Масоили лексикология ва чигунагии инъикоси он дар нимаи дуюми қарни XX баррасӣ шудаанд. Меҳвари асосии таҳлил китоби забоншинос Қумрӣ Тоҳирова – «Лексикаи забони адабии ҳозираи тоҷик» қарор гирифтааст, зеро он, бино бар таъкиди муаллифони мақола, аввалин тадқиқот дар соҳаи лексикологияи муосири тоҷикӣ мебошад. Муаллифон кўшиш кардаанд, ки онро бо китобҳои дигари ба ин мавзуъ бахшидашуда, аз қабили «Очеркҳо оид ба лексикаи забони адабии ҳозираи тоҷик»-и М.Муҳаммадиев, китобҳои дастҷамъона навишташуда – «Забони адабии ҳозираи тоҷик» «Забони ҳозираи тоҷик. Лексика» ва «Аз таърихи лексикаи забони тоҷикӣ»-и Т.Зеҳнӣ қиёсу муқобала намуда, арзишу аҳамияти ҳар якеро дар омўзиши масоили лексикологӣ нишон диҳанд. Дар натиҷа ба чунин хулоса омадаанд, ки осори мавриди таҳлил аз ҳам каме тафовут дошта бошанд ҳам, дар сатҳи якхелаи илмӣ қарор доранд. Вале Қ.Тоҳирова дар ин соҳа хидмати бештаре дорад, зеро асари ў чун аввалин китоби дарсӣ дар мавзуи лексикология муҳаррики нашршавии китобҳои таълимиву илмии дигар шудааст.
Калидвожаҳо: Қумрӣ Тоҳирова, «Лексикаи забони адабии ҳозираи тоҷик», лексикологияи забони тоҷикӣ, проф. Д.Тоҷиев, М.Муҳаммадиев ва асари ў, Т.Зеҳнӣ – лексиколог, баррасии масъалаҳои лексикаи забони тоҷикӣ
1. Виноградов В.В. Лексикология и лексикография: Избранные труды / В.В. Виноградов. – Москва: Наука, 1977. – 312 с.
2. Грамматикаи забони тоҷикӣ. Қ.1. Фонетика ва морфология (китоби дарсӣ барои мактабҳои олӣ). – Душанбе, 1956.
3. Ғиёсов Н., Қодирова Ф. Ҷойгоҳи китоби «Аз таърихи лексикаи забони тоҷикӣ»-и Т.Зеҳнӣ дар забоншиносии муосири тоҷикӣ / Н.Ғиёсов, Ф. Қодирова //Ахбори ДДҲБСТ. – Худжанд, 2018. - №4 (77) – С.122-129.
4. Забони адабии ҳозираи тоҷик. Лексикология, фонетика ва морфология /Зери таҳрири Б. Ниёзмуҳаммадов. Қисми 1. – Душанбе: Ирфон, 1973. – 452 с.
5. Забони ҳозираи тоҷик. Лексика / Муҳаррири масъул проф. Д.Т. Тоҷиев. – Душанбе: УДТ, 1981. – 103 с.
6. Зеҳнӣ, Тўрақул. Аз таърихи лексикаи забони тоҷикӣ / Тўрақул, Зеҳнӣ. – Душанбе: Маориф, 1987. - 236 с.
7. Маҷидов Ҳ. Забони адабии муосири тоҷик. Ҷ.1. Луғатшиносӣ / Ҳ. Маҷидов. – Душанбе: Анҷумани Деваштич, 2007. -255 с.
8. Маъсумӣ Н. Очеркҳо оид ба инкишофи забони адабии тоҷик / Н.Маъсумӣ. – Сталинобод: Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1959. – 294 с.
9. Муҳаммадиев М. Очеркҳо оид ба лексикаи забони адабии ҳозираи тоҷик / М. Муҳаммадиев. – Душанбе: Ирфон, 1968. – 63 с.
10. Пейсиков Л.С. Лексикология современного персидского языка / Л.С. Пейсиков. – Москва: Изд-во Московского университета, 1975. – 205 с.
11. Рустамов Ш. Забон ва замон / Ш. Рустамов. – Душанбе: Ирфон, 1981. – 256 с.
12. Тоҳирова Қ. Лексикаи забони адабии ҳозираи тоҷик / Қ.Тоҳирова. – Душанбе: Маориф, 1967. –82 с.
13. Хоҷаев Давлатбек. Ташаккул ва таҳаввули илми забошиносии форсу тоҷик дар асрҳои миёна / Давлатбек Хоҷаев. – Душанбе: Диловар-ДДМТ, 1998. – 152 с.