Дар заминаи “Хамса”-и Хоҷуи Кирмонӣ корбурди ибораҳои исмии изофии мураккаби ҷузъҳояшон арабиасл мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Маълум мешавад, ки ибораҳои мураккаби ҷузъҳояшон арабӣ корбурди фаровон дошта, аксарияти онҳо чун ибораҳои содаи ҷузъҳояшон арабиасли сохтаи худи Хоҷу буда, теъдодеро ӯ аз пешиниён айнан баргирифтаву тибқи зарурат ба онҳо тағйирот ворид намудааст. Ҳамчунин роҳҳои зерин, тибқи оморгирии муҳаққиқон, асоси кори шоир будааст: тавассути ибораи исмии сода ва калима сохташавии ибораҳои мураккаб, тавассути ду ибораи сода сохташавии ибораҳои исмии мураккаб ва тавассути ибораи мураккаб ва калима сохташавии ибораҳои мураккаб. Таъкид мешавад, ки усули дуюми таркибёбии ибораҳои изофии мураккаб аз ҳама серкорбурд буда, ҳаҷми зиёдтари маводи таҳқиқро фаро мегирад.
Калидвожаҳо: “Хамса”, ибораҳои изофӣ, таҳлили таҷзиявӣ, ҷузъҳои арабӣ, роҳҳои сохташавии ибораҳои изофии мураккаб
1. Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик [Матн]: Ибора ва синтаксиси ҷумлаи сода.Ҷ.2. / Муҳаррирони масъул Ш. Рустамов ва Р. Ғаффоров. – Душанбе: Дониш, 1986. –372 с.
2. Кирмонӣ, Хоҷу. Хамса [Матн]: Таҳия ва тавзеҳи Баҳром Раҳматов, Оқилбой Оқилов ва Шоира Олимова / Хоҷуи Кирмонӣ. – Хуҷанд: Хуросон, 2017. –880 с.
3. Меликян, Г.В. Парные словосочетания в современном персидском языке [Текст]: Диссертация на соискание ученой степени кандидата филологических наук / Гурген Врежович Меликян. –Ереван, 1984. –110 с.
4. Мирзоев Абдусаттор. Ибораҳои феълии замонӣ дар забони адабии ҳозираи тоҷик [Матн] / Абдусаттор Мирзоев. –Душанбе: Ирфон, 1972.–252 с.
5. Ниёзмуҳаммадов Боймуҳаммад. Ҷумлаҳои мураккаби сода дар забони адабии ҳозираи тоҷик [Матн] / Боймуҳаммад Ниёзмуҳаммадов. –Душанбе: Нашриёти давлатии таълимӣ-педагогии Тоҷикистон, 1960. – 112 с.
6. Сулаймонӣ, Саидраҳмон. Фарҳанги арабӣ-тоҷикӣ [Матн]: Дар 2 ҷилд / Саидраҳмон Сулаймонӣ. – Душанбе: ЭР-граф, 2005. Ҷ.1. –1046 с.
7. Табибиён, Саййид Ҳабиб. Вожаҳои форсии арабишуда [Матн] / Саййид Ҳабиби Табибиён.–Теҳрон: Амири Кабир, 1374.–294 с.