0.0/5 овоз (0 овозҳо)

ВОЖАҲОИ ГӮИШӢ – МАНБАИ ҒАНОВАТИ ЗАБОН

Муаллиф (он)

Пӯлотова Шоира Солиҷоновна Абдуджаббарова Мадина Абдуфаёзовна

Чакидаи мақола

Калимаҳои шевагии асари маъруфи Фаридуддини Аттор “Мантиқ-ут-тайр” мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Зикр шудааст, ки калимаҳои шевагиро дар “Мантиқ-ут-тайр” ба се гурӯҳ тасниф намудан мумкин аст: 1. Гурӯҳи калимаҳое, ки дар давраи асримиёнагӣ ба кор рафтаанду алҳол дар забони форсӣ роиҷ нестанд, вале дар забони тоҷикӣ саристеъмол мебошанд (масалан, мусича); 2. Гурӯҳи калимаҳое, ки дар шеваи Кадкани Нишопур, ки зодгоҳи Аттор буд, дар асри миёна серистеъмол будаанд, вале дар забони тоҷикӣ алҳол истифода намешаванд ва хоси гӯиши форсианд (масалан, тифли башир, барқ / барғ ва ғайра); 3. Вожаҳои шевагии муштарак, ки ҳам ба забони форсӣ ва ҳам тоҷикӣ хосанд (масалан, қубла / кубала; калова / калоф; гусна / гушна). Таъкид гардидааст, ки бино ба таҳқиқи олими маъруфи Эрон Муҳаммадризо Шафеии Кадканӣ аксари калимаҳои шевагии дар “Мантиқ-ут-тайр” зикр шуда, алҳол низ дар Кадкани Нишопур мавриди истифода ҳастанд.

Калидвожаҳо

Калидвожаҳо: забони тоҷикӣ, калимаҳои гӯишӣ, “Мантиқ-ут-тайр”-и Аттор, лаҳҷаи Кадкани Нишопур, Муҳаммадризо Шафеии Кадканӣ, гӯишшиносии таърихӣ, шеваҳои муосири тоҷикӣ

Пайнавишт

1.         Айнӣ С. Куллиёт. Ҷилди 2 (китоби якум). - Душанбе: Нашрдавтоҷ, 1963. -505 с.

2.         Анварӣ, Ҳасан. Фарҳанги бузурги сухан. Дар ҳашт муҷаллад. Ҷилди III. - Теҳрон: Сухан, 1381.-1532. - С.170.

3.         Аттори Нишопурӣ. Мантиқ-ут-тайр / Муқаддима, тасҳеҳ ва таълиқоти Муҳаммадризо Шафеии Кадканӣ.- Теҳрон, 1384.- 903 с.

4.         Афшор, Садрӣ Ғуломҳусайн ва диг. Фарҳангномаи форсӣ, дар се муҷаллад, ҷ.3.-Теҳрон: Баён: Фарҳанги муосир, 1388. - С. 1956-3012.

5.         Бурҳон, Муҳаммадҳусайн. Бурҳони қотеъ. Дар се муҷаллад.- Душанбе: Адиб, 2014.- 400 с.

6.         Зарбулмасал ва мақолҳои тоҷикӣ / Тартибдиҳандагон А.Писарчик, С.Тоҷиддинов, М.Ҳамидҷонов.- Сталинобод: Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1960.- 228 с.

7.         Мирзониё, Мансур, Фарҳангномаи киноя. - Теҳрон: Амири Кабир, 1383. – 1051 с.

8.         Персидско-русский словарь. В 2-х томах / Под ред.Ю.А.Рубинчика.- Москва: Советская энциклопедия, 1970.- Т. 1.- 782 с.; Т.2.- 848 с.

9.         Фозилов М. Фарҳанги ибораҳои рехтаи забони ҳозираи тоҷикӣ. Дар ду ҷилд, ҷ.2. – Душанбе: Ирфон, 1964. 802 с.- С.668.

10.     Фарҳанги забони тоҷикӣ. Ҷилди 1-2.-Москва: Советская энциклопедия, 1969.-951+949 с.

11.     Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ.- Душанбе, 2006.- 784 с.

12.     Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ. Дар ду ҷилд.- Душанбе: Шуыоиён, 2008, 2010.-1095 с.

13.     Ҳасанов А. Унсурҳои луғавӣ ва сарфию наҳвии осори садаҳои Х-ХIII дар гўишҳои шимолӣ (бахши Фарғонаи ғарбӣ).-Хуҷанд: Нури маърифат, 2003.- 253 с.

14.     Шамисо, Сирус. Фарҳанги талмеҳот. – Теҳрон, 1369. – 651с.-с.579-580.

\

Рӯйхати ихтисораҳо:

1.         ФЗТ – Фарҳанги забони тоҷикӣ

2.         ФФ ба Р – Фарҳанги форсӣ ба русӣ

3.         ФФ – Фарҳангномаи форсӣ

4.         ФТЗТ – Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

5.         ФТ ба Р – Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ

Таърихи нашр

Понедельник, 12 Сентябрь 2022