Шеваҳои шоиронаи истиқболи Назирии Нишопурӣ аз ғазалиёти Камоли Хуҷандӣ баррасӣ шудааст. Дар асоси таҳлили ашъори шоир муайян шудааст, ки Назирӣ дар навбати аввал ғазалҳои Камоли Хуҷандро дар вазнҳои мухталиф пайравӣ намудааст. Чанде аз ғазалҳои Назирӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст, ки баробари ҳамвазн будан, дар онҳо қофия ва ҳатто рафидҳои ғазалиёти Камоли Хуҷандӣ истиқбол шудаанд. Истифодаи баъзе таркибҳои шоиронаи Камоли Хуҷандӣ дар сурудаҳои Назирӣ истиқболи мустақими ўро аз шеър ва андешаи ин суханвари номвари сабки ироқӣ бозгўӣ мекунанд. Хулоса шудааст, ки Назирӣ дар баробари истиқбол аз шеваи сухани Камоли Хуҷандӣ дар ғазал баъзе навовариҳое низ кардааст, ки онҳо дар сурати афзудани ҳаҷми умумии байтҳои ғазал, инчунин маънисозиву мазмунофариниҳо дар вожагони қофияшаванда ва монанди ин ҷилвагар мешаванд.
Калидвожаҳо: Назирии Нишопурӣ, Камоли Хуҷандӣ, сабки шеър, сабки ҳиндӣ, сохторшиносӣ, ғазал, истиқбол аз тарзи баён, вазн, қофия, радиф, вожагони қофияшаванда
1. Афсаҳзод, Аълохон. Камоли Хуҷандӣ - устоди ғазал. – Хуҷанд: Ношир, 2020. – 280 с.
2. Ёдкарди Камоли Хуҷандӣ. Маҷмуаи мақолаҳои илмӣ. – Хуҷанд: Ношир, 2020.- 640 с.
3. Мактаби Камол / Таҳия ва танзими Баҳроми Раҳматов ва Шоира Олимова. – Хуҷанд: Ношир, 2019.- 528 с.
4. Муқаддимаи Камолшиносӣ / Таҳияи Баҳром Раҳматов ва Иззатбек Шехимов. – Хуҷанд: Ношир, 2015. – 504 с.
5. Насриддин, Абдулманнон. Сеҳри мубин. -Хуҷанд: Ношир, 2012.- 163 с.
6. Нишопурӣ, Назирӣ. Девон /Ба тасҳеҳу таълиқоти Муҳаммадризо Тоҳирӣ. – Теҳрон: Нигоҳ, 1389. – 647с.
7. Нишопурӣ, Назирӣ. Рубоиёт. Таҳия, тасҳеҳ, тавзеҳ ва пешгуфтор аз Обидҷон Маҳмудзода.- Хуҷанд: Ношир, 2022.- 160 с.
8. Хуҷандӣ, Камол. Девон / Таҳияи Абдуҷаббори Суруш. – Хуҷанд: Хуросон,2015.–1292 с.
9. Хуҷандӣ, Камол. Девон / Таҳиягарони матн, муаллифони тавзеҳот ва охирсухан Баҳром Раҳматов ва Оқилбой Оқилов. – Хуҷанд: Хуросон,2020 [матни интиқодӣ]. - 1328 с.
10. Хуҷандӣ, Камол. Девон (Девони илмӣ-интиқодӣ) / Муқаддима, тасҳеҳ ва таълиқоти Фахриддин Насриддинов. Ҷилдҳои якум ва дувум.- Хуҷанд: Ношир, 2020. - 1431 с.