1.0/5 овоз (1 овозҳо)

НАҲВИ КАЛОМИ МАНЗУМ ВА ҶИЛОИ ГИПОТАКСИС ДАР ҒАЗАЛҲОИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ВА КАМОЛИ ХУҶАНДӢ

Муаллиф (он)

Абдулазизов Вахобчон

Чакидаи мақола

Яке аз масъалаҳои мубрами забоншиносӣ – наҳвиёти назм баррасӣ шудааст. Дар он роҷеъ ба муносибати наҳву назм маълумот пешниҳод гардида, баъзе хусусиятҳои наҳвии каломи мавзун ва вижагиҳои наҳвӣ(сохторию маъноӣ)-и ғазал (дар мисоли як ғазали Ҷалолиддини Балхӣ ва як ғазали Камоли Хуҷандӣ) нишон дода шудааст. Таъкид гардидааст, ки дар каломи мавзун ҳам ҷанбаи маъноӣ, ҳам дастурӣ (наҳвӣ) ба вазни шеъру тағйироти муайяни сохтори қолабҳои наҳвӣ вобаста аст; қолаби (воҳиди) наҳвӣ дар шеър аз байн нарафта, танҳо воҳидҳои наҳв (ибораю ҷумлаҳо) дар қолабҳои дастурии ба вазн, қофия ва ритм мувофиқ сохта мешаванд. Воҳиди ҳадди ақали назм (мисраъ ё байт) дар корбасти сохторҳои воҳидҳои наҳвӣ маҳдудиятҳои муайянеро тақозо мекунад. Вазни шеър,ритм, баҳр ва навъи қофия ба имконоти тафсилдиҳии воҳидҳо (қолабҳо)-и наҳв алоқаманд аст. Баррасии сохтори наҳвии ғазали Ҷалолиддини Румӣ –“Ҳамебинем соқиро, ки гирди ҷом мегардад” ва ғазали “Сўфӣ аз риндон бипўшад май, ки дар хилват бинўшад”- и Камоли Хуҷандӣ нишон медиҳад, ки хусусиятҳои ин навъи шеър қолабҳои махсуси наҳвӣ (ҷумлаи мураккаби тобеъ,ҷумлаи мураккаби тобеи сертаркиба, ҷумлаи омехта) -ро талаб кардааст. Шоирон барои ифодаи фикри мураккабу печида ва маъноҳои нозуку муассир дар ин ғазалҳояшон ягон ҷумлаҳои содаро истифода набурдаанд, танҳо дутогӣ ҷумлаи мураккаби тобеъ ва дигар ҷумлаҳои мураккаби сертаркибаю ҷумлаҳои мураккаби омехтаро кор фармудаанд, ки хеле ҷаззобу ҷолиб буда, аз истеъдоди баланду маҳорати нотакрори муаллифон гувоҳӣ медиҳад. Ҳамчунин бояд таъкид намуд, ки ҷумлаҳо ҳаҷман калон набуда аз 13 то 22 вожа таркиб ёфтаанд.

Калидвожаҳо

Калидвожаҳо: назм, наҳв, гипотаксис, диссонанс,сохтор, мутобиқат, интиқол, воҳиди наҳвӣ, мисраъ, ҷумлаи мураккаб, ҷумлаи мураккаби тобеъ, ҷумлаи мураккаби тобеи сертаркиб, ҷумлаи мураккаби омехта

Пайнавишт

1.         Абдуқодиров А., Давронов А. Каломи Камол /А. Абдуқодиров, А. Давронов. – Хуҷанд, 1998. - 216 с.

2.         Абдулазизов В. Вижагиҳои як воситаи алоқаи грамматикӣ дар осори манзум(дар асоси маводи ашъори А. Рўдакӣ ва К. Хуҷандӣ) /В. Абдулазизов // Паёми Донишгоҳи миллӣ. – 2016. - № 4/2 (199). – С.163-167.

3.         Абдулазизов В. Вижагиҳои корбурди пайвандакҳои ҷумлаи пайрави сабаб дар ашъори Камоли Хуҷандӣ / В. Абдулазизов //Паёми Донишгоҳи миллӣ. Бахши илмҳои филологӣ.- 2017. - № 4/2. – С. 118-122.

4.                  Абдулазизов В. Такомули корбурди як воҳиди дастурӣ дар назми классикӣ (дар асоси ашъори ашъори Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, Камоли Хуҷандӣ ва Сайидои Насафӣ)/В. Абдулазизов // Паёми Донишгоҳи миллӣ.Бахши илмҳои филологӣ. - Душанбе, 2019. - № 8. - С. 41-46.

5.         Абдулазизов В. Баъзе вижагиҳои наҳви каломи мавзун(дар асоси ашъори Камоли Хуҷандӣ / В. Абдулазизов // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.Бахши илмҳои филологӣ. - 2022. - № 3. - С. 5-13.

6.         Акимова Г.Н. О некоторых особенностях поэтического синтаксиса / Г.Н. Акимова // Вопросы языкознания.- 1977. - №1. - С.96 - 108.

7.         Аристотель Об искусстве поэзии. – Москва: Художественная литература, 1957. – 133 с.

8.         Аристотель. Риторика. Поэтика. - Москва: Лабиринт, 2000. - 224 с.

9.         Брик О. Ритм и синтаксис (серия статей в журнале «Новый леф» за 1927 г.).

1.         Жирмунский В.М. Введение в метрику (сб. «Теория стиха»). - Ленинград,1975. - С.146.

2.         Қосимова М.Н. Ганҷи сухан (Маҷмуаи мақолаҳо). – Душанбе: Маориф ва фарҳанг, 2017. С.261-266; 297-302; 308 – 322; 394-400;479-485;540-549; 596-609.

3.         Пискунова С.В. Тайны поэтической речи / С.В. Пискунова.– Тамбов: ТГУ,2002. – 408 с.

10.     Поспелов Н.С. Синтаксический строй стихотворных произведений Пушкина. - Москва, 1960. - С.5.

11.     Саломов М. Вижагиҳои савтӣ, маъноӣ ва маҷозию фразеологии забони шеъри тоҷикӣ (Дар асоси ғазалиёти шоирони асрҳои XIIXIV). – Душанбе, 2017. - 266 с.

12.     Тынянов Ю.Н. Проблема стихотворного языка (1925). - Москва, 1965. - С. 69-70.

13.     Хоҷаев Д. Гуфтори накў куҳан нагардад. – Душанбе, 2011. - 230 с.

14.     Эйхенбаум Б.М. Мелодика русского лирического стиха (1922)(сб. «О поэзии») - Москва,1969. - С. 328.

15.     Хуҷандӣ Камол. Девон / Камоли Хуҷандӣ.Ҷ.1.– Душанбе,1983. - 560 с.

16.     Ҷалолиддини Румӣ. Девони кабир.Ҷ.1, – Душанбе: Адиб, 1992. - 448 с.

Таърихи нашр

Понедельник, 12 Сентябрь 2022