0.0/5 овоз (0 овозҳо)

АКАДЕМИК НУЪМОН НЕЪМАТОВ ВА КАШФИЁТИ РАМЗИ РИМ ДАР УСТРУШАНА

Муаллиф (он)

Шарипов П.Ш.

Чакидаи мақола

Яке аз кашфиётҳои нодири асосгузори илми бостоншиносии миллии тоҷик, дастпарвари мактаби маъруфи ховаршиносию бостоншиносии Ленинград (Санкт-Петербург) Н.Неъматов – «модагурги капитолӣ» – рамзи Рим дар Бунҷикат (Уструшана)  таҳлил шудааст. Зикр мегардад, ки ин бозёфт хеле нодиру ҳайратангез буда, назири он дар ҷои дигаре ёфт нашудааст. Оид ба таърихи пайдоиши ривоят дар хусуси ҳимояю парастиши фарзанди инсон аз ҷониби модагург, мавҷудияти ин ривоят дар қиссаю афсонаҳо, асотир, адабиёти хаттию шифоҳии мардумони Шарқу Ғарб маълумот оварда шудааст. Дар асоси таҳлили таълифот ва андешаҳои академик Н.Неъматов чунин хулоса шудааст, ки тасвири манзараи модагурги капитолӣ дар Бунҷикат маҳсули асотир, фалсафа, санъат ва эъҷодиёти мардуми маҳаллӣ –уструшаниёни қадим мебошад. Таъкид гардидааст, ки сюжети модагурги ба кӯдакон ширдиҳанда аз сарзамини Эрони қадим аввал дар байни этрускҳои Осиёи Сағир паҳн шуда, дертар баъди ҳиҷрати онҳо ба Италия (тибқи маълумоти Ҳеродод) дар ин сарзамин густариш ёфтааст.

Калидвожаҳо

академик Н. Неъматов,Бунҷикат ба Уструшана, кашфиёт, модагурги капитолӣ, рамзи Рим, асотир, фалсафа, санъат

Пайнавишт

1.    Зиё Абдулло. Меҳри «Модагурги капитолӣ»: Сӯҳбат бо академик Н.Неъматов // Ҷумҳурият. – 2004 – 25 сент.

2.    Зиё Абдулло. Меҳри «Модагурги капитолӣ»: Сӯҳбати адиби шинохта З.Абдулло бо академик Н.Неъматов // Тадқиқоти гуманитарии Осиёи Марказӣ. – 2008. – №7. – С. 43-47

3.    Марофиев С. Таърихчаи кашфиёти археологии тасвироти модагург дар Бунҷикат // Чашмаи Шаҳристон. – 2006 – 20-30 дек.

4.    Негматов Н. «Капитолийская волчица» на Шахристанских холмах // Коммунист Таджикистана. – 1967. – 7 окт.

5.    Негматов Н. Еще раз о римской волчице // Коммунист Таджикистана. – 1967. – 3 дек.

6.    Негматов Н. «Капитолийская волчица» в Таджикистане / Н. Негматов // Наука и жизнь. – 1968. – №1. – С. 33-34

7.     Негматов Н. Эмблема Рима в живописи Уструшаны / Н. Негматов // Изв. АН ТаджССР. Отд-ние обществ. наук. – 1968. – №2. – С. 21-32

8.    Негматов Н. Поэма в дереве (Резное панно из Бунджиката)  / Н. Негматов // Наука и жизнь. – 1970. – №4. – С. 54-55

9.    Неъматов Н. Сайри ривояти қадим // Комсомоли Тоҷикистон. – 1970. – 30 окт.

10.Неъматов Н. Бозёфтҳои қадима: модагурги капитолӣ дар деворнигораҳои Бунҷикат // Тоҷикистони Советӣ. – 1970. – 13 нояб.

11.Неъматов Н.Н. Асрори Истаравшан / Н. Негматов. – Душанбе: Ирфон, 1972. – 52 с.

12.Негматов Н. Эмблема Рима в живописи Уструшаны и древневосточная мифологическая традиция // Изв. АН ТаджССР. Отд-ние обществ. наук. – 1973. – №1. – С. 3-10.

13.Негматов Н. Странствия бунджикатской волчицы / Н. Негматов // Вокруг света. – 1973. – №10. – С. 54-56.

14.Негматов Н., Соколовский В.М. «Капитолийская волчица» в Таджикистане и легенды Евразии // Памятники культуры: Новые открытия: Письменность. Искусство. Археология: Ежегодник. 1974. – Москва: Наука, 1975. – С. 438-458.

15.Неъматов Н. Модагурги капитолӣ / Н. Негматов // Энсиклопедияи советии тоҷик. Ҷилди 4. – Душанбе: Сарред. илмии энсик. советии тоҷик, 1983. – С. 440-441.

16.Негматов Н. Н. Материалы к библиографии ученых Таджикистана. – Душанбе: Дониш, 2007. – 162 с.

17.Худжанд. Энциклопедия. - Душанбе: Глав. науч. ред. тадж. энциклопедии, 1999. – 928 с.

Таърихи нашр

Четверг, 17 Октябрь 2024