0.0/5 овоз (0 овозҳо)

НАҚШИ КАЛИМАҲОИ МАТРУК ДАР ТАШАККУЛИ КОМПОЗИТҲОИ НАВЪИ ТАТПУРУША ДАР НАЗМИ БЕДИЛ

Муаллиф (он)

Олимҷонов М.О.

Чакидаи мақола

Мақолаи мазкур ба таҳқиқи вижагиҳои корбурди композитҳои навъи татпуруша дар назми Мирзо Бедил ихтисос дорад. Муаллиф баъди таҳқиқи калимаҳои мураккаби шоир онҳоро аз рӯи дараҷаи корбурд ба ду гурӯҳ ҷудо намудааст: 1) композитҳои маъмул; 2) композитҳои матрук. Муаллиф бар ин бовар аст, ки бархе аз компонентҳои композитҳо дар ҷараёни инкишофи забон ранги архаистӣ гирифтаанд. Композитҳои матрукро вобаста ба он ки кадом ҷузъи онҳо матру аст, муаллиф ба се даста ҷудо мекунад: 1) композитҳое, ки ҷузъи аввали онҳо архаистист; 2) композитҳое, ки ҷузъи дувуми онҳо архаистист; 3) композитҳое, ки ҳар ду ҷузъи онҳо архаистист.

Таҳқиқи мавод муаллифро ба бардоште расонидааст, ки композитҳои гурӯҳи якум дар назми Мирзо Бедил бештар дучор мешаванд. Аз таҳлили истифодаи компоненти композитҳо маълум мешавад, ки Бедил аз рӯи зарурат на танҳо калимаҳои арабии архаистӣ, балки гоҳо вожаҳои аслии тоҷикии камистифодаро низ ба кор гирифтааст.

Маҷмӯан, муаллиф ба ин фикр аст, ки композитҳои матрук дар ашъори Бедил кам буда, аксари онҳо маҳсули тахайюли шоиранд, зеро дар фарҳангҳои тафсирӣ дучор намеоянд.

Калидвожаҳо

таркиби луғавӣ, калима, калимаҳои матрук, Бедил, композит, татпуруша, компонент, қолаб

Пайнавишт

1.        Баҳор, М. Сабкшиносӣ ё таърихи татаввури насри форсӣ. Ҷ.1-3. / М.Баҳор. -Теҳрон: Амири Кабир, 1373. Ҷ.1. -467с.; Ҷ.2. -432 с.; Ҷ.3. - 448 с.

2.      Баҳор, М. Сабкшиносӣ ё таърихи татаввури насри форсӣ. Талхиси С.Миробидинӣ. Баргардони Ш.Исрофилниё, Н.Саркоров. / М.Баҳор. -Душанбе: Бухоро, 2012. -570с.

3.        Бедили Деҳлавӣ. Куллиёт. Ҷ.1-4. Тасҳеҳи Холмуҳаммади Хаста, Халилуллоҳи Халилӣ. Ба кӯшиши Баҳман Халифа Баноравонӣ. / Бедили Деҳлавӣ. -Теҳрон: Талоя, 1389. Ҷ.1 (бахши аввал). Ғазалиёт. -798с.; Ҷ.1 (бахши дувум). Ғазалиёт. -1600 с.; Ҷ.2. Таркиббанд; Тарҷеъбанд; Қасоид; Қитъаот; Рубоиёт -650с.; Ҷ.3. Маснавиҳо. -812 с.; Ҷ.4. Чаҳор унсур; Руқаот; Нукот. -582 с.

4.        Деҳхудо, А. Фарҳанги мутавассити Деҳхудо. Дар ду муҷаллад (зери назари дуктур Саъидҷаъфари Шаҳидӣ)/ А.Деҳхудо. -Теҳрон: Муассисаи интишорот ва чопи Донишгоҳи Теҳрон, 1385. Ҷ.1-2. -3224 с.

5.     Забони адабии ҳозираи тоҷик. Қ.1. Лексикология. Фонетика. Морфология. - Душанбе: Маориф, 1982. -461с.

6.        Кадканӣ, М.Ш. Шоири оинаҳо (баррасии сабки ҳиндӣ ва шеъри Бедил). / М.Ш.Кадканӣ. -Теҳрон, 1379. - 338 с.

7.      Маонӣ, А.Г. Фарҳанги ашъори Соиб. Дар ду муҷаллад. / А.Г.Маонӣ. -Теҳрон: Муассисаи мутолиот ва таҳқиқоти фарҳангӣ, 1365. Ҷ.1-2. - 818.с.

8.        Маҷидов, Ҳ. Забони адабии муосири тоҷик. Ҷ.1. Луғатшиносӣ. / Ҳ.Маҷидов. -Душанбе: Деваштич, 2007. - 255 с.

9.      Муин, М. Фарҳанги форсӣ. Дар шаш муҷаллад. / М.Муин. -Теҳрон: Амири Кабир, 1375. Ҷ.1-4. -5277с.; Ҷ.5-6. -2351с.

10.    Фарҳанги забони тоҷикӣ (аз асри Х то ибтидои асри ХХ). Дар 2 ҷилд (дар зери таҳрири М.Ш.Шукуров, В.А.Капранов, Р.Ҳошим, Н.А.Маъсумӣ). - М.: Советская энциклопедия, 1969. Ҷ.1. -951с.; Ҷ.2.-949 с.

Таърихи нашр

Пятница, 16 Апрель 2021