Дар бораи ҳафриёти бостоншиносии кормандони МД ОМТ дар соли 2014 дар ёдгории Ғаравқалъа ва бозёфти сиккаҳо дар ин ёдгорӣ маълумот дода шудааст. Шарҳу тавсифи сиккаҳое, ки дар рафти экспедитсия аз ёдгории Ғаравқалъа бозёфт шудаанд, пешниҳод гардидааст. Сиккаҳо аз рӯи солшуморӣ тақсимбандӣ шуда, тавсифи руй ва пушти онҳо пурра оварда шудааст. Инчунин перомуни аввалин ҳафриёт дар ёдгории мазкур сухан рафтааст. Дар бораи ташкили экспедитсия ва саҳми Осорхонаи миллӣ дар мавриди ҷамъоварӣ, муаррифӣ, ҳифзи осорҳои бостонӣ маълумот оварда, тавсифи мухталифи ёдгории Ғаравқалъа пешниҳод шудааст. Зикр гардидааст, ки тартиб додани ҷадвали сиккаҳо ва муқоисаи онҳо бо дигар сиккаҳо яке аз корҳои асосӣ ба шумор меравад. Дар мавриди эзадони динҳои гуногун, ки дар замони давлатдории Кушониён арзи вуҷуд доштанд, маълумот пешниҳод шудааст. Дар охир хулосаҳо дар мавриди тиҷорат ва муомилоти пулӣ дар шаҳраки Ғаравқалъа ироа гардидаанд.
ҳафриёти бостоншиносӣ, экспедитсия, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, ёдгорӣ, Ғаравқалъа, давраи ҳукмронии Кушониён, муомилоти пул, сиккаҳо, эзидони давраи кушонӣ
1. Литвинский А., Археологические работы в Таджикистане в 1962-1970 гг. (Некоторые итоги и проблемы). /А. Литвинский. – М.:Наука, 1973-321с.
2. Бобомуллоев С., История изучения археологических памятников южного Таджикистана (XXначало XXI вв). /С. Бобомуллоев. – Душанбе: Истеъдод, 2010-278 с.
3. Довудӣ Д., Монетные клады Таджикистана. /Д. Довудӣ. - Душанбе: Дониш, 2009-409 с.
4. Довудӣ Д, Шарифзода А. Клад кушанских монет из Вахшской долины. /Д. Довудӣ, А. Шарифзода. - Душанбе: Шуҷоён, 2010-90 с.
5. Зеймал. Е.В. Древние монеты Таджикистана. /Е.В.Зеймал. - Душанбе: Дониш, 1983 – 344 с.
6. Давидович Е.А., Клады древних и средневековых монет Таджикистана. / Е.АДавидович. – М.: Наука, 1979. - 427 с.
7. Китоби махсуси воридотии №1-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон.
8. Н.Ҳотомов, Д.Довудӣ, С.Муллоҷонов, М.Исоматов. “Таърихи халқи тоҷик”- Душанбе: ЭР-граф, 2015-644 с.
9. Убайдуллои Ш.“ Қалъаҳои Ёвон куҷо шуданд”, Маҷалаи “Мероси ниёгон” №18. Душанбе, 2016-138 с.
10. Юркевич Э. А.Археологические работы в Таджикистане в 1961 г. “Разведки в Яванском районе”. /Э. А. Юркевич. –Душанбе: Академияи илмҳои Токикистон, 1964. -135 с.