Вижагиҳои ғазалҳои истиқболӣ ва назираҳои Воқифи Лоҳурӣ ба ғазалиёти Назирии Нишопурӣ, яке аз намояндагони бузурги сабки ҳиндӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Бо такя бар чанд нусхаи хаттии девонҳои ҳар ду шоир матншиносии ғазалҳои мавриди назар сурат гирифтааст.Муқаррар шудааст, ки дар нусхаҳои хаттии девони Воқиф ба ду ғазали ӯ метавон дучор омад, ки дар онҳо абёти зиёде ба такрор дида мешаванд. Аммо аз рӯи байти мақтаи ҳар ду ғазал маълум мешавад, ки яке дар ҷавоби ғазали Назирӣ ва дигаре дар истиқболи ғазале аз Соиб суруда шудааст. Дар асоси ин нукта муаллиф ба хулоса расидааст, ки ба эҳтимоли зиёд Воқиф ё ду ғазали ҷудогона сурудааст ва ё ҳамон нусхаи ягонаро таҳриру такмил кардааст. Таъкид мегардад, ки ин мавзӯъ ҷусторҳои бештареро бар асоси дастрасӣ бар нусхаҳои дигари хаттии девони шоир тақозо мекунад. Ҳарчанд Воқиф бар ғазали Соиб низ тазмин бастааст, ҳам ғазали Соиб ва ҳам Воқиф дар истиқболи ғазале аз Назирӣ ба қалам омадаанд. Дар асоси ғазалҳои тазминӣ ва чанде аз назираҳои дигар ба ғазалҳои Назирӣ хулоса шудааст, ки Воқиф аз сабки сухани ин шоири тозагӯ таъсирпазир будааст.
Калидвожаҳо: Назирии Нишопурӣ, Соиби Табрезӣ, Воқифи Лоҳурӣ, сабки ҳиндӣ, тазмин, истиқбол, таъсирпазирӣ, нусхаҳои хаттӣ, матншиносӣ
1. Азимободӣ, Ҳусайнқулихон. Тазкираи «Ништари ишқ». Дар панҷ ҷилд. Ҷилди 5. – Душанбе: Дониш, 1988. – 1827 с. Тезкире “Скальпель любви”. В 5-ти т. Т.5
2. Асомуддинзода Шарофиддин. Поэтика газелей Вокифа Лохури: дисс... канд. филол. наук. – Душанбе, 2018.- 167 с.
3. Ғаффоров А. Назми форсизабони Ҳинду Покистон дар нимаи дуюми асри XIX ва асри XX. – Душанбе: Дониш, 1975. – 141 с.
4. Лоҳурӣ, Воқиф. Девон. Муаллифони сарсухан, таҳиягарони матн, луғоту тавзеҳот Раҷабалӣ Худоёрзода ва Шарофиддин Асомиддинзода.- Душанбе: Ашӯриён, 2015.- 680 с.
5. Лоҳурӣ, Воқиф. Девон. Нусхаи хаттии китобхонаи маҷлиси Шӯрои миллӣ таҳти шумораи 13837.
6. Лоҳурӣ, Воқиф. Девон. Ба эҳтимоми профессор Ғуломраббонии Азиз.- Лоҳур, интишороти академияи адабии Панҷоб, 1962.- 922 с.
7. Маҳмудзода Обидҷон Бекназар. /Истиқболи Соиби Табрезӣ аз Назирии Нишопурӣ. Паёми Донишгоҳи омӯзгорӣ (Донишгоҳи донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ) (маҷаллаи илмӣ). Бахши филологӣ. №4 (87)-2020.Саҳ.218-223.
8. Нишопурӣ, Назирӣ. Нусхаи хаттии маҳфуз дар Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шумораи 823.
9. Нишопурӣ, Назирӣ. Куллиёт. Чопи сангӣ. Лакҳнав, матбааи Нувалкишур. 1954. – 413 с.
10. Нишопурӣ, Назирӣ. Девон. Тасҳеҳ ва таълиқоти Муҳаммадризо Тоҳирӣ.- Теҳрон: Нигоҳ, 1389.- 672с.
11. Худоёрзода Р. Таҳқиқ ва нақди осори адабӣ. – Душанбе: Ирфон, 2016. – 559 саҳ.
12. Ҳабибов А. Аз таърихи равобити адабии Бадахшон бо Ҳиндустон. – Душанбе: Дониш, 1991. – 172 саҳ.
13. https://ganjoor.net/saeb/divan-saeb/ghazalkasa/sh444/