0.0/5 овоз (0 овозҳо)

САРНАВИШТИ ЯК ПАСВАНДИ ФАРОМӮШШУДА

Муаллиф (он)

Ҳасанзода (Ҳасанов) А.А.

Чакидаи мақола

Истифодаи пасванди –дес дар гузаштаи дуру наздик ва ҳолати кунунии он дар забони тоҷикӣ баррасӣгардидааст. Дар заминаи маводи фарҳангномаҳои даврони асримиёнагӣ ва муосири тафсирӣ ва этимологӣ назарашро дар бораи дар ду вазифа: ҳамчун вожаи мустақилмаъно ва пасванди калимасоз мавриди истифода қарор гирифтани дес, ки сарчашмааш ба эронии бостон мерасад, баён намуда нишон додааст, ки унсури мазкур дар ибтидо ҳамчун калимаи мустақилмаъно ба кор рафта, баъдан хусусияти дувазифагӣ пайдо намуд ва тадриҷан танҳо ба сифати унсури калимасоз ривоҷ гирифта, мустақилияти худро аз даст дод. Дар осори ниёгон пасванди зикргардида дар ду-се шакл ба кор рафтааст, ки он ба омилҳои айниву зеҳнии муайян алоқа дорад.Аз таҳлилу қиёс муаллиф ба натиҷае расидааст, ки пасванди мазкур ҳоло дар шакли меъёрии забон хусусияти қаблии худро аз даст дода, дар гӯишҳои алоҳида осори он ба мушоҳида мерасад.

Калидвожаҳо

забони тоҷикӣ, унсурҳои луғавӣ, пасванди –дес, забони умумиэронӣ, порсии миёна, луғатномаҳои қуруни вусто, фарҳангҳои муосир, таҳаввули маънову шакл

Пайнавишт

1.        Деҳхудо, А. Луғатнома. Ҷилди 7. -Теҳрон: Муассисаи интишорот ва чопи Донишгоҳи Теҳрон, 1373. -10826 с.

2.        Доиюлислом. Фарҳанги Низом. Ҷилди 2. Теҳрон, 1363. -627 с.

3.        Ефимов В. И. Персидский, таджикский, дари. Монография // Основы иранского языкознания. Новоиранские языки / В. И. Ефимов, В. С. Расторгуева, Е. Н. Шарова. -М.: Наука, 1982. – 230 с.

4.        Муин М. Фарҳанги форсӣ. Ҷилди 2. / М. Муин. -Теҳрон: Амири Кабир, 1375. -2774 с.

5.        Муқаррарӣ, М. Таркиб дар забони форсӣ. –Теҳрон: Интишороти «Тӯс», 1372. -172 с.

6.        Расторгуева В. С., Молчанова Е. К. Среднеперсидский язык // Основы иранского языкознания. –М.: Наука, 1981. –С. 6-147.

7.        Расторгуева В. С., Дж. И. Эдельман. Этимологический словарь иранских языков. Том 2. / В. С. Расторгуева, Дж. И. Эдельман. – М.: Восточная литература, 2000. -503 с.

8.        Ромпурӣ М. Ғ. Fиёс-ул-луғот. Ҷилди 1. / Муҳаммад Ғиёсуддини Ромпурӣ. - Душанбе: Адиб, 1987. - 480 с.

9.        Фарҳанги забони тоҷикӣ. Ҷилди 1. / Зери таҳрири  М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р. Ҳошим, А. Маъсумӣ. –М.: Советская энциклопедия, 1969. - 949 с.

10.    Хонларӣ П. Н. Дастури таърихии забони форсӣ. Чопи аввал. Теҳрон, 1372. -279 с.

11.    Хонларӣ П. Н. Таърихи забони форсӣ. Зери назари академик Салимӣ Н. Ю. Ҷилди 3. Душанбе, 2017. - 368 с.

12.    Ҳасандӯст М. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Ҷилди 2. / М. Ҳасандӯст. Теҳрон, 1384. -1410 с.

13.    Ҳумоюнфаррух, А. Дастури ҷомеи забони форсӣ. Ҳафт ҷилд дар як муҷаллад. Ба кӯшиши Рукнуддини Ҳумоюнфаррух. Муаасисаи матбуоти илмӣ. Чопи савум. Теҳрон, 1364. -1207 с.

14.    Шариат, М.  Дастури забони форсӣ. –Теҳрон. Интишороти «Асотир». Чопи панҷум, 1371. - 459 с.

Таърихи нашр

Четверг, 01 Июль 2021