Дар маркази диққат масъалаи тавсифи илмии хусусиятҳои сохторию маъноии феълҳои тафаккур дар забоноҳои мавриди муқоиса қарор дорад, зеро дар низоми мураккаби афъоли забонҳои мазкур феълҳои дорои маънои умумии “амалӣ гардонидани раванди тафаккур” ва феълҳои ба онҳо мувофиқи ин синф ба маъноҳои мухталифи ядроӣ, аз қабили “тасаввур кардан”, “бовар кардан”, “тасмим гирифтан”, “дарк кардан”, “хато кардан” ва ғайра микромайдони махсуси семантикиро ташкил мекунанд. Ба назар гирифтани се аломати категориалию семантикии ташкилкунандаи сохтори феълҳои тафаккур барои ошкор сохтани ҳамкории мутақобилаи шаклу мундариҷа асос гардид, ки ба ин конструксияҳо имкон медиҳад чун воҳидҳои амал кунанд, ки шаклу маънои мухталиф доранд. Тавсифи моделҳои шаклҳои тафаккурӣ мулоҳизаро дар бораи гуногунҷузъии усулии сохторию миқдории феълҳои тафаккурии забонҳои тоҷикӣ ва русӣ тасдиқ мекунад.
Калидвожаҳо: феълҳои тафаккурӣ, тавсифи семантика, микромайдон, раванди тафаккур, маънои ядроӣ, гуногунҷузъӣ, хусусияти категориявӣ-семантикӣ
1. Гак В.Г. Языковые преобразования. - М.: Школа “Языки русской культуры”, 1998. – 768 с.
2. Кубрякова Е.С. Типы языковых значений: Семантика производного слова. – М., 1981. – 174 с.
3. Лопатин В. В. Рождение слова. – М., 1973. – 140 с.
4. Лекант П.А. Современный русский язык. Учебник для вузов. - М: Дрофа, 2007. - 557 с.
5. Маковский М.М. Лингвистическая комбинаторика. – М., 1988. –132 с.
6. Мещанинов И.И. Проблемы развития языка. - Л.: Наука, 1975. - 352 с.
7. Улуг-заде С. Утро нашей жизни. – М., 1984. – 107 с.
8. Улуғзода С. Субҳи ҷавонии мо. – Душанбе: Ирфон, 1982. – 118 с.