0.0/5 овоз (0 овозҳо)

ХУСУСИЯТҲОИ КОРБАСТИ ШАКЛҲОИ ҶАМЪБАНДИИ ИСМҲОИ ИҚТИБОСИИ АРАБӢ ДАР РАСОИЛИ ФОРСИИ СӮҲРАВАРДӢ

Муаллиф (он)

Хоҷаева Муқаддас Олимовна

Чакидаи мақола

Тарзҳои ташаккули шаклҳои ҷамъбандии исмҳои иқтибосии арабӣ дар рисолаҳои форсии Шиҳобуддин Сӯҳравардӣ (XII)  баррасӣ шудааст. Зикр гардидааст, ки бо сабабҳои маълум ба забони тоҷикӣ иқтибосҳои сершумори арабӣ, аз ҷумла исмҳо ворид шудаанд. Дар рисолаҳои форсии Сӯҳравардӣ шакли ҷамъбандии солими исмҳои иқтибосии арабӣ бо илова гардидани суффиксҳои –от,-ун,-ин нисбат ба ҷамъбандии шикаста камтар мушоҳида мешавад. Ҷамъбандии қисми муайяни исмҳои иқтибосии арабӣ дар рисолаҳои мазкур бо ёрии суффиксҳои тоҷикии –он ва –ҳо сурат гирифтааст. Ҷолиби диққат аст, ки ҳини ташак кули шакли ҷамъи исмҳои иқтибоси арабӣ бо суффиксҳои тоҷикии –он ва –ҳо Сӯҳравардӣ бо суффикси –он сохтани исмҳои ҷамъро танҳо аз исмҳои ҷондор ва бо суффикси-ҳо аз исмҳои беҷон қатъиян риоя мекунад, бар хилофи амалияи забони муосири тоҷик, ки бо суффикси –ҳо ҳам исмҳои ҷондор ва ҳам беҷонро ҷамъ мебанданд. Таъкид шудааст, ки дар рисолаҳои форсии Сӯҳравардӣ ҳодисаи ҳам бо ёрии суффиксҳои тоҷикӣ ва ҳам бо шакли шикаста ҷамъ бастани ҳамон як исмҳо низ дучор мешаванд. Хулоса шудааст, ки дар муқоиса бо “ Сафарнома”-и Носири Хусрав, ки тақрибан сад сол пеш аз рисолаҳои форсии Сӯхравардӣ таълиф шудааст,  басомади ҷамъбандии исмҳои иқтибосии арабӣ бо  тарзи солим нисбатан зиёд аст.

Калидвожаҳо

Калидвожаҳо: исм, иқтибосоти арабӣ, шакли ҷамъбандии шикаста ва солими арабӣ, суффиксҳои -он ва -ҳо, забони рисолаҳои форсии Сӯҳравардӣ, “ Сафарнома”-и Носири Хусрав

Пайнавишт

1.        Бердиева Т. Назарияи иқтибос / Бердиева Т. - Душанбе,1991. – 128 с.

2.        Большой арабско-русский и русско-арабский словарь / Составитель Юшманов А.С.-Москва: ООО “Дом славянской книги”, 2011. – 958 с.

3.        Гранде Б.М. Курск арабской грамматики в сравнительно-историческом освещении.-Изд-то восточной литературы / Гранде Б.М. – Москва,1993. - 594 с.( С.272-288).

4.        Ғиёсов Н.И. Ҷамъулҷамъ дар забонҳои арабӣ ва тоҷикӣ//Забон ва рукни он. Маводи конференчияи илмию амалии ДДҲБСТ бахшида ба 30-солагии истиқлолияти давлатии ҶТ ва Рӯзи байналмилалии забони модарӣ / Ғиёсов Н.И. – Хуҷанд: Дабир, 2020.- С.37-44 (С.38).

5.        Қиссаҳои Шайхи Ишроқ,Сӯҳравардӣ,Шаҳобуддин Яҳё. Вироиши матн аз Ҷаъфар Мударриси Содиқӣ. – Теҳрон: Марказ, 1375. – 110 с.

6.        Маликова Н.Н. Намудҳои ҷамъбандии арабӣ дар “Сафарнома”-и Носири  Хусрав //Ахбори ДДҲБСТ.Силсилаи илмҳои гуманитарӣ,2021№3-Хуҷанд,2021-с. 114-120.

7.        Муваҳҳид, Самад. Нигоҳебасарчашмаҳоиҳикматиишроқвамафҳумҳоибунёдиион.-Теҳрон:Интишороти Туҳурӣ, 1384-291с.

8.        Муин Муҳаммад, Фарҳанги Муин.Дар ду ҷилд.Ҷилди дувум.–Теҳрон,1384.- 1083-2238 с.

9.        Наҷафӣ,Абулҳасан.Ғалат нанависем! Фарҳанги душвориҳои забони форсӣ.-Теҳрон,1382.- 466 с.

10.    Олимҷонов М. Хусусиятҳои луғавию услубии насри таърихӣ (дар асоси эҷодиёти Сотим Улуғзода) / Олимҷонов М. – Хуҷанд: Нури маърифат,2015. – 150 с.

11.    Персидско-русский словарь / Под редакцией Ю.А.Рубинчика. В двух томах. Т.2.-Москва: Русский язык, 1983. – 864 с.

12.    Русско-таджикский словарь / Под ред. члена-корреспондента АН СССР М.С. Асимова. - Москва: Русский язык, 1985. – 1280 с.

13.    Сӯҳравардӣ, Шиҳобуддин Яҳё. Сафири Симурғ. – Душанбе: Донишварон, 2022. - 144 с.

14.    Фарҳанги забони тоҷикӣ / Дар зери таҳрири М.Ш.Шукуров, В.А.Капранов, Р. Ҳошим, Н.А. Маъсумӣ.Дар ду ҷилд. –Москва: Советская энқиклопедия, 1969. Ҷ. 2. – 948 с.

15.    Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ  / Зери таҳрири Д. Саймиддинов, С.Д. Холматова, С. Каримов. Нашри дувум бо илова, такмил ва ислоҳ. – Душанбе, 2006. – 784 с.

16.    Шариат, Муҳаммад Ҷавод. Дастури забони форсӣ / Шариат, Муҳаммад Ҷавод.-Теҳрон: Асотир,1370. – 459 с.

Таърихи нашр

Четверг, 08 Декабрь 2022