0.0/5 овоз (0 овозҳо)

ХУСУСИЯТҲОИ ЖАНРИВУ МАВЗУИИ МАСНАВИИ "КОРНОМА"-И ИБНИ ЯМИН

Муаллиф (он)

Тоҷибоев Ш.Ғ.

Чакидаи мақола

Вижагиҳои сохториву мавзӯии маснавии “Корнома”-и Ибни Ямини Фарюмадӣ баррасӣ шудааст. Қайд мешавад, ки Ибни Ямин  дар таърихи адабиёти форсу тоҷик  бештар ҳамчун устоди жанри қитъа шинохта мешавад, аммо  омӯзиши осори ӯ нишон медиҳад, ки ин шоир дар маснавӣ низ дасти тавоно доштааст. Хотирнишон мешавад, ки Ибни Ямин  дар эҷоди маснавӣ аз суннатҳои маъмули маснависароии форсу тоҷикро пайравӣ мекунад, аммо дар бархе аз маснавиҳои худ аз ин суннатҳо гурез ҷустааст.Ин суннатгурезӣ дар маснавии “Корнома”-и ӯ бештар  дида мешавад.Таъкид мешавад, ки “Корнома”-и шоир  ҳарчанд дар шеваи манзумаҳои корномаи адабиёти форсу тоҷик таълиф шудааст,  аммо аз он бо вазн, муҳтаво ва тарзи баёни хеш фарқ менамояд. Дар “Корнома” бар хилофи расму қоидаи маснависароии форсу тоҷик бахши муқаддима вуҷуд надорад. Дигар аз навовариҳои шоир дар ин маснавӣ овардани ғазали таркибӣ аст. ”Корнома”аз нигоҳи сабк равон ва холӣ аз такаллуфу фазлфурӯшӣ буда, ба сабки хуросонӣ бисёр наздик аст.

Калидвожаҳо

маснавӣ, Ибни Ямини Фарюмади, “Корнома”, адабиёти форсу тоҷик асри XIV,сохтор, мавзуъ, жанр

 

Пайнавишт

1.    Доронӣ, Алиакбар Аҳмад. Навъи адабии корнома/ Алиакбар Аҳмади Доронӣ//Нақди адабӣ. –1390. – Соли сеюм. – № 10. – С.7-30.

2.    Ибни Ямин, Маҳмуд ибни Яминуддин. Девони қитъаот ва рубоиёт.Бо тасҳеҳ ва муқаддимаи Саид Нафисӣ. – Теҳрон, 1318/1939. – 284 с.

3.    Имронов, С. Ибни Ямини Фарюмадӣ (Ҷараёни зиндагӣ ва мероси адабӣ) / С. Имронов. –Душанбе: Ирфон, 1966. – 172 с. 

4.    Казакова, У.С. Назаре ба рӯзгор ва осори Ибни Ямини Фарюмадӣ / У.С. Казакова, Б.Ҳ.Насриддиниён // Паёми Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон. – 2018. – № 3(24). –С.179-184. – EDN KCOOWM.

5.    Сафо, Забеҳулло.Таърихи адабиёт дар Эрон / Забеҳулло Сафо-Теҳрон, 1368. – 1462 с. – Ҷ.3/2.

6.    Фарюмадӣ, Ибни Ямин. Девони ашъор. Бо тасҳеҳ ва эҳтимоми Ҳусайналии Бостонирод / И.Я.Фарюмадӣ. – Теҳрон, Китобхонаи Саноӣ, 1344. – 734 с.

7.    Хекмат, А.Р. Рассказ о персидском поэте: жизнь и творчество Ибн Йамина /А.Р. Хекмат. – Москва: Наука, 1965. – 96  с.

8.    Шабистарӣ, Шайх Маҳмуд. Гулшани роз. Хуҷанд, 2001. – 116 с.

9.    https://fa.wikipedia.org/wiki /ابن_یمین/ - охирин бознигарӣ :12.11.22.

10. https://ganjoor.net/ebneyamin/divan/masnavi/- охирин бознигарӣ :15.12.22.

11. https://vazhaju.tj/word корнома/MTc0MTY=/ - охирин бознигарӣ :15.12.22.

12.https://ganjoor.net/saadi/mavaez/mofradat/sh60

13.https://ganjoor.net/salman/jamkhor/sh111

Таърихи нашр

Четверг, 17 Октябрь 2024