0.0/5 овоз (0 овозҳо)

МУЛОҲИЗАҲОИ ГУЛНАЗАР ДАР БОРАИ НАЗАРИЯИ ШЕЪР

Муаллиф (он)

Мирсаидов М.М.

Чакидаи мақола

Фаъолияти Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ ҳамчун мунаққиди адабӣ баррасӣ шудааст. Қайд шудааст, ки фаъолияти адабии шоир ҳамчун ноқиди сухан якчанд самтҳоро дар бар мегирад: тақризҳо ба китобу маҷмуаҳои шоирону нависандагон ва осори тарҷумашуда, мақолаву очеркҳо дар бораи чеҳраҳои адабӣ; мақолаҳо дар бораи ҷараёни адабии давр; дар бораи шеъру шоирӣ, назарияи каломи мавзун ва навгониҳои адабиёти ҳавзаи форсизабон дар охири қарни ХIХ, ХХ ва ибтидои асри ХХI; ишораҳову андешаҳои ноқидона дар ёддошту хотираҳо, пешгуфторҳо ба китобҳои шоирони ҷавон ва дар мусоҳибаҳо, китобу алоҳида дар бораи шахсияту эҷодиёти устодони сухан Қутбӣ Киром ва Лоиқ Шералӣ. Назари интиқоданаи Гулназар, ки дар китоби ӯ «Растохези сухан» гирд омадааст, мавриди таҳлили муфассал қарор гирифта, дар он ӯ назари хешро оид ба эҷодиёти Муъмин Қаноат, Аминҷон Шукӯҳӣ, Ғаффор Мирзо, Қутбӣ Киром, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Ҳабибулло Файзулло, Гулрухсор, инчунин шоирони эронӣ Нимо Юшиҷ, Нодири Нодирпур, Ҳушанги Соя, Ахавони Солис, Аҳмади Шомлу, Фуруғи Фаррухзод, Суҳроби Сипеҳрӣ ва дигарон баён намудааст. Хулоса шудааст, ки Гулназар дар осори ба нақди адабӣ бахшидушудааш ҳамчун донандаи соҳибназари макотибу равияҳои адабӣ муаррифӣ шуда, мероси ӯ дар таърихи нақди адабии 60 соли охири рушди адабиёти муосири тоҷик мақоми хосаеро соҳиб гардидааст.

Калидвожаҳо

таърихи нақди адабӣ, Гулназар, шеър, назарияи шеър, Лоиқ Шералӣ, Муъмин Қаноат, Қутбӣ Киром

Пайнавишт

1.    Асозода, Х. Таърихи адабиёти тоҷик [Матн] Давраи нав / Х.Асозода. ­– Душанбе: Маориф ва фарҳанг, 2014. –672 с.

2.    Гулназар. Лоиқе чун лоиқе [Матн] / Гулназар. – Душанбе: Сурушан, 2000. –82 с.

3.    Гулназар. Растохези сухан [Матн]: Мақолаҳо, хотираҳо, ёддоштҳо, тақризҳо, мусоҳибаҳо ва андешаҳо / Гулназар. – Хуҷанд: Нури маърифат, 2015. – 300 с.

4.    Наҷот, Д. Гулҷӯшаҳо [Матн] / Д.Наҷот. – Душанбе: Сифат-офсет. 2016. –560 с.

5.    Собир, Б. Замини модарӣ [Матн] / Б.Собир. – Хуҷанд: Ношир. 2018. –410 с.

Таърихи нашр

Четверг, 17 Октябрь 2024