5.0/5 овоз (1 овозҳо)

АЗ ТАЪРИХИ ОБЁРИИ УСТРУШАН: КОРЕЗИ БАСМАНДА

Муаллиф (он)

Раҳимов Набиҷон Турдиалиевич Ҳомидзода Фурқат Муқимович Бониёзов Илҳом Худойдодович

Чакидаи мақола

Таърихи бунёди корез дар манотиқи кӯҳистонии Уструшан дар мисоли системаи корезӣ дар гузаргоҳи байникӯҳии Басмандасойи ноҳияи Деваштич мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Дар Уструшана системаҳои нодири обёрии корезии қадима сохта шудаанд, ки ба ноҳияҳои кўҳсор хос буда, барои истифода бурдани оби дарёҳое, ки дар дараҳои чуқур ҷорӣ мешаванд, пешбинӣ шудаанд. Зарурати обёрии сунъӣ аҳолии Уструшанаро ба кашф кардан ва истифода бурдани обёрии махсуси корезӣ, ки ба шароити маҳал мувофиқ карда шудааст, водор намуда буд. Дашти доманакўҳ, ки дар он деҳаи Басманда воқеъ аст, аз манбаи об танқисӣ мекашид. Маҳз ҳамин омил сокинони деҳаро дар замонҳои қадим водор мекард, ки роҳҳои обёрии заминҳои гирду атрофро ҷустуҷў кунанд. Омӯзиши системаи корезӣ нишон медиҳад, ки сохтмончиёни он топографияро хуб медонистанд. Дар мақола вазъияти имрўзаи системаи корезии Басманда низ инъикос ёфтааст. Ба гуфтаи муаллифон, корези Басманда ҳамчун иншооти аслии гидротехникӣ дар таърихи обёрии Уструшана ва тамоми Осиёи Миёна сазовори таваҷҷу ва омўзиш мебошад.

Калидвожаҳо

Калидвожаҳо: обёрӣ, корез, иншооти обёрӣ, галереяҳои зеризаминӣ, Басманда, канал

Пайнавишт

1.         Билалов А. Из истории ирригации Уструшаны / А. Билалов // Материальная культура Уструшаны. Вып.№4. - Душанбе: Дониш, 1980. – 191 с.

 

2.                  Билалов А.И. Изучение памятников ирригации бассейна Аксу в 1973 г./ А.И. Билалов //Археологические работы в Таджикистане. Вып.13 (1973). - Душанбе: Дониш, 1978.-350 с.

 

3.         Билалов А.И. К истории орошения Уструшаны (бассейн Басмандасая) / А.И. Билалов // Известия АН ТаджССР. ООН. - 1973. - №2. - С. 38-45.

 

4.         Пулатов У. Работы Дахкатского отряда в 1984 году / У. Пулатов //АРТ. - Вып.24 (1984). - Душанбе: Дониш, 1993.- 194 с.

 

5.         Негматов Н.Н. Работы Северо-Таджикистанского археологического отряда в 1972 году / Н.Н. Негматов // Археологические работы в Таджикистане. Вып.12 (1972 г.). – Душанбе: Дониш, 1976. - С.103.

 

6.         Сверчков Л.М. Поселение Мык - специализированный железнорудный центр Северо-Западной Уструшаны / Л.М. Сверчков // Древнейшие этапы развития горно-геологических знаний в Средней Азии // Тезисы докладов. - Душанбе, 1991. - С.41-42.

 

7.         Смагулов Е. Корезы Туркестанского оазиса / Е. Смагулов // Известия НАН РК. Серия общественных наук . - 2003. - №1 (239). - С.172-189.

 

8.         Эшонкулов У. Из истории земледельческой культуры горного Согда / У. Эшонкулов. - Душанбе, 2006. - 848 с.

 

9.         Федченко А.П. Кариз / А.П. Федченко // Материалы для статистики Туркестанского края. – Санкт-Петербург, 1873. - 229 с.

 

10.     Федченко А.П. Путешествие в Туркестан / А.П.Федченко. - Москва, 1950. – 176 с.

 

Таърихи нашр

Четверг, 08 Декабрь 2022