Девон/Тасҳеҳи Зиёуддини Саҷҷодӣ.-Теҳрон:Заввор, 1382.-1385 с.

13.    Халил Алӣ. Суҳуфи Иброҳим. -Теҳрон, 1385.-544 с.

Таърихи нашр

Понедельник, 15 Ноябрь 2021