0.0/5 овоз (0 овозҳо)

МУЛОҲИЗАҲО ДАР БОРАИ РУБОИЁТИ ЗИЁУДДИНИ ХУҶАНДӢ

Муаллиф (он)

Ҳоҷиев А.Қ.

Чакидаи мақола

Зикр мегардад, ки ҳарчанд Зиёуддини Хуҷандӣ шоири ғазалсаро буд, дар “Девон”-и ӯ 165 рубоӣ ҷойгир шудааст, ки дар онҳо ормон ва андешаҳои адиб баён ёфтаанд,. Таҳлили рубоиёти шоир нишон медиҳад, ки 85 адади он дорои радиф аст, ки аз 1 то 5 калимаро дар бар мегирад. Аксари рубоиёти шоир сеқофияӣ буда, танҳо 30 адади он чаҳорқофияӣ мебошаду халос. Забони рубоиёти ӯ содаву табиӣ буда, дар онҳо мавзӯоте аз қабили мадҳ, ҳаҷв, ҳасби ҳол, ишқ ва  ғайра баён шудааст.Рубоиҳои мадҳияи шоир, ки дар аксари онҳо нидои “шоҳ” истифода шудааст, ҷолиби диққатанд. Ба таҳлили рубоиҳои ҳаҷвии шоир, ки дар онҳо муносибатҳои шахсӣ бар иҷтимоӣ афзалият доранд, диққати махсус дода шудааст. Зикр гардидааст, ки чунин ашъори ҳаҷвӣ дар асри XII дар девонҳои амалан ҳамаи шоирони бузург, аз қабили Хоқонӣ, Ҷамолуддини Исфаҳонӣ, Рашиди Ватвот ва дигарон дучор мешаванд.

Калидвожаҳо

таърихи адабиёти тоҷик дар асри XII, “Девон”-и Зиёуддини Хуҷандӣ, рубоӣ, рубоии хасӣ, мадҳ, тарзи баён

Пайнавишт

1.        Авҳадии Балёнӣ, Тақиуддин Муҳаммад ибни Муҳаммад. Арафот-ул-ошиқин ва арасот-ул-орифин / Авҳадии Балёнӣ, Тақиуддин Муҳаммад ибни Муҳаммад. -Теҳрон, 1389.-5493 с. ҷ. 4.

2.        Насриддин Абдуманнон. Тазкираи шуарои Хуҷанд / Абдуманнони Насриддин.- Теҳрон, 1387.- 378 с.

3.        Насриддин Абдуманнон. Зиёуддин Хуҷандӣ [Форсӣ] ва осори ӯ.// Номаи Донишгоҳ.-Хуҷанд,-2010.- №1[21]. С.3-12.

4.        Нафисӣ, Саид. Таърихи Назму насри дар Эрон ва дар забони форсӣ/ Саид Нафисӣ. -Теҳрон, 1363. ҷ.1.

5.        Сафо Забеҳуллоҳ. Таърихи адабиёт дар Эрон. Ҷ.1/ Забеҳуллоҳ Сафо.-Теҳрон,1367.

6.        Саъдиев, С., Зиёуддини Хуҷандӣ.Энсиклопедияи советии тоҷик, ҷ.2.-Душанбе, 1980

7.        Хуҷандӣ, Зиёуддин. Девон.Нусхаи шумораи 252 Китобхонаи Кохи Гулистон.

8.        Шамисо, Сирус. Сайри рубоӣ дар шеъри форсӣ/ С.Шамисо.-Теҳрон: Митро, 1387

9.        Шафеӣ Кадканӣ, Муҳаммадризо. Мусиқии шеър/ М.Ш.Кадканӣ.-Теҳрон, Огоҳ, 1373

10.    Шидфар, К.А., О диване Зия-и Форси ./К.А.Шидфар//Журнал «Народы Азии и Африки».-Москав, 1964, №3, С. 113-117

11.    Robertson, D.S., A.Forgotten Persian Poet of  the XIII cehtury/ D.S.Robertson//Journal of the Royal Asiatic Society, 1951

Таърихи нашр

Пятница, 16 Апрель 2021